Перейти к основному содержанию

«Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷомеаи имрӯза парчам ҳамчун рамзи давлатӣ қабул шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз субъектҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби ин рамзи муқаддаси миллӣ мебошад.

123123Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ниёгони тоҷик аз қадимулаём соҳиби давлату парчам буданд. Масалан, "Шоҳнома"-и безаволи А. Фирдавсӣ ривоят мекунад, ки аввалин парчами ниёгони тоҷиконаз ҷониби Коваи оҳангар аз пораи чарм омода гардида буд. Кова ҳунарманде буд, ки ки аз оҳан ашёҳои гуногун месохт ва ҳангоми бо оташ гудохтани хокаи оҳан ӯ пешдомани чарминро ба бар мекард. Коваи оҳангар барои озод намудани халқ аз зулму ситами Заҳҳок ба муқобилаш бархост ва аз пешдомани чармини худ парчам сохт. Парчами сохтаи Кова як пораи чарме буд, ки аз он на об ба зудӣ мегузашту на оташ. Ин рамзи шикастнопазириро ифода менамуд. Парчами Кова мардумро ба мубориза даъват намуда, дар зери он муттаҳид кард. Баъдтар ин пораи чарм ба худ номи «Дирафши Ковиён»-ро гирифт. Аз он давра «Дирафши Ковиён» ҳамчун нишонаи муборизаю шуҷоати миллати куҳанбунёди тоҷик шинохта шудааст.

Ҳаким Фирдавсӣ доир ба ихтирои дирафш ё ливои нахустини мардуми ҳунарманд, озодихоҳ ва муборизи зулму ситамро дар достони «Кова ва Заҳҳок»-и Шоҳнома чунин ба қалам додааст:

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки «Эй номдорони яздонпараст!

Касе к-ӯ ҳавои Фаридун кунад,

Сар аз банди Заҳҳок берун кунад.

Бо мурури замон бар ин пораи чармине, ки рамзи муборизаю озодихоҳӣва шикастнопазириро дар худ ифода мекард, аз ҷониби шоҳаншоҳони аҷдодони тоҷикон бо лаълу ёқут ва дигар сангҳои гаронарзиши ҳамонзамон оро дода шуда, ҳамчун ливои муттаҳидкунанда ва нишонае аз қудратмандӣ дар сохтори давлатдории онҳо ворид шуд.

Аз ин ҷо бармеояд, ки аҷдодони тоҷик аз ибтидои таърихи инсоният парчамдор ва парчамбардор буданд. Яъне ниёгони тоҷикон аз қадим то ба имрӯз муборизон ва озодихоҳони марзу буми хеш буданд.

Парчами Кова дар замони соҳибистиқлолии миллати тоҷик аз ҷониби Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида ҳамчун Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз муҳимтарин арзишҳои меросии ниёгонамон дар умури давлатдории имрӯза истифода бурда мешавад.

Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маконинигоҳдошти нусхаи асли Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи он пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ шахси хирадманду таърихогоҳ буда, дар бунёди давлати навини тоҷикон ба унсурҳои давлатдории ниёгони халқи тоҷик такя менамояд ва барои аз нав зинда намудану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани арзишҳои таърихию фарҳангӣ талош мекунад. Дар робита бо ин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Дар давраи Истиқлолият рамзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав қабул шуданд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва аз ҳамон давра дар кишвар ҳамчун ҷашн дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Аз рӯзи қабул шудани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мешавад.

Ҳамин тавр, ҷашн гирифтани рӯзи Парчами миллӣ насли имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, созандагӣ, арҷгузорӣ ба мероси гузаштаи таърихӣ, сулҳу ваҳдат ва озодӣ раҳнамоӣ менамояд.

Сафоева Бибиаслия - корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.