Мувофиқи моддаи ёздаҳуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”. Аз ин ҳуҷҷати муҳим давлатӣ бар меояд, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақил ва фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси эҳтиром ва равобити ҳасана сиёсати хориҷии хешро бо тамоми давлатҳои дуру наздик ба роҳ мондааст. Инчунин моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент салоҳияти “Самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад”.
Ҳамзамон мувофиқи матни Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 –уми январи соли 2015, таҳти №332, боби якум, банди 1.4 “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намуда сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ месозад:
- эътирофи баробарӣ, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо, дахлнопазирии марзҳо, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҷонибдорӣ аз ҳалли осоиштаи ихтилофу низоъҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар;
- эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон;
- иҷрои уҳдадориҳое, ки аз ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд;
- риояи принсипи волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ;
- орӣ будани муносибатҳои байнидавлатӣ аз идеология, барқарор намудан ва густариш додани робитаҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон;
- напазируфтани ҳама гуна шаклҳои поймол намудани ҳуқуқ дар амалияи байналмилалӣ”.
Мувофиқи боби 3, банди 3.1 – и ҳуҷҷати мазкур “Дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мақоми авлавиятнокро ишғол менамоянд. Тоҷикистон ҷонибдори минбаъд вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамгироии густурдаи минтақавиро василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад.
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ва Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои авлавиятдори сиёсати хориҷӣ маҳсуб меёбад. Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро шартан метавон ба ду марҳила ҷудо намуд. Аввалан, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон таърихи ягонаи рушд, ҳамзистӣ ва фаъолияти якҷояро дар давоми таърих ва давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор ва нигоҳ медоштанд. Баъдан, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба хусус Тоҷикистон истиқлолияти сиёсии хешро ба даст дароварданд. Ин давраи ҳамкориҳо нисбати давраҳои қаблӣ афзалиятнок буда, тавонист кишварҳои навтаъсисро ба арсаи байналмилалӣ шинос намояд. Иқтидори минтақаи кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба минтақаҳои дигар аз ҷиҳати захираҳои табиӣ, иқтидори зеҳниву қувваи корӣ ва ҷуғрофияи муносиб рӯз аз рӯз афзуда истода, ҳамзамон проблемаҳои нигоҳдошт ва густариши он заҳматҳои бештарро талаб намуда истодааст. Иродаи сиёсӣ ва таҳлилҳои стратегиву ояндабинии сиёсии сарони давлатҳои минтақа, минтақаи мазкурро бо ҷолишу хатарҳои воқеӣ ва эҳтимолии глобалӣ мутобиқ ва хунсо намуда, омада истодааст. Аз ҷумла, соли 2017 дар сиёсати байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйироти куллӣ ва сифатӣ ба вуқӯъ пайваст, ки аз иродаи сиёсии сарони давлатҳои мазкур вобастагии калон дошт. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму густариши робитаҳои ин ду кишвару дӯсту бародар беандоз буда, 16 –уми августи соли 2018 бо ордени “Эл-юрт ҳурмати” — барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хидматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон як қатор ташаббусҳои башардӯстона ва ҷаҳонии Пешвои миллат барои пешгирии ҳаргуна хатарҳои номатлуб ба амнияту суботи минтақа ва ҷаҳонро алоҳида зикр кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби давлатҳои Осиёи Марказӣ якдилона дастгирӣ ёфтааст. Аз ҷумла, Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии “Амал об барои рушди устувор”, Қатъномаи “2025- Соли ҳифзи пиряхҳо” мебошад. Ҳамчунин кишвари Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои минтақа барои ҳифзи баҳри Арал яке аз кишварҳои калидӣ буда, ҳамчун яке аз ташаббускори “Фонди байналмилалии наҷоти Арал” мебошад.
Нақш ва мавқеи Эмомалӣ Раҳмон нисбати дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо хусусиятҳои хосӣ хеш фарқ мекунад, аз ҷумла:
- Эмомалӣ Раҳмон нисбати дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва мавқегириҳои сиёсӣ фарқ мекунанд;
- Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарони ҳозираи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷриба ва фаъолияти сиёсии чандинсолаи сиёсӣ доранд;
- Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сиёсӣ ва сиёсатмадори барҷаста, аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон эътироф ёфтаанд.
Хизматҳо барои ҳифзи сулҳу субот, амният ва эҳтирому дӯстии кишварҳоро ба инобат гирифта, бо як қатор ордену мукофотҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ мукофотонида шудаанд. Аз ҷумла, бо ордени “Достиқ” дараҷаи аввал, ордени “Фаросат” (Қазоқистон), ордени Президенти Туркманистон “Бетараплик” (Туркманистон), ордени “Эл – юрт ҳурмати” (Ӯзбекистон) ва нишони фахрии ИДМ ва ғайраҳо сарфароз гардидаанд.
Мактаби сиёсии Пешвои миллат ягона мактаби сиёсии мустақилест, ки аз ҷониби кишварҳои дигари минтақа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамзамон паҳлӯҳои гуногуни сиёсатгузориҳои миллӣ ва дохилии Тоҷикистон диққати кишварҳои минтақаро ба худ ҷалб кардааст. Муҳаққиқони вақт “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” -ро саршор аз таҷлили ақлу хирад, руҳу иродаи мағлубнопазир ва ормонҳои поку муқаддаси миллат ва барги зарине дар ҳаёти сиёсии давлати тоҷик унвон кардаанд.
Тасмимгириҳои сиёсии Пешвои миллат дар ҳалли масоили амниятӣ ва иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон аз истиқлоли андеша, ояндабинии амиқу сареҳ ва дурбинии ин шахсияти таърихӣ гувоҳ медиҳад. Аз ҷумла, дар мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир радикализм, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ, устуворона гирифтани мавқеъ ва ба ҳалли ҳама гуна ҷолишҳо садо баланд кардани Пешвои миллат аз донишу хирад, маҳорати сиёсӣ ва ояндабинии сиёсӣ далолат медиҳад.
Дарки сиёсати ҷаҳонӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ, хатарҳои эҳтимолӣ, огоҳи аз ивазшавии маркази қудратҳо имконият медиҳанд, ки мустақилона сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайян ва барои даҳсолаҳои тарҳрезӣ намуданд. Ин хислатҳо ҳама дар симои Пешвои миллат мавҷуд буда, дар нақшагирӣ ва сафарбаркунии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ имконият додааст. Пайваста ва ҳадафмандона пайгири намудани сиёсати ҷаҳонӣ, яке аз хислатҳои Пешвои миллат буда, барои дар сатҳи зарурӣ ба манфиати миллат ва давлат пиёда намудани ҳадафҳо кӯмак мекунад. Андозагирии сиёсии Пешвои миллат нишонаи ақлу хирад, ояндабинӣ ва руҳу иродаи мағлубнопазир мебошад. Чунончӣ мефармоянд: “андоза нигоҳ дор, ки андоза накуст”, шиори Пешвои миллат мебошад, ки на ҳар лидери сиёсӣ чунин хислатро дорост.
Шарифов Искандар Иброҳимович - ходими илмии шуъбаи ИДМ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ