Перейти к основному содержанию

26 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои соҳавӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони васоити ахбори омма муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои ‹‹Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030›› баргузор гардид.

Аз ҷониби баромадкунандагон гуфта шуд, ки давлату Ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар рушди пайвастаи илму маориф таваҷҷуҳи рӯзмарра зоҳир намуда, тадбирҳои заруриро рӯи кор меоварад. Дар ин замина дар мамлакат як қатор қонунҳои миллӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушд ва ислоҳоти соҳаҳои илму маориф қабул шудаву мавриди амал қарор гирифтанд, ки барои беҳтар намудани фаъолияти кори олимону омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 264 қабул гардидани «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» идомаи мантиқии раванди ислоҳоти ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ буда, он бо мақсади такмил ва рушди низоми тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо миқдори зарурии мутахассисон, баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилотӣ мутобиқ намудани онҳо таҳия шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 баён доштанд: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Дар идома баромадкунандагон зикр доштанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.

Масъалаи маблағгузорӣ барои соҳаи илм аз масъалаҳои асосие мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд менамояд. Танҳо дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2023 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳоро агар соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ ташкил дода бошад, пас соли 2023 он қариб 54 баробар афзоиш дода шуда, аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда шуд.

Инчунин дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст. Ҳоло он, ки то замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар ҳамагӣ 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати татбиқи босамари Барнома ва нақшаи амалигардонии он Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигари дахлдор дар ин давра тадбирҳои зарурӣ андешида, пайваста баҳри бартараф кардани камбудиву норасоиҳои соҳа, ки зимни суханронии худ Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар санаи 30 майи соли ҷорӣ баён доштанд, кӯшиш ба харҷ додаанд.

Дар интиҳои муҳокимаи парламентӣ бо дарназардошти масъалаҳои баррасишуда ва мушкилоту нуқсонҳои ҷойдошта тавсия дода шуд, ки вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, баланд бардоштани сатҳи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои алоҳида, дар муҳлати муайяншуда ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ, ҷустуҷӯи механизми ҳавасмандгардонӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба илм, дарёфт ва тарбияи кадрҳои ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир, ташаккули тафаккури илмию – техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалби олимони ҷавон ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, истифодаи самараноки ҷойҳои ҷудошуда барои магистратура, доктарантураи фалсафа (PhD), доктарантура аз рӯйи ихтисос ва посдоктарантура фаъоляти ҳамгироии сохторҳо ба роҳ монда шуда, бо истифода аз имконитяҳои мавҷуда чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Дар муҳокимаи парламентӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозодапрезиденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷуразода Ҷамшед, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Файзалӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 дар назди ҳозирин баромад намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух доданд.