Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 29-ноябри соли 2024 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Маҷлиси мазкурро директори Институт, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, ҳусни оғоз бахшид. Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи солонаи Институт баррасӣ ва тасдиқ гардид. Инчунин дар раванди тасдиқи мавзуи илмии магистрантон ва роҳбарони онҳо сурат гирифт.

Ҳамчунин матн китобҳои “Пешвои миллат –муаррифгари манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ” ва “Нақши Конститутсия дар ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин китоби “Осиёшиносӣ” (ҷилдҳои 1-3) муҳокима ва ба чоп тавсия гардид. Дар ҷамъбасти ҷаласа риояи қатъии интизоми меҳнат ва иштирок дар шанбегиҳо баррасӣ гаштанд.