Перейти к основному содержанию

Санаи (06.12.2024) соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсӣ таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои Миллат” баргузор карда шуд.

Дар баргузории хониши сиёсӣ академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раисони ташкилотҳои ибтидоии назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Каримзода Нилуфар, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф ва аъзоёни ҲХДТ – и АМИТ иштирок намуданд.

Нахуст ба кори ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ Қурбонова Ширин – доктори илмҳои таърих ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро барои ташрифашон хайрамақдам гуфт.

Ҳамзамон ҳозиринро ба муносибати ҷашни пуршукуҳи 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборакбод намуда, аз китоби таълифнамудаи хеш бо номи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои Миллат” - аз таърихи таъсиси ҲХДТ ва талошҳову заҳматҳои шабонарӯзии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва ба дастовардҳои назаррас ноил шуданамон ибрози ақида намуд.

Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, корманди шоистаи Тоҷикистон – Мирзошоҳрух Асрорӣ оид ба дастовардҳои 30 – соли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба муваффақиятҳои беназир ноил шудан таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуданд.