Перейти к основному содержанию

ОЛИМОНИ ҶАВОН БОЯД ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР НАҚШИ МУАССИР ГУЗОРАНД.

Иқтисодиёт яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими ҳар як давлату ҷамъият буда, рушди давлат ба пуррагӣ аз иқтисодиёт вобастагӣ дорад. Пешбаранда ва тақвиятдиҳандаи кори ин соҳа олимону мутаххасисони худи соҳаи иқтисодиёт ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз аз соли 2011 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 33 барои рушди ин соҳа Институти иқтисодиёт ва демография дар тобеияти АМИТ таъсис дода шуд.

Имрӯз (16.02.2024) бо мақсади шиносоӣ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои ҳалталаби илмиву иқтисодӣ Президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот нахуст Президенти академия Хушвахтзода Қ.Х. аз корҳои илмии баанҷомрасидаи институт дар самти иқтисодиёт ва демография дар соли 2023 натиҷагирӣ намуда, баҳри тақвияти корҳо дар ин соҳа ва нақшаҳои амалишаванда дар соли 2024 ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд: муҳаё намудани шароити корӣ барои зиёд кардани шумораи номзадону докторани соҳаи иқтисодиёт, тақвият бахшидани корҳо дар самти омоданамоии магистрантону докторантон ва то бозори меҳнат омода намудани онҳо, таъсиси маҳфилҳои инфиродӣ барои омӯзиши донишу маҳорати олимони академия, ба нақшагирии барномаҳои дурнамо барои рушди иқтисоди кишвар, аз ҷумлаи маъалаҳои мубрами вохурии мазкур маҳсуб меёбанд.