Перейти к основному содержанию

Аз 20 то 23 январи соли 2025 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сафарлизода иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии чорабинии мазкур аз мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи равишҳои байналмилалӣ дар самти аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ, ки бо дастгирии АБНА фаъолият мекунанд, буд.

Иштирокчиён ҷанбаҳои муҳими амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ, муқовимат ба таҳдидҳои марбут ба маводҳои ядроӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафтаро барои таҳкими амнияти глобалӣ баррасӣ намуданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаҳо фаъолона иштирок намуд ва бо технологияҳои пешқадами байналмилалӣ, ки дар ҷанбаҳои гуногуни амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ истифода мешаванд, шинос гардид. Дар доираи чорабинӣ сессияҳои махсус оид ба истифодаи технологияҳои муосир, таъмини мониторинги боэътимод ва омодасозии кадрҳо дар ин соҳа баргузор гардид.

Илҳом Мирсаидзода қайд намуд, ки иштирок дар чорабинии АБНА қадами муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамчунин дар гирифтани донишҳо ва таҷрибаи нав барои баланд бардоштани иқтидори миллӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ мебошад.

Инчунин, Илҳом Мирсаидзода зикр намуд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо ба таҳкими муколама байни кишварҳо, балки ба рушди равишҳои амалии ҳалли мушкилоти глобалӣ, ки бо амният вобастаанд, мусоидат менамояд.

Дар чорабинии мазкур ҳайатҳо аз 50 давлати узви АБНА ҷамъ омаданд, ки имконияти нодирро барои мубодилаи таҷриба, таҳияи стратегияҳои муштарак ва муҳокимаи мушкилоти мавҷуда дар соҳаи амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ фароҳам оваранд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки донишҳо ва малакаҳо ба рушди минбаъдаи барномаҳои миллии ин соҳа мусоидат хоҳад кард.