Имрӯз (14.02.2024) дар толори АМИТ семинари илмӣ – амалии кафедраи фалсафа дар мавзуи “Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан” баргузор гардид. Дар семинар масъалаҳои мубрам ва муҳим оид ба Артиши миллӣ баррасӣ гардид, ки барои боз ҳам баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам менамояд. Мавзуҳои матраҳшуда дар ин семинар яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар оғози семинар сухан ба полковники милитсия Холназар Назаров аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Мавсуф қайд намуданд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Сурқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”. Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мордонагӣ омӯзем.
Зимни суханронӣ Абдуллоева Ф. магистранти Институти таърих, бостонштносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш оид ба таърихи таъсиси Артиши миллӣ суханронӣ намуда, чунин баён намуданд, ки рӯзи 23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 30 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.
Дар атрофи ин мавзуҳо дар хотима мудири кафедраи фалсафаи Раёсати АМИТ д.и.ф. Мирзоев Ғ.Ҷ., Сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва ва доктарантураи PhD Азизхонова Рухшона ва инчунин доктарантони PhD-и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Раҳимов Раҳимҷон ва магистрант Назаров Алиакбар суханронӣ намуда, фикру ақидаҳои худро баён намуданд.