Перейти к основному содержанию
Душанбе – яке аз калонтарин шаҳри Тоҷикистон ва пойтахти бошукӯҳи он буда, маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар аст. Майдонҳои таърихӣ ва осорхонаҳои қадимии он дар бораи ҳаёти тамаддунҳое, ки ҳазорсолаҳо пеш дар қаламрави шаҳр зиндагӣ мекарданд, нақл мекунанд. Дар соҳили Душанбе ҳанӯз дар асри сеюм ва шояд ҳатто дар асри чоруми пеш аз милод як шаҳри қадимӣ пайдо шуд, ки андозаи он дар замони Кушониён - дар марзи даврони мо ва баъдтар барои шаҳри замони худ муқаррарӣ буд ва бозёфтҳои зарфҳои антиқӣ дар дигар ноҳияҳои Душанбе ба он ишора мекунанд, ки дар паси деворҳои шаҳр шаҳракҳои деҳотӣ низ мавҷуд буданд.

Ҳудуди Душанбе ва музофоти атрофи он дар асрҳои миёна бо номи шаҳр ва вилояти Шумон ёд шудааст. Дар рисолаи «Ҳудуд-ул-олам» (982-983) ин макон чунин тасвир шудааст: «Шумон шаҳрест устувор ва гирди ӯро кӯҳҳо иҳота кардаанд, андар миёни он рӯди бузург аст ва аз вай заъфарон хезад».

Аввалин зикри хаттӣ дар бораи деҳаи Душанбе дар охири соли 1676 ба қайд гирифта шудааст. Он дар чорроҳаи роҳҳо пайдо шуда, рӯзҳои душанбе дар ин ҷо бозори калон мегузашт, ки аз ин рӯ чунин номгузорӣ шудааст. Дар деҳа зиёда аз500 хонавода ва тақрибан8000 нафар зиндагӣ мекарданд.

Тибқи иттилои муаррихон соли 1747 Душанбе дар ҳайати бекигарии Ҳисор ба Аморати Бухоро тобеъ мегардад. Дар давраҳои минбаъда бекигарии Ҳисор аксар вақт сиёсати мустақилонаи худро пеш бурда, ба марказ кам итоат мекард. Ҷангҳои феодалии ин давра барои марказонидани минтақаҳои саркаш боиси харобии шаҳру деҳот мегардид. Метавон гуфт, ки ин боис шуд то дар асри XIX Душанбе якчанд маротиба мавриди тохтутоз қарор гирад. Аз ҷумла дар солҳои 40-уми асри XIX шаҳр ду маротиба: аввал аз ҷониби беки Дарвоз –Исмоилхон, сипас аз ҷониби ҳокими Балҷувону Кулоб – Мизробшо вайрон карда мешавад.

Соли 1826 шаҳр Душанбе-Қурғон ном доштва нахустин харита бо нишондоди шаҳри Душанбе соли1875 тартиб дода шудааст. Он вақт шаҳр як қалъа дар соҳили канори кӯҳ буд, ки 10 000 нафар аҳолӣ дошт. Маҳаллаҳои шаҳр ҳам аз рӯи мансубияти касбии устодон ва ҳам аз рӯи ҷамоатҳои миллӣ тақсим карда шуданд. Марказҳои ҳаёти ҷамъиятӣ корвонсаройҳо буданд.

Имрӯз Душанбе пойтахти муосири ҷаҳон, шаҳри офтобӣ бо инфрасохтори рушдёфта мебошад, ки он аз рӯи шумораи кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳое, ки бо номи шоирону нависандагон номгузорӣ шудаанд, пешқадам аст, ки ин бори дигар хотираи амиқи таърихии тоҷиконро тасдиқ мекунад.

Душанбе оинаест, ки дар он таърихи ҳаёти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон инъикос меёбад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти Пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар эътирофи саҳми барҷастаи шаҳр дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ дар ҳаёти ҳаррӯза4 августи соли 2004 Бо қарори ЮНЕСКО ба Душанбе Ҷоизаи Якуми "Шаҳри Сулҳ"-и минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои2003-2004 дода шуд.

Бояд гуфт, ки рушди босуботи пойтахти азизамон аз заҳмату корнамоиҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ далолат мекунад. Соли 2021 пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуда буд, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардида буд, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуда буданд. Котиби Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, Сертификати махсуси “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супорида буданд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи пойтахт ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Он барои мардум аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ дошта, рамзи дастовардҳои бузург аст, ки дар сиву се соли охир беҳисобанд. Муҳимтарини онҳо сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки аз ҷониби нерӯҳои солими ҷомеа таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Давлатова Фарида, - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ