Перейти к основному содержанию

Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳақиқат, модар барои тамоми инсоният шахси азизу муътабар мебошад. Дар баробари он ки зан – модар азизтарин шахс барои фарзанд аст инчунин, сарвати бебаҳои ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад.

Модар ягона мавҷудотест, ки ба инсон ҳаёт бахшида, ӯро бо меҳру муҳаббати беандоза, дар оғӯши пурмеҳри худ парвариш менамояд. Бинобар ин, бузургони тамоми давру замонҳо модарро ба фаришта баробар мекунанд. Бузургони дигар модарро ҳатто баландтар аз фаришта медонанд:

Қисмат ба тоқи хонаи ҳастӣ навиштааст:

Модар фаришта нест, баланд аз фаришта аст.

Пешвои миллат бузургии зан – модарро ба инобат гирифта, занро ҳамчун эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон медонанд.

Ҳамаи ин сифатҳои занро ба назар гирифта, қайд кардан зарур аст, ки бидуни зан сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд, ҷомеаи тарақикарда ва истиқлолияти устувор ғайриимкон аст. Чи тавре ки гуфтаанд: «Атр аз гул, нуш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо ҳамдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».

Тавре ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бармеояд, ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Дар ҳақиқат, имрӯз нақшаи занони мамлакат дар фаъолияти соҳибкорӣ беандоза назаррас буда, ҳиссаи онҳо дар соҳибкорӣ дар баробари мардон афзоиш ёфта истодааст. Ҳамаи ин пешравии фаъолияти занону бонувони

мамлакат аз дастгирии беназири Пешвои миллат сарчашма гирифта, онҳоро ҳавасманд мегардонад, ки пайи амалӣ намудани орзуву ормонҳои худ бошанд.

Тамоми ташаббус ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат барои занон аз он иборат аст, ки занону бонувони тоҷик соҳибкасбу муттахассис ва дар ҷодаи фаъолияти иқтисодии худ мустақил бошанд.

Ҳамаи ин ғамхориро бешубҳа, барои дар оянда дар руҳияи ватандустиву меҳанпарастӣ ба воя расидани насли ояндасози миллат нақшгузор хоҳад буд.

Фозилова Д.М., Фозилова П .М. - ходимони калони илмии Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ