Перейти к основному содержанию

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаи нақши занон ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ барои кишварҳое, ки дорои арзишҳои анъанавӣ мебошанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, бисёр муҳим аст. Дар ҷаҳони муосир занон на танҳо асоси оила ҳастанд, балки дар равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ низ фаъолона ширкат меварзанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мегардад, ки аҳамияти бузурги модарону оиладориро дар фарҳанги миллии мо таъкид мекунад.

Бо вуҷуди ин, дар солҳои охир тамоюли мусбат дар рушди соҳибкории занон ба назар мерасад, ки ин нишонаи афзоиши фаъолнокии иҷтимоӣ ва мустақилияти иқтисодии занон мебошад. Барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкории хурду миёна заминаи мусоидро барои фаъолияти занон фароҳам меоранд, аммо масъалаҳое ба монанди дастрасӣ ба сарчашмаҳои молиявӣ ва барномаҳои омӯзишӣ ҳанӯз ниёз ба ҳалли фарогир доранд.

Яке аз омилҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии занон сатҳи таҳсилоти онҳост. Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ҷавондухтарони соҳиби маълумоти олӣ афзоиш ёфтааст. Аммо, мушкилоте ба мисли қатъи таҳсилоти духтарон бар асари издивоҷи барвақт, фишори иҷтимоӣ ва набудани ангезаи рушд ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд.

Сиёсати давлатии соҳаи маориф ба васеъ намудани имкониятҳои занон равона шудааст, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, тағйири тасаввуроти қолабӣ дар бораи нақши зан дар ҷомеа ва рушди барномаҳои касбии омӯзиширо дар бар гиранд.

Ҷашнгирии 8 март ҳамчун Рӯзи модар дар кишвари азизамон нақши модариро дар фарҳанги миллӣ таъкид мекунад. Аммо яке аз мушкилоти муҳим сатҳи солимии репродуктивии занон мебошад, махсусан дар минтақаҳои дурдаст.

Барои ҳалли ин масъалаҳо, чораҳои фарогири давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба солимии занон ва таъмини баробарии дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ заруранд.

Дар ҷомеаи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон занон на танҳо модар ва тарбиятгарони насли оянда мебошанд, балки нақши муҳимро дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ мебозанд.

Рӯзи 8 март – Рӯзи модар як рамзи эҳтиром ба занон ва арҷгузорӣ ба нақши онҳо дар ҷомеа мебошад. Аммо муҳим аст, ки ин арҷгузорӣ на танҳо ба як рӯз маҳдуд шавад, балки дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт татбиқ гардад.

Занон ояндаи миллатанд, ва рушди устувори ҷомеа танҳо бо иштироки фаъолонаи онҳо имконпазир хоҳад буд.

Модар, дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдориҳо мебошад, зеро ӯ сарчашмаи ҳаёт, равшангари бахту саодат, мунису ғамхор, меҳрубону боиззат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандусту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда мебошад. Бо меҳрубониҳояш ба зиндагӣ таровату ҳусни нотакрор мебахшад.

Дар охир ҳамаи модарону бонувони кишвари азизамонро ба Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, баҳрашон беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям.

Раҳимова Шукрона Абдуллоевна корманди шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ