Перейти к основному содержанию

«Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур ба мо омада расидааст»

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархуидаи Наврӯз азизу арчманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имруз бо расму ойин, арзишҳои эстетики, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Наврӯз ягона ҷашни миллии мост, ки тайи ҳазорсолаҳо бо ҳама истисмори душманон аз байн нарафта, маҳбубият ва ҳашомату азамати хешро нигоҳ дошта меояд. Ин ҷашни ниёгонамонро аҷнабиён ҳатто натавонистанд дар давоми ин ҳама гирудор ва кашмакашу қатлу ғорати ориёитаборон аз байн бибаранд. Наврӯзро мардуми ориёӣ тайи ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни баҳору рӯзи наву соли нав таҷлил мекарданд. Бо ҳама фишору таҳдидҳо аз таҷлили ин ҷашни зебо даст накашидаанд. Бо сахтгириҳо тоҷикон ба ҳар навъе онро аз нобудӣ нигаҳ дошта, дигарбора эҳё намуданд.

Имрӯз бо ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз дар кишвари мо шукӯҳу шаҳомати нав пайдо кард ва дар ниҳоят ба иди миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Вобаста ба ин, метавон гуфт, ки эҳё гардидани ҷашнҳои мардумӣ ба монанди Меҳргон ва Сада аз баракати Наврӯз аст, зеро Наврӯз яке аз ҷашнҳои хеле қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, дар баробари дигар кишварҳои ориётабор, ки имрӯз иди Наврӯзро ҷашн мегиранд, тоҷикон низ бо тамоми шукӯҳу шаҳомат омад - омади ин ҷашни аҷдодиро интизор мешаванд. Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад, Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад. Дар фарҷоми сухан мехоҳам аз таҳти дил ҳамаи ҳамдиёрон ва тоҷикони тамоми дунёро бо иди миллӣ ҷашни байналмиллаии Наврӯз табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу субот ва хурамиро таманно менамоям. Ҳар рӯзатон Наврӯз бод, Наврӯзатон фирӯз бод!

Комрон Бобоев – Мудири шуъбаи амнияти химиявӣ, доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ