Перейти к основному содержанию

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва муҳимтарин дар фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Осиёи Ҷанубӣ ва Қафқоз ба шумор меравад. Ин ҷашн таърихи ҳазорсолаҳо дошта, рамзи эҳё, сарсабзӣ ва ҳамгироии мардумон мебошад. Наврӯз на танҳо як ҷашни миллӣ, балки як унсури муҳими фарҳангии миллатҳои гуногун мебошад.

Наврӯз ҳамчун як ҷашни муштарак ба таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ миёни кишварҳои шомил ба ҳавзаи фарҳангии он, чӣ дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ дар шароити муосир мусоидат кардааст ва ҳамеша омили муттаҳидкунандаи миллатҳои гуногуни ҷаҳон будааст.

Наврӯз барои кишварҳое, ки онро таҷлил мекунанд, як василаи муаррифии фарҳанги миллии худ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Баргузории чорабиниҳои байналмилалии Наврӯз барои шиносоии ҷаҳон бо арзишҳои фарҳангии ин кишварҳои ҳавзаи фарҳангии он шароити мусоид фароҳам месозад. Наврӯз ҳамчун ҷашни ваҳдат ва эҳёи табиат ба коҳиши ихтилофҳо ва густариши сулҳ дар ҷаҳон мусоидат менамояд. Баргузории ҳамоишҳои муштараки наврӯзӣ миёни кишварҳо метавонад барои наздик кардани кишварҳои мубтало ба мушкилоти сиёсӣ ва низоъҳои минтақавӣ кумак расонад. Наврӯз на танҳо ҷашни миллии як миллат ё як минтақа, балки як падидаи муҳими фарҳангии байналмилалӣ мебошад. Ҳавзаи фарҳангии Наврӯз аз нигоҳи рушду таҳкими равобити дипломатӣ, сулҳ ва ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳим дорад. Наврӯз неруи муттаҳидкунандаи халқу миллатҳо, тамаддунҳо буда, тавре дар боло ишора кардем, на ҳамчун ҷашни суннатии як ва ё якчанд халқу миллатҳо ба шумор меравад, балки имрӯз мақоми байналмилалӣ дошта, дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Ҷашн гирифтани он дар сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо ба ҳифзи арзишҳои фарҳанги қадимӣ, балки ба тақвияту густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ низ кумак мерасонад.

Тавре маълум аст, 30 сентябри соли 2009 Созмони UNESCO Наврӯзро ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ба Феҳристи мероси ҷаҳонии худ шомил кард. Баъдан, 23 феврали соли 2010, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ин иқдом мақоми байналмилалии Наврӯзро ба расмият даровард ва онро ҳамчун як ҷашни фарҳангии ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Ҳавзаи фарҳангии Наврӯз яке аз муҳитҳои асосии ҳамгироии тамаддунҳо ва таҳкими равобити дипломатӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳавзаи фарҳангии Наврӯз ҳамчун як падидаи фарҳангии муштарак таърихи чандинҳазорсола дорад, аммо дар сатҳи байналмилалӣ он расман дар соли 2010 эътироф гардид. Ҳавзаи наврӯзӣ ба он кишварҳо ва минтақаҳое ишора мекунад, ки ҷашни Наврӯзро ҳамчун як суннати аҷдодӣ ва ҷашни расмии миллӣ таҷлил мекунанд. Ин кишварҳо дорои таъриху фарҳанги муштараканд ва Наврӯзро ҳамчун як ҷашни эҳёву таҷдиди табиат, густраиши некукорӣ, ҳамбастагӣ ва сулҳ таҷлил менамоянд. Ба ҳавзаи фарҳангии Наврӯз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон (махсусан минтақаи Кашмир), Чин (дар минтақаи уйғурнишин) ва Ироқ (дар минтақаи курдҳо) шомиланд. Ҳавзаи фарҳангии Наврӯз як падидаи фарҳангии бузургест, ки садҳо миллион одамонро дар саросари ҷаҳон муттаҳид мекунад. Он ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангии инсоният, василаи ҳамкории созанда ва рамзи сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ шинохта мешавад. Бисёре аз давлатҳои шомил ба ҳавзаи фарҳангии Наврӯз ин ҷашнро ҳамчун як абзори таҳкими ҳувияти миллӣ, пешбурди дипломатия ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кор мегиранд. Наврӯз имрӯз на танҳо як ҷашни суннатӣ, балки як василаи муҳим дар сиёсатгузории дохилӣ ва хориҷии кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз мебошад. Давлатҳо Наврӯзро барои баланд бардоштани обрӯю эътибори худ дар арсаи ҷаҳонӣ истифода мебаранд, ки ин нақши онро дар сиёсат боз ҳам афзунтар мегардонад. Дипломатияи фарҳангӣ ба василаи муаррифии ҳувияти миллӣ ва таҳкими равобити байналмилалӣ тавассути анъанаҳо, расму оин ва ҷашнҳо, дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши бориз дошта, дар ин раванд, Наврӯз ҳамчун як ҷузъи муҳими мероси умумибашарӣ ва ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар таҳкими дипломатияи фарҳангии ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад. Ин ҷашн ба таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муаррифии тамаддуни наврӯзӣ мусоидат мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон - ватани аслии таърихии таҷлили Наврӯз - дар ташаккул, ҳифз ва густариши ин ҷашни бостонӣ нақши муассир дорад. Ин ҷашн барои тоҷикон на танҳо як иди миллӣ, балки як қисми ҳувияти фарҳангӣ ва василаи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои ҳавзаи наврӯзӣ ва ҷаҳон мебошад. Дар овони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзро ҳамчун як ҷашни миллию давлатӣ ба расмият даровард ва онро бо шукӯҳу шаҳомати таърихияш эҳё ва ҳар сол таҷлил мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили ин ҷашнро аз соли 1993 дар асоси Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 1993, № 121 "Дар бораи чораҳои оид ба 21-22 марти соли 1993 гузаронидани "Иди Наврӯз" амалӣ менамояд. Барои тоҷикон ва тоҷикистониён, Наврӯз рамзи эҳёи табиат, ғалабаи рӯшноӣ бар зулмат, некӣ бар бадӣ, покдилӣ, дӯстӣ, сулҳ ва ҳамбастагии мардум ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое аст, ки дар шомил кардани Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии UNESCO (соли 2009) ва эътирофи он ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ аз ҷониби СММ (соли 2010) саҳми муассир бардоштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳавзаи Наврӯз – Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Туркия – робитаҳои зичи фарҳангӣ дорад ва дар чорабиниҳои наврӯзии байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзро ҳамчун як неруи рушди таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва рамзи дӯстӣ ва сулҳ миёни халқҳо тарғиб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи фарҳангии Наврӯз нақши умда дошта, ҳамчун кишвари дорои таърихи бойю қадима дар таҷлили ин ҷашн, ба хотири рушди мероси фарҳангии Наврӯз, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ саҳми бузург дорад.

Шарифов Искандар - ходими илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мусақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ