Перейти к основному содержанию

Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣбо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт шоҳ Ҷамшед буд. Наврӯз ҷашни қадимист, ки дар рӯзи баробаршавии баҳорӣ, одатан 20 ё 21 март ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн оғози соли навро аз рӯи тақвими офтобӣифода мекунад ва рамзи таҷдиди табиат ва инчунин инсоният мебошад. Наврӯз решаҳои амиқи таърихӣдорад ва зиёда аз 3000 сол боз вуҷуд дорад ва ҷашни он бисёр кишварҳоро дар бар мегирад, Аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон ва ғайра.

Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки иди Наврӯзбарои таҷлили офариниши ҷаҳон ва эҳёи табиат пас аз зимистон таъсис дода шудааст. Бо мурури замон маънои Наврӯз васеъ шуда, рамзи ваҳдат ва ҳамбастагии халқҳо, ҳамбастагии оилаҳо ва ҷомеаҳо гардид. Ҷашни Наврӯз бисёр анъанаҳо ва расму оинҳоро дар бар мегирад, яке аз анъанаҳои барҷастаи он омода кардани мизи ҳафтсин- ҳафтшин-ҳафт мим мебошад, ки ҳар кадоми онҳо маънои рамзии марбут ба ҳаёт ва табиатро доранд. Масалан ба мизи ҳафтсин ин унсурҳо дохил мешаванд: санҷид, себ, сабза, суманак, сир, сирко ва сипанд.

Қайд бояд кард, ки тозакунӣ ва ороиши хонаҳо пеш аз ид, ин рамзи тоза кардани ташвишҳои кӯҳна ва кушода будан ба оғози нав мебошад. Ҳамчунин хӯрокҳои гуногуни миллӣ дар ин ҷашн омода карда мешаванд ва оилаҳо барои хӯроки умумӣ ҷамъ меоянд, ки рамзи ваҳдат ва робитаи байни наслҳо мебошад. Дар рӯзҳои ид, дидани дӯстон ва оила маъмул аст, ки ба таҳкими робитаҳо ва анъанаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Дар ҷашни наврӯзӣ одамон дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла консертҳо, рақсҳо ва намоишҳои театрӣ иштирок мекунанд, ки фазои шодӣ ва фароғатро ба вуҷуд меоранд.

Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон, яъне Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонанд. Ҷашни Наврӯз арзишҳои чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстии миёни қавму миллатҳои гуногунро афзоиш медиҳад.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати Истиқлол шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Имрӯз Наврӯз ҳамчун ҷашни фарҳанги ҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад. Он аз ҷониби UNESCO ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии инсоният эътироф шудааст, ки аҳамияти онро барои халқҳо ва фарҳангҳои гуногун таъкид мекунад. Ҷашни Наврӯз рамзи ҳамбастагӣ ва сулҳ гардид, ки умед ба ояндаи беҳтар ва ҳамоҳангии байни халқҳоро инъикос мекунад.

Хулоса Наврӯз на танҳо як ҷашн аст, балки вақти умед, навсозӣва эҳё аст. Он рамзи ягонагии одамон, робитаи онҳо бо табиат ва анъанаҳои фарҳангӣмебошад. Дар ҳар як кишвар ҷашни Наврӯз пур аз расму оинҳо ва рамзҳои беназир аст, аммо моҳияти он бетағйир боқӣмемонад,яъне ҷашни ҳаёт ва умед ба оянда.

Махмедов Муҳаммадҷон, - ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ