Перейти к основному содержанию

(бахшида ба ҷашни бостонии Тиргон)

“Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ мо кӯшиш кардем, ки дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодии худро эҳё намоем, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият дари худшиносиро ба рўйи мо кушод, эҳтироми ҳамаи суннату ойинҳои муқаддаси аҷдодӣ, пос доштани қадру қимати давлати миллӣ ва ваҳдати миллиро ба ҳар фарди бедордил омӯзонд. Қобили зикри хос аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳаммияти басо муҳим касб кардааст. Маҳз истиқлоли давлатӣ барои эҳёву барқарор намудани ҷашнҳои миллии ниёгонамон заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ҳамин замина метавон зикр намуд, ки Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад. “Мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамчунин, аз вазъи ноорому печидаи ҷаҳон, хусусан, дар масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, мунтазам боло рафтани нархи маҳсулот ва мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон хуб огоҳанд. Дар чунин шароит мо бояд, пеш аз ҳама, шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва обу хоки ин Ватани муқаддасро ба ҷо оварем, сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона заҳмат кашем, фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллиамонро, ки барои мо арзишҳои зиндагисозу ҳувиятсоз мебошанд, ҳифз кунем”. (Э.Раҳмон.Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Тиргон. 30.06.2024, шаҳри Душанбе).

Мавриди зикр аст, ки Тиргон яке аз ҷашнҳои эронӣ буда, дар тиррӯз аз тирмоҳ баробар бо 13-уми Тир дар гоҳшумории эронӣ баргузор мешавад. Ин ҷашн дар гиромидошти Тиштар (ситораи бороновар дар фарҳанги Эронӣ) аст, ки дар рӯзи Тир (рӯзи сездаҳум) аз моҳи Тир ҷашн гирифта мешавад. Дар таърих санади Тиргон «рӯзи камон кашидани Ораш камонгар» эътироф шудааст.

Инчунин дар бовариҳои мардумӣ дар бораи ҷашни Тиргон чунин ривоятҳо мавҷуданд:

Ривояти якум. Дар бори фариштаи борон ё Тиштар ва набарди ҳамешагӣ миёни некӣ ва бадӣ аст. Тиштар бо деви хушксолӣ Апуш бо шакли «асаб» сиёҳӣ аст ва бо гӯшу думи сиёҳи худ зоҳири тарснок дорад, рӯбарӯ шуда, муддати се рӯз дар набард мешавад. Дар ин ҷанг шикаст хӯрда ба назди Худои бузург рафта кумак металабад, пас аз кумак рафта дар набард пирӯз мегардад.

Ривояти дуюм. Дар бори Ораш камонгар устура ва қаҳрамони эрониён аст. Миёни эрониён ва Турон солҳо ҷангу ситеза буд. Дар набарди миёни Афросиёб ва Манучеҳр шоҳи Эрон шикасти сахт мехӯрад. Ин шикаст дар рӯзи нахусти Тир рӯй медиҳад ва саранҷом онҳо созиш мекунанд. Аз сабаби он, ки ин ду кишвар сарҳади миёни худро мушаххас созанд, ба хулосае меоянд, ки аз Мозандарон ба сӯи Хуросон тире партоянд. Дар ҳамин баҳс буданд, ки Сапедормаз (эзидбонуи замин) падид шуда, фармон медиҳад, ки тиру камон оваред. Ораш тир андохт ва ба сӯи Хуросон тир кашид. Тири кашидаи Ӯ аз бомдод то нимарӯз дар осмон мерафт ва канори руди Ҷайҳун бар зери дарахти бузургтарин фуруд омад. Аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзҳои Эрону Турон муқаррар шуд.

Ҷашни Тиргон дар гиромидошти Тиштар (ситораи бороновар дар фарҳанги Эрон) аст. Ҷашни Тиргон ҳамасола дар кӯҳи Домван, Омл ва тавассути зардуштиёни Эрон дар шаҳрҳои Теҳрон, Карҷ, Язд ва рустоҳои атрофи он, Майбанд, Кирмон, Шероз, Исфаҳон ва ҳатто берун аз Эрон дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Канада аз ҷониби мардуми форсизабон гузаронида мешавад.

22 октябри соли 2019 дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд: “донишмандон моҳияти фалсафию иҷтимоии ин ҷашнҳоро таҳқиқ карда, дар асоси ҷаҳонбиниву андешаҳои муосир ҷавҳари асливу инсондӯстонаи ин ойинҳоро боз ҳам равшантар месозанд. Чунки имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳаммияти басо муҳим касб кардааст”. Қобили зикр аст, ки Тиргон дар радифи дигар ҷашнҳои бостонӣ ва бузурги миллии тоҷикон дар ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои он ба шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Чунки дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад. Дигар ин, ки Тиргон дар рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки он рамзи сулҳу ваҳдати пойдор, осмони софу беғубор, файзу баракати дастархони баргзар мебошад.

Ҷашни Тиргон бо супоришу роҳнамоҳои сарвари кишвар дубора эҳё шуд ва аз соли 2023 ин ҷониб таҷлил карда мешавад. Тобистони соли 2023 нахустин бор дар Тоҷикистон ҷашни эҳёшуда баргузор гардид, ба ифтихори он ҷашни зардолу ва намоишгоҳи меваҳои хушк баргузор шуд.

Бояд тазаккур дод, ки 22-уми июни соли 2025 дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардид. Ин ҷашн бо мақсади иҷрои банди 20-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.

Истиқлоли давлатӣ ба мо имкон дод, ки ҷашну оийнҳои аҷдодии ниёгонамонро аз диду нигоҳи ҷадид, мутобиқ ба замони муосир эҳё намуда, аз нозукиҳои он бархӯрдор гардем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

“Ҷашни Тиргон ҳамчун рамзи борону сарсабзӣ, меҳрварзӣ ва гиромидошти ростиву ҳақиқат дар боварҳои деринаи ниёгони мо реша дорад ва баёнгари пайванди амиқи инсон бо табиат ва муҳити зист мебошад. Ин ойини бостонӣ ифодакунандаи арзишҳои ҷовидонаи инсонӣ - умед ба фардои нек, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагиву ҳамкории фарҳангу ойинҳои гуногуни башарӣ ба ҳисоб меравад”. (Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон. 22.06.2025, шаҳри Душанбе).

Мусаллам аст, ки дар расму оийн ва урфу одатҳои ниёгони дурамон ҳикматҳои бузург нуҳуфтаанд. Дар ҳамин замина ёдовар шудан ба мақсад мувофиқ аст, ки эҳёву баргузор намудани ҷашнҳои миллӣ барои мардуми тамаддунофари тоҷик баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент