Яке аз дастовардҳои бузурге, ки дар ҳаёти халқи тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд, ин ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик якпорчагии хоки Ватан, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва гулгулшукуфии миллату Ватанро таъмин намуд.
Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.
Бо шарофати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар кишварамон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маросимҳо ва ҷашнҳои ҷамъиятӣ, ки гуногунии қавмӣ ва ваҳдати кишварро таъкид мекунанд, зинда мегардад.
Бо кӯшишу заҳмати пайгиронаи Сарвари давлатамон, Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохилию хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушду пешрафти минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохилию хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.
Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик дар баробари истиқлолият неъмати бебеаҳо ва муқаддас аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан, ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.
Ҳар як тоҷики ватанпарвар, бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар дарк намуд, ки халқи тоҷик дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш буда, сазовори хиради азалӣ ва эҳтирому эътироф аст.
Асосан ҷавонон насли хушбахтарини ҷаҳон мебошанд, ки дар фазои сулҳу субот ва истиқлол ба камол мерасанд, бояд масъулияти ҳифз ва тақвияти ваҳдати миллиро ҳамчун амри виҷдон ва қарзи шаҳрвандӣ дарк намоянд.
Аз баракати ин санаи муҳими таърихӣ ободкориву созандагӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ роҳандозӣ гардида, имрӯзҳо шаҳру ноҳияҳо симои худро куллан тағйир дода, ободиву созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ин гӯшаи зебоманзараи ватанамон авҷи тоза дорад.
Аз нишондиҳандаҳои омории солҳои охир метавон натиҷа гирифт, ки Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, роҳсозиву коммуникатсия ва соҳаву бахшҳои дигар бо маром тараққӣ карда истодаанд.
Санаи 19 – уми июни соли 2025 дар заминаи Институти биологии Помир ба номи академик Х.Ю.Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муосири биохимия ва биотехнология мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ин озмоишгоҳ дар доираи сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони Институти биологии Помир дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ чун туҳфа ифтитоҳ гардид.
Озмоишгоҳи нав аз таҷҳизоти навтарину муосир иборат буда, ба муҳаққиқон ва унвонҷӯёну магистрон имкон медиҳад, ки таҷрибаю таҳқиқоти илмӣ бо истифода аз таҷҳизоти иноватсионии озмоишгоҳи мазкур мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи байналмиллалӣ иҷро намоянд. Инчунин хонандагон ва донишҷуён метавонад аз ин озмоишгоҳ барои сайқал додани дониши хеш баҳра гиранд.
Дар шароити имрӯза мо метавонем, ки ҳар як дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, илму фарҳанг, техника ва иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд бахшем. Бояд ба Ватан, ки баҳрамон тинҷиву осудагиро фароҳам овардааст, ҳаргиз мушкилиро эҷод накунанд ва ҳамеша шукри истиқлоли Ватани маҳбубамонро пайгирӣ намоем.
Фарорасии ин ҷашни миллиамонро ба мардуми шарафманду саодатманди тоҷик муборакбод гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик сиҳатию саломатӣ, хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон суботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.
Хуҷаназарова Гулбахт Султонназаровна - номзади илмҳои биологӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти биологии Помир ба номи Х. Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон