Перейти к основному содержанию
Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик ба шумор меравад. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 34 сол ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.

212Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо, инчунин эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ аз ҷумлаи ин дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва мазҳаби ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат боиси баланд шудани сатҳи маърифати аҳолӣ гардида, дар пешгирии гароиши мардум ба мазҳабҳои бегона мусоидат намуд.

Ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудани майдони боғу токзори кишвар, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 2,5 маротиба зиёд мебошад, дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст, ќариб то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ба зиёда аз 10 ҳазор адад расонида шудани теъдоди иншооти варзишӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тахминан се маротиба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ комёбиҳои назаррасӣ кишвари мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Агар маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2003 ҳамагӣ 45 сомонӣ буд, пас он дар соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш ёфт. Аз моҳи июли соли 2024 бошад, дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40%-и дигар зиёд карда шуд, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф дарак медиҳад.

Эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳро таъмин хоҳад намуд ва ин боис мегардад то алайҳи ҳама гуна буҳронҳои ҷаҳони муосир рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошем. Чуноне ки Фирдавсии бузург мефармояд: «Тавоно бувад ҳар ки доно бувад».

Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи

АМИТ Иброҳимзода Беҳруз Иброҳим