Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсиест, ки асоси давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёди тоҷиконро ташкил медиҳад. Қабули он 6 ноябри соли 1994 дар шароити ниҳоят ҳассоси таърихӣ сурат гирифта, оғози марҳалаи нави давлатсозӣ ва ваҳдати миллӣ гардид. Ин рӯз ҳамчун рамзи устувории давлатдории миллӣ ва ифодаи иродаи озоди мардум ба таърих ворид шуд. Конститутсия ба ҳайси Қонуни асосии кишвар, роҳнамо ва меъёри волои танзими ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҷомеа хизмат мекунад.
Дар таҳия ва қабули Конститутсия нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Дар оғози солҳои навадум, вақте ки кишвар аз буҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ранҷ мебурд, маҳз бо ташаббус ва роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат раванди сулҳу субот оғоз ёфт. Ӯ бо иродаи қавӣ ва андешаи давлатӣ тавонист миллати парокандаро муттаҳид созад ва ба роҳи рушди конститутсионӣ раҳнамоӣ намояд. Маҳз бо сиёсати дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи кориро барои таҳияи Конститутсия таъсис дод, ки бо иштироки олимон, ҳуқуқшиносон ва намояндагони мардумӣ лоиҳаи онро таҳия намуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ, анъанаҳои миллӣ ва таҷрибаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ таҳия гардида, аз муқаддима, 10 боб ва 100 модда иборат аст. Дар он самтҳои асосии фаъолияти давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохтори ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин рамзҳои давлатӣ муқаррар шудаанд. Муқаддимаи Конститутсия ҳамчун санади рамзӣ ва идеологӣ ормонҳои халқ, арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва мақсади олии ҷомеаро инъикос мекунад.
Тибқи моддаи якуми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин таъриф, ки моҳияти давлати муосири тоҷиконро муайян мекунад, самти рушди минбаъдаи сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро нишон медиҳад. Ҳокимият дар Тоҷикистон ба халқ тааллуқ дорад ва он онро мустақиман ё тавассути вакилони интихобкардааш амалӣ менамояд. Принсипҳои асосии Конститутсия – соҳибихтиёрии халқ, волоияти қонун, баробарии шаҳрвандон, ҷудоии ҳокимиятҳо ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Пас аз қабули Конститутсия, Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид гардид. Бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунгузории кишвар такмил ёфт, асосҳои давлатдории ҳуқуқбунёд гузошта шуд ва дар ҷомеа фазои сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо такя ба меъёрҳои Конститутсия сиёсати ҳуқуқиву иҷтимоиро ба таври муназзам ба роҳ монд, ки дар натиҷа пояҳои сохтори сиёсӣ устувор гардиданд.
Бо гузашти солҳо, бо дарназардошти тағйирёбии муҳити сиёсӣ ва иҷтимоии ҷаҳонӣ, ба Конститутсия се маротиба ислоҳот ворид карда шуд солҳои 1999, 2003 ва 2016. Дар соли 1999, тибқи тағйирот, низоми парлумонии дупалата таъсис ёфт, ки ба таҳкими фаъолияти қонунгузорӣ мусоидат намуд. Тағйироти соли 2003 ҳуқуқҳои шаҳрвандонро васеъ намуда, принсипҳои демократиро тақвият бахшид. Тағйироти соли 2016 бошад, дорои аҳамияти таърихӣ буда, мақоми Пешвои миллатро ҳамчун рамзи ваҳдат ва кафили истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама давру марҳалаҳо татбиқи Конститутсияро ҳамчун шарти муҳими пойдории давлат дониста, дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки “Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки оинаи ҳастии давлат ва миллат аст, ки роҳи рушди устуворро нишон медиҳад.” Маҳз дар заминаи татбиқи меъёрҳои Конститутсия Тоҷикистон тавонист пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба як давлати муосир, дорои низоми устувори сиёсӣ ва сатҳи баланди амният табдил ёбад.
Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф мекунад. Моддаҳои 14 то 48 ҳуқуқи шаҳрвандонро ба озодӣ, таҳсил, меҳнат, моликият, ҳимояи судӣ ва иштироки сиёсӣ кафолат медиҳанд. Пешвои миллат пайваста барои таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳтироми Конститутсия дар тамоми сатҳҳо иқдом менамоянд. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат, ҳар сол 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин рамзи эҳтиром ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва истиқлолияти давлат мебошад.
Дар айни замон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо қонуни асосии кишвар, балки санади стратегиест, ки рушди ҷомеа ва давлатро барои солҳои дароз муайян мекунад. Он таҷассуми ормонҳои миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад, ки Тоҷикистонро ба роҳи сулҳ, ваҳдат ва пешрафт раҳнамоӣ кард. Бо роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи пайгиронаи меъёрҳои Конститутсия, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва устувор шинохта шудааст.
Конститутсия барои таъмини волоияти қонун, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон заминаи боэътимод фароҳам овардааст. Ин санад мардумро ба ваҳдат, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва риояи қонун даъват менамояд. Риоя ва иҷрои дақиқи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат аст, зеро Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки рамзи сарнавишти давлат ва миллат мебошад.
Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи саъю кӯшишҳои пайвастаи фарзандони фарзонаи миллат аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо заҳмату хирадмандӣ ва иродаи устувори Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор гардида, арзишҳои конститутсионӣ дар ҳаёти ҷомеа ба таври воқеӣ татбиқ мешаванд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун санади муқаддас, рамзи истиқлолият ва кафили давлатдории миллӣ боқӣ хоҳад монд.
Муалифон: Ҳамроев У.Х. н.и.ф.-м. муовини директор оид ба илм
ва таълими ИА АМИТ, Аюбов Д.К. ходими илмии ИА АМИТ.

