Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин на танҳо санади ҳуқуқии олӣ, балки китоби сарнавишти миллат, рамзи ваҳдат, озодӣ ва поягузори давлатдории миллии мо маҳсуб меёбад. Қабули Конститутсия санаи 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини кишвари мо ҳамчун рӯйдоди бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ин санади муқаддас ба халқи мо пас аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳ, субот ва рушди устуворро нишон дод.
Қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заҳматҳои беандоза, хиради бузург ва роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Дар он айём кишвар ба вартаи нобудӣ ва парокандагӣ рӯ ба рӯ буд, аммо маҳз шахсияти ҷасур, ватанпараст ва огоҳ аз дарди мардум муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо иродаи қавӣ ва сиёсати сулҳҷӯёна, миллатро аз парокандагӣ наҷот диҳанд ва пояҳои давлатдории миллиро дар заминаи Конститутсия бунёд намоянд.
Пешвои муаззами миллат бо дарки амиқи сиёсӣ хуб медонистанд, ки бунёди давлати муосир ва рушди ҷомеаи навбунёд танҳо дар асоси қонунҳои устувор, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ имконпазир аст. Аз ҳамин ҷиҳат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми талоши худро барои таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуданд, ки он имрӯз ҳамчун санади тақдирсоз ва заминаи устувори сиёсати давлатӣ эътироф шудааст.
Дар Конститутсия бори аввал дар таърихи навини тоҷикон принсипҳои асосии давлатдорӣ, аз ҷумла давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ, муайян гардиданд. Он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, барои ҳифз ва кафолати онҳо тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро фароҳам овард. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, меъёрҳои Конститутсия ба ҳаёти воқеии мардум татбиқ гардида, ҷомеа ба роҳи устувори рушд қадам гузошт.
Бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолият, Конститутсия на танҳо ҳамчун як санади ҳуқуқӣ, балки ҳамчун рамзи ваҳдат ва худшиносии миллӣ маъруф гашт. Дар давоми солҳои истиқлолият ба Конститутсия тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд, ки ҳамаи онҳо ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисод, густариши ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани нақши инсон дар ҷомеа равона гардидаанд.
Имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба яке аз давлатҳои сулҳпарвар, устувор ва босуботи минтақа табдил ёфтааст. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки «Конститутсия ин санади муқаддасест, ки ҳаёти ҳар як шаҳрвандро роҳнамоӣ мекунад ва кафолати ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ мебошад».
Маҳз бо татбиқи принсипҳои Конститутсия, дар кишвар барномаҳои бузурги стратегии миллӣ — мисли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти нақлиётӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар амалӣ гардида истодаанд. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат ва такя ба асосҳои Конститутсия мебошад.
Имрӯз, вақте ки мо Рӯзи Конститутсияро таҷлил мекунем, ин ҷашн на танҳо рӯзи як санади ҳуқуқӣ, балки рӯзи арҷгузорӣ ба ваҳдат, сулҳ ва давлатдории миллӣ аст. Конститутсия дар зери роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун чароғи роҳнамо барои наслҳои имрӯзу фардо хизмат мекунад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба он бо эҳтиром назар андозад, онро омӯзад, риоя намояд ва арзишҳои он — сулҳ, адолат, озодӣ ва ваҳдатро дар амал татбиқ созад.
Дар ҳақиқат, Конститутсия барои миллати тоҷик рамзи ифтихор, худшиносӣ ва пояи бақои давлат аст. Он моро водор месозад, ки бо пайравӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намоем, то ин ватани биҳиштосо зери парчами ягонагӣ ва адолат ҳамеша шукуфон бимонад.
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич- магистранти курси 2 - юми ихтисоси идоракунии давлатии
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
           
          
          
        
    

