Перейти к основному содержанию

Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссия оид ба ҳамкории илмию техникӣ аз 31.08.2017, инчунин мувофиқи Протоколи Ҷаласаи чоруми Комиссия Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории илмию техникӣ аз 21.07.2025, озмун оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак эълон карда шудааст.

Дар озмуни лоињањои муштарак оид ба самтҳои афзалиятноки илм ва технология метавонанд танҳо муассисањои илмї, тањсилоти олӣ, касбӣ, марказҳо ва пажуҳишгоҳҳои илмии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Халќии Хитой, ки ҷавобгӯи талаботҳо ва дорои имконият, шароити татбиқ ва зарфияти марбута мебошанд, иштирок намоянд.

Озмун барои амалї намудани лоињањои муштарак дар самтњои афзалиятноки илм ва технология дар се марњила гузаронида мешавад.

Марҳилаи 1

Лоињањои дархостї дар марњилаи аввал бояд тибќи талаботи зерин пешнињод карда шаванд:

  1. Шарҳи мухтасари лоиҳа (муњиммият, маќсаду вазифањои лоиња ва натиљањои интизорї).
  2. Маълумотнома оид ба роҳбар ва иҷрокунандагони лоиҳа (CV  мухтасар бо забони англисӣ).
  3. Њуљљати тасдиқкунандаи шарики лоиња аз љониби  муассисаи илмии Љумњурии Халќии Хитой ҷиҳати ҳамкорӣ дар доираи лоиҳа (пешнињоди қарордод, ёддошти тафоњум, шартнома ё созишнома).
  4. Замима намудани маводҳои вобаста ба лоиҳа

Марҳилаи 2.

  1. Интихоби лоиҳаҳо аз ҷониби комиссияи илмии ҷонибҳо ва табодул ва баррасии муштараки лоиҳаҳои интихобшуда
  2. Баҳогузории ҳар як лоиҳа.
  3. Интихоби 30 лоиҳае, ки аз комиссияи илмии ду ҷониб мувофиқа карда мешавад.

Марҳилаи 3.

  1. Эълони лоиҳаҳои ғолиб
  2. Маблағгузории лоиҳаҳо татбиқи амалии онҳо

 Њангоми тањияи лоиња неруи зењнї, инфрасохтори муассисаи илмї,   вақти кормандон барои иљрои лоиња ва ҷалби воситаҳои заруриро барои татбиќи лоиња дарљ намудан зарур аст.

Роњбари лоиња бояд дорои дараљаи доктори илм бошад ва дар самти лоиња собиќаи корї дошта бошад.

Вазорати илм ва технологияи Љумњурии Њалќии Хитой барои амалї намудани лоињањои муштараке, ки дастгирї меёбанд ба муассисањои  илмие, ки аз љониби Љумњурии Њалќии Хитой иштирок мекунанд дар њаљми  на камтар аз 2-3 млн юан маблағгузориро пешбинї намудааст. Муассисањои илмие, ки аз љониби Љумњурии Тољикистон дар лоињањои муштарак иштирок мекунанд бояд сарчашмањои иловагии маблаѓгузориро  дарёфт намоянд ё барои амалї намудани лоиња тарафи сеюмро љалб намоянд.

Лоиҳа бояд ҳадафҳои асосии илмӣ ва амалии худро равшан муайян намояд, аз ҷумла масъалаҳои ҳалталаб, ниёзҳои соҳа ва натиҷаҳои интизоршавандаро, ки ба рушди илм, иқтисод ва ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар он зарур аст, ки натиҷаҳо дар кадом бахшҳо татбиқ мешаванд ва чӣ гуна ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва нуфузи Тоҷикистон таъсир мерасонанд, нишон дода шавад. Ҳамкории байналмилалӣ бояд мушаххас тавсиф гардад — нақши ҳар як ҷониб, саҳм, усул ва нақшаи иҷрои корҳо. Натиҷаҳои интизоршаванда бояд ченшаванда, воқеӣ ва мутобиқ ба нишондиҳандаҳои баҳодиҳӣ бошанд, инчунин муайян карда шавад, ки кадом қисмро ҷониби Тоҷикистон ва кадомашро шарикони хориҷӣ иҷро мекунанд. Дар лоиҳа усулҳо ва равишҳои илмӣ, моделҳо ва технологияҳои истифодашаванда мухтасар тавсиф шаванд. Тартиби идоракунӣ, нақшаи иҷро ва ҳамоҳангсозии корҳо бояд равшан бошад, то сифати кор ва риояи муҳлатҳо таъмин гардад. Ҳиссаи навоварӣ ва аҳамияти илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии натиҷаҳо нишон дода шавад. Ҳангоми таҳияи лоиҳа бояд масъалаҳои марбут ба ҳифзи маълумот, моликияти зеҳнӣ ва риояи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ахлоқи илмӣ пурра ба инобат гирифта шаванд.

Муњлати татбиќи лоиња 2 солро (2026-2027) фаро мегирад. Муҳлати охирини қабули лоиҳаҳо 20 декабри соли 2025

Лоињањои дархостї ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам электронӣ адр Раёсати робитаҳои байналмилалии АМИТ (шахси масъул: Мирвайсов М.С., рақами телефон: +992934322277, email: mirvaise@gmail.com) ќабул карда мешаванд.   

Лоињањое, ки ба талаботи озмун љавобгўй нестанд (номукаммал, нусхабардорӣ аз шарикони хитоӣ, аз доираи самтҳои афзалиятнок берун ва ғ) баррасї карда намешаванд.