Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳиму арзишманди тақвими давлатӣ мебошад, ки ҳар сол дар мамлакат бо эҳсоси ифтихор, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои давлати соҳибистиқлол таҷлил мегардад.
Ин рӯз ифодаи равшани эҳтиром аз роҳбарияти олии кишвар, аз шахсият ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар давраҳои муҳими таърихӣ роҳи пешрафт, субот ва рушду нумӯи давлатро муайян намудаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки солҳои навадуми садаи гузашта яке аз давраҳои душвортарини барои миллати тоҷик буд. Ҳодисаҳои фоҷиабор, ҷанги шаҳрвандӣ, парокандагӣ ва гум шудани умеди мардум ба оянда кишварро ба буҳронҳои амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кашида буд.
Миллат ба шахсияте ниёз дошт, ки тавонад аз миёни оташи ҳодисаҳо роҳеро барои сулҳу субот ва давлатдории воқеӣ боз кунад.
Рӯзи Президент на танҳо ҷашни як шахсият, балки ҷашни устувор шудани давлатдории миллӣ, эҳёи худогоҳии тоҷикон, ваҳдату иттиҳод ва марҳалаи нави рушд аст.
Ин рӯз рамзи арҷгузории мардум ба шахсе мебошад, ки масъулияти гарони сарнавишти миллатро ба зимма гирифт ва ба хотири суботи давлат, оромии ҷомеа ва эҳёи давлатдории тоҷикон тамоми қувваро равона сохт.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дорои сиёсати хориҷии мутавозин, иқтисоди босуръат рушдёбанда ва ҷомеаи мутамаддин шинохта шудааст. Ниҳоди давлатдорӣ мустаҳкам, сохторҳои меҳварӣ фаъол, сиёсати иҷтимоӣ ба ниёзҳои мардум мутамарказ гардида ва иқтисоди миллӣ ба марҳалаҳои нави саноатикунонӣ ворид шудааст. Ба ҳамаи ин нишондиҳандаҳои муҳим заминаи сиёсӣ ва идории устувор ниёз дошт, ки маҳз бо роҳбарии Президенти кишвар ва бо дастгирии мардуми заҳматдӯст амалӣ гардид.
Истиқлолият дар афкори ҷомеа на танҳо дастоварди сиёсист, балки арзиши маънавист. Барои ҳифз кардани он сиёсати устувори давлатӣ, коркарди стратегияи дуруст ва иродаи мустаҳками роҳбарӣ зарур аст. Таҳкими пояҳои давлатдорӣ аз қабили Конститутсия, қонунгузорӣ, эҷоди сохторҳои муосири идорӣ, артиш, дипломатия, низоми маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва иқтисоди миллӣ намунаи ифодагари сиёсати дурандешона ва пайгирии роҳбари давлат мебошад.
Имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ифтихор мекунад, ки кишвараш дар харитаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва устувор шинохта шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба як марҳалаи пур аз хатар ворид шуд, тавонист бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат роҳи сулҳ, ваҳдат ва якдилиро пеш гирад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун “мактаби сулҳофаринӣ” дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт. Ин ҳама бо шарофати сиёсати фавқулода хирадмандона ва иродаи қавии роҳбарияти кишвар ба даст омад.
Ҳадафи асосии давлат зиндагии шоиставу осудаи шаҳрвандон аст. Имрӯз дар Тоҷикистон садҳо иншооти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инфрасохторӣ бунёд мегардад, роҳҳо ва нақбҳои азими стратегӣ кишварро ба ҳам мепайванданд, барномаҳои миллии рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар самтҳо амалӣ мешаванд. Ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ки ба ояндаи иқтисодии Тоҷикистон нигаронида шудааст, ифодагари диди стратегӣ ва таҳаввулоти ҷиддии давлатӣ мебошад.
Таҷлили Рӯзи Президент барои ҳар як шаҳрванди кишвар рӯзест, ки бо эҳтиром аз хизматҳои шоёни роҳбарияти давлат, бо назар ба таърих ва дарк кардани дастовардҳои Истиқлолият ба қадри сулҳу субот мерасем. Ин рӯз моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба давлат ва масъулиятшиносӣ даъват мекунад.
Рӯзи Президент на танҳо рамзи эҳтиром ба роҳбарияти давлат, балки таҷассумгари масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан мебошад. Миллате, ки роҳбари хирадманду вафодор дорад, ба ояндаи дурахшон ва пешрафти устувор умед мебандад. Дар навбати худ, ҳар як шаҳрванди ин Тоҷикистони соҳибистиқлол низ бояд ба арзишҳои миллӣ, давлатдории конститутсионӣ ва ҳифзи амнияти ҷомеа содиқ монад.
Имрӯз, вақте ба роҳи тайкардаи давлат назар меафканем, бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистон дар масири дуруст қарор дорад. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисод, рушду нумӯи фарҳангу илму маориф ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум натиҷаи сиёсати давлат ва заҳмати шабонарӯзии тамоми ҷомеа аст.
Ҷашни Рӯзи Президент ин ҳама дастовардҳоро ба ҳам мепайвандад ва ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ дар худ таҷассум мекунонад. Дар ин рӯзе, ки мардуми кишвар бо эҳсоси ифтихор ба гузашта менигарад ва бо боварӣ ба оянда қадам мегузорад, масъулияти ҳар як фарди ҷомеа бештар мегардад. Ояндаи давлат аз дониш, меҳнат, ваҳдат ва садоқати ҳар як шаҳрванди он вобаста аст.
Бигзор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ рушд кунад ва ҳар як рӯзи кишвар баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, пешрафти иқтисодӣ ва боз ҳам ободу шукуфон гардидани Ватан халқи моро ба ваҳдати бештари миллӣ ҳидоят намояд.
ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

