17 майи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташабуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Институти оила дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва нақши он дар рушди сармояи инсонӣ” бо иштироки олимону кормандон ва магистрантону докторантони PhD баргузор гардид.
Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки оила натанҳо асоси давлат, инчунин дар рушди шахсият, ҳифзи анъана ва фарҳанги миллӣ, ки аслан асос ва бунёди осоиши ҳамаи таносуби ботинии институтҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Анъанаҳои миллӣ асоси натанҳо пойдорӣ ва инкишофи иҷтимоиёти давлат балки шарти рушди иқтисодиёти он низ мебошад.
Дар идомаи конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобаста АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш ба иштирокдорони конфронсро барор хоста, зикр доштанд, ки ташаккули сармояи инсонӣ ҳамчун маҷмуи донишҳо, малакаву маҳорати шахс, барои қонеъгардонии талаботи мухталифи фарди алоҳида ё ҷомеа дар умум истифода мегарданд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама дар оила ташаккул меёбанд.
Таъкид шуд, ки оила барои миллати мо муҳимтарин ниҳод ва фурӯғи иҷтимоиест, ки мавҷудияти насли инсонӣ таълиму, тарбияи насли наврас, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, таҳкими тамоми дастовардҳои моддиву маънавии ҷомеаро аз як насл ба насли дигар таъмин менамояд. Махсусан оилаҳои Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешгирии хатарҳо ба ҷомеа, ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллӣ нақши бузург доранд.
Умуман, дар кишвари мо оила ягона ниҳоди иҷтимоӣ мебошад, ки инсон аз таввалуд то охири умраш дар он зиндагӣ мекунад ва ҳар яки мо ба оила ҳамбастагии зиёд дошта, ҳамаи муваффақияту нобарориҳои мо аз фазои зиндагии оилаамон вобастагии калон дорад.