Перейти к основному содержанию

Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгири кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон чун анъана мунтазири Паёми умедбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” буда, мехоҳанд назар ба андешаҳои Сарвари худро доир ба раванди рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол шунаванд. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва раҳнамо барои рушди ҷомеаи муосири мо нақши калиди дорад.

Паёми имсолаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад, ки дар маркази сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, таъмини сулҳу пойдор, мақому манзалати зан-модар ва инчунин тинҷию оромӣ ва суботу амнияти ҷомеа, ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ қарор доранд.

Аз ҷумла, имрӯз дастгирии занон ва ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти фаъол ва идоракунии ҷомеа дар сатҳи давлатӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сарвари давлат бо қадршиносӣ аз хизматҳои зан – модари тоҷик чунин иброз медоранд: «Мо – мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд».
Пешвои миллат дар Паём бо эътимод ва неруи бузург занону бонувони мамлакат намуда, иброз доштанд, ки “Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад”.

Бале бояд иқрор шуд, ки мақому манзалати занону модарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир, рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан хеле боло рафтааст. Аз ин хотир, пос доштани иззату эҳтироми зан- модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус мебошад.

Пешвои муаззами миллат инчунин таъкид намуданд, ки: “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.

Дар Паём ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва худшиносии занон ва бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Таъқид мегардад, ки ҷомеаи пешрафта бе иштироки фаъолони занон ва модарон тасаввурнопазир аст. Аз ин рӯ, дастгирии ташаббусҳои занон, ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ, касбоммӯзӣ, роҳбарӣ ва хизмати давлатӣ ҳамчун омили рушди устувор арзёбӣ мешавад.

Тавре мебинем, дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани онҳоро бори дигар таъкид намуданд. Имрӯзҳо дар сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, дар вазифаҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат карда истодаанд. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, маориф, хизматрасонии ахборотию ҳисоббарорӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат бо боварии комил иброз доштанд, ки “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”. Ин рисолати бузург модаронро водор месозад, ки дар баробари тарбияву ба камолоти маънавӣ расонидани фарзандони худ боз дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум будан тарбия намоянд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат дар суханронии хеш таъкид намуданд, ки: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.

Ҳамин тавр, мо занону бонувонро зарур аст, ки суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар таҳкими мақому манзалати зан -модар дар ҷомеа ва нақши басо муассир дар ҷомеаи имрӯза боз ҳам баланд бардорем. Зеро ҳамеша дар суханрониҳои Пешвои миллат масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои занон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, фаъолияти меҳнатӣ ва иштироки фаъолонаи занон ва бонувон дар ҳаёти ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтааст. Татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ба таҳкими оила, рушди ҷомеаи солим ва тарбияи насли оянда мусоидат намуда, ҷойгоҳи зан-модарро ҳамчун пояи асосии ҷомеа боз ҳам устувортар мегардонад.

Исматзода Шоиста - ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва

мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон