Перейти к основному содержанию

Санаи 12 феврали соли 2026 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши илм дар рушди маънавии занон» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи иқдомҳои созанда ва ҳадафмандонаи Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, инчунин бо такя ба сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ ва рушди фаъолияти занону духтарон дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф роҳандозӣ гардид.

Ҳадафи асосии конференсия таҳкими мақоми зан дар ҷомеаи муосир, баррасии саҳми занон дар пешрафти илм, баланд бардоштани сатҳи маънавию зеҳнии онҳо ва мусоидат ба таъмини баробарии гендерӣ дар фазои илмии кишвар маҳсуб меёфт.

Дар конфронс ноибони президенти АМИТ Саломиён М. ва Ибодзода С. зимни суханрониҳо нақши боризи занонро дар рушди илми миллӣ, тарбияи насли ҷавони муҳаққиқон ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа таъкид намуданд. Қайд гардид, ки имрӯз дар партави сиёсати давлатӣ барои фаъолияти пурсамари занони донишманд тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуда, шумораи занони олим, муҳаққиқ ва роҳбар дар муассисаҳои илмӣ сол ба сол афзоиш меёбад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба хатмкардагони курси омӯзишии «Зан — Сарвар» шаҳодатномаҳо супорида шуд, ки ин иқдом ҳамчун заминаи муҳими омодасозии занони роҳбар ва тақвияти малакаҳои идоракунӣ арзёбӣ шуд.