“Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”
Эмомалӣ Раҳмон
18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд.
Дар таърихи инсоният, нақши артиши миллӣ на танҳо дар ҳифзи ҳудудҳои давлатӣ, балки дар нигоҳ доштани оромӣ ва суботи дохилӣ низ аҳамияти беназир дорад. Барои миллати тоҷик, артиши миллӣ на танҳо василае барои ҳифзи истиқлолияти миллӣ, балки худ рамзи мардонагӣ, ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан аст.
Имрӯз дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тақрибан 1219 нафар зан ба ҳайси хизматчиёни ҳарбӣ, давлатӣ ва техникӣ фаъолият мекунанд, ки нисбат ба соли 2019 ин нишондиҳанда 5,4 фисад афзудааст.
-Занону модарони тоҷик ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили истиқлол обрӯ ва нуфузи мамлакатро ҳифз намуда, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ дар таҳкими Артиши миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштанд.
Занони тоҷик давомдиҳандагони роҳи пуршарафу боифтихори занони гузаштаи миллатамон буда, анъанаҳои ҳарбию ватандӯстии халқамонро сарбаландона идома медиҳанд ва бешак, онҳо ифтихори мо ҳастанд. Ин аст, ки занону бонувони ҷузъу томҳои низомии мамлакат дар қатори мардон дар якчанд Паради ҳарбӣ фаъолона иштирок намуда, ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон додаанд,
Саодат Амиршоева, аввалин генералзани тоҷик
Дар як мусоҳиба бо “Азия-Плюс”, Амиршоева соли 2022 гуфта буд, “дар асл, ман аввалин зани тоҷик будам, ки либоси генералӣ ба бар кардам. Мутаассифона, ман онро танҳо дар рӯзҳои ид ва мавридҳои махсус мепӯшидам. Акнун бо худ фикр мекунам, ки агар боз ҷавон мешудам, онро ҳар рӯз бо ифтихор мепӯшидам”.
Ногуфта намонад, ки бонуи дигари генерал-майори милитсияи даврони истиқлолият Барно Саидвализода мебошад. Ин хонуми сиёсатмадори тоҷик, ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Дар Тоҷикистон аввалин зане, ки рутбаи генералӣ гирифт, Саидвализода Барно, сардори Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вай таҳти роҳбарии академики профессори кафедраи фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, профессор, доктори илмҳои ҳуқуқ ва Ходими шоистаи илм В.И. Селиверстов барои гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ рисола навиштааст. Вай онро моҳи марти соли 2012 дар назди Шӯрои диссертатсионии факултети иқтисод ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва (ҳоло Институти ҳуқуқ ва адлияи байналмилалӣ) бомуваффақият ҳимоя кардааст. Ҳамчунин қайд кардан бамаврид аст, ки дар он замон дар кишвар афроди дигаре низ буданд, ки таҷрибаи сиёсӣ доштанд, аммо онҳо аз ба дӯш гирифтани масъулияти давлат ва миллат метарсиданд, зеро ба қобилияти худ дар ислоҳи вазъият итминон надоштанд.
«Имрӯз, пас аз ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мо назари дигар дорад, медонад, ки мардуми мо сулҳдӯстанд ва дар соҳаҳои гуногун бо мо ҳамкорӣ мекунад. Дар тӯли 35 соли истиқлолият корҳои назаррасе барои тақвияти волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният, сохтани иншоот ва роҳҳои гуногун, рушди иқтисодиёт, фарҳанг ва маориф, таъсиси корхонаҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, коҳиш додани бекорӣ ва дигар соҳаҳо анҷом дода шудаанд. Барои адолат бояд қайд кард, ки 10 соли аввали истиқлолияти мо пурталотум буд, дар ҳоле ки ҳама дастовардҳои беназир дар соҳаҳои гуногун дар 21 соли охир ба даст оварда шудаанд. Ин нишон медиҳад, ки талошҳо танҳо дар замони сулҳ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд. «Бе муболиға, дар ин муддати кӯтоҳи 35 соли истиқлолияти давлатӣ мо як корнамоии бузургеро анҷом додем ва ин аз сиёсати хирадмандона ва содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Ногуфта намонад, ки сардори Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори полис, номзади илмҳои ҳуқуқ, Барно Саидвализода имрӯз дар ҷомеаи кору фаъолият карда ба занон кумак мерасонад.
Агар ба таърихи фаъолияти ин бонуи фаъол назар афканем чунин саршори хизматҳои шоиста мебошад.
Нақш ва ҷойгоҳи занон дар пойдории Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргузор гардид, ки дар он занону бонувони Дастгоҳи марказии ин ниҳоди қудратӣ ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ширкат намуданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста ба фаъолияти занону бонувон баҳои баланд дода, таъкид менамоянд, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии зан-модар ҳамчун нерӯйи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорад. Имрӯз занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истода, дар баробари ин, боз мудофиъони Ватанро тавлид намудаву ба воя мерасонанд, ки муҳофизи Модар-Ватан ҳастанд.
Нақши зан дар ҳимояи марзу буми кишвар назаррас буда, дар баробари мардҳо саҳми бонувон ҳам кам нест. Аз ин рӯ, имтиёзҳое, ки мардон дар артиш доранд, занон ҳам аз он имтиёзҳо истифода мебаранд. Воқеъан, барои ташаккули Артиши миллӣ саҳми занону модарон бузург буда, Артиши миллиро бе зани тоҷик тасаввур кардан ғайри имкон аст.
Занони тоҷик пайравӣ аз қаҳрамонзанҳо, амсоли Томирису Гурдофарид ва дигарон имрӯз дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар қатори мардҳо барои ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат бастаанд. Албатта, 23-юми феврал танҳо ҷашни мардҳо набуда, балки ҷашни он занҳое низ ҳаст, ки дили мардона, нангу номуси Ватандорӣ доранд. Яке аз арзишмандтарин ва бузургтарин хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибиистиқлолии давлатӣ дар самти дастгирии занон ин ҷудо намудани квотаи Президентӣ барои духтарони кӯҳистон дар мактабҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми наҷибонаи Роҳбари давлат барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардонидани занон мусоидат менамояд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, фазои сулҳу субот ва оромии кишвар ва аз ҳама муҳим дар заминаи амали сохтани сиёсати ҳадафмандонаву бобарор, ташаббусҳои созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои муносиб ва имкониятҳои арзанда барои боло рафтани мавқеи зан дар ҷомеа фароҳам оварда шудаанд, ки онҳо беназиранд.
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз равиши тоза гирифта истодааст.
Ҳамин тариқ, ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон, ҷиҳати фаъолияти босамари онҳо дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ ва ширкати густурдаи онҳо дар пешрафти ҷомеа тадбирҳои амалӣ ва саривақтӣ меандешанд, зеро занон ва модарони мо воқеан нерӯи тавонои ақлонӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд, ки ин ифтихори тоҷикон аст.
Аз фурсат истифода бурда тамоми бонуҳои тоҷикро дар артиши милли хизмат мекунанд табрику таҳният мегӯям:
Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ.
Зикри дили ман ҳамеша номи ватан аст,
Авроди забони ман каломи ватан аст.
Ман восифи ишқи ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми ватан аст.
Воҳидова Санавбарбону, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи
Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ








