Дар воқеъ Наврӯз рамзи арҷу эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ буда, бузургтарин ҷашни миллӣ, таҷассумгари таҳаммулпазирӣ, ваҳдат, амният, сулҳу субот дар олам мебошад. Наврӯз таърихи беш аз 3000 сола дошта, аз куҳантарин ва шукуҳмандтарин ҷашни миллии ниёгони аҷдодиамон маҳсуб меёбад. Маҳз ба шарофати кӯшишҳои гузаштагонамон, ки дар тӯли қарнҳо ба харҷ додаанд, забону фарҳанг ва ҳувияти миллии мо - тоҷикон то-имрӯз пойдору устувор монд. Бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор, харобкориҳо ва таъсиру фишори аҷнабиён, аҷдоди мо ин арзишҳои волои миллиро аз умқи ҳазорсолаҳо ба ояндагон ҳамчун ганҷи бебаҳо ба мерос гузоштаанд.
Наврӯз ҷашни баҳор ва эҳёи табиат буда, яке аз ҷашнҳои дӯстдоштатарини мардуми ориёитабор, ки аз қадимулайём аз гузаштагони дурамон ба мо мерос мондааст, маҳсуб меёбад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯзро на танҳо дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, балки дигар миллатҳо ҳам бо диду назари ҷадиду анъанаҳои хоси минтақаи худ таҷлил менамоянд. Мардуми тамаддунпарвару донишманди тоҷик аз замонҳои қадим иди Наврӯзро ҳамчун ҷашни оғози соли нав, рӯзи нав бо орзуву ормонҳо, бо дилу нияти нек, бо либоси идона истиқбол намуда, таманно менамуданд, ки пайю қадами соли нав бо файзу баракат шавад.
Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ - ин ду мафҳуми барои ҳар як фард азизу муқаддас буда, дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқу ногусастанӣ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсоз тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ҷониби дигар, маҳз неъмати соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки Наврӯз бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат ва расму ойинҳои неку созандааш дар сарзамини мо дигарбора эҳё ва таҷлил гардад. Бино бар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифода аз суннату анъанаҳои неки миллиамон ба хотири шукуфоиву рушди кишвари азизамон ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ талоши созанда намоем ва тамоми имконияту неруи худро ба бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон-равона созем (аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Наврӯз 2024).
Дар воқеъ, рӯ овардан ба ойинҳои ниёгон ва дубора эҳё намудани расму русуми аҷдодӣ бе муҳобот метавонад, дар тарбияи наврасону ҷавонон таъсири амиқ гузорад. Онҳоро аз шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои хатарзову даҳшатафкан эмин медорад.
Боиси сарфарозист, ки риояву дар ҳаёт татбиқ намудани расму ойинҳои наврӯзӣ барои ояндаи миллат ва бақои инсоният дастури нодиру беназир аст. Дар ҳақиқат эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегиранд. Зикр намудан ба маврид аст, ки Наврӯзи соли 2026 бо хусусиятҳои хоси худ аз дигар ҷашнҳои миллӣ бо он фарқ мекунад, ки Иҷлоси 20 Кумитаи миёндавлатӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО (Ҳиндустон, Ню Деҳлӣ, 8-13 декабри соли 2025) оини тайёр кардани ғизои маъмулии тоҷикон СУМАНАК-ро ба Феҳристи ҷаҳонии мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид намуд. Фарҳанги суманакпазӣ ҷаҳонӣ шуд ва ин падидаи нек дар арафаи ҷашни Наврӯз ва истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Лоиқи зикри хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаллу арзёбии масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба ояндаи инсоният муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд. Боиси ифтихору сарбаландии тоҷикони олам мебошад, ки бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, эҳёи расму ойинҳои бостонии мардуми тоҷик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардидааст, ки бар тибқи он ҳар сол 1-уми июл “Иди Тиргон” ҷашн гирифта мешавад. Мардуми тамаддунофару тамаддунпарварӣ тоҷик минбаъд низ суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии “Шаби ялдо”, “Сада”, “Наврӯз”, “Тиргон” ва “Меҳргон”- ро бо тамоми нозукиҳои хоси ориёӣ пос дошта, ба наслҳои оянда ба мерос мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки “Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва ойини давлатдориаш расида наметавонад”.
Ҳамин тавр метавон гуфт, ки ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ барои баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ, аз нав эҳё намудану ба замони муосир мутобиқ намудани расму ойинҳои ниёгон заминаи боэътимод барои насли оянда мебошад.
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент








