Перейти к основному содержанию

Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар таърихи 22 майи соли 2026 Конфронси ҷумҳуриявии илмии «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва давлатдории миллӣ» баргузор мегардад.

Дар конфронси мазкур аспирантон ва олимону мутахассисони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимон аз марказҳои илми кишвар низ иштирок менамоянд.

Мавзуъҳои асосии кори конфронс:

1. Илмҳои химия, физикаю математика, геология ва техникӣ;

2. Илмҳои биология ва тиб;

3. Илмҳои кишоварзӣ;

4. Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ.

5. Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия Дар конфронс дастовардҳои муосири олимони ҷавон дар самти рушди илм ва технологияҳои инноватсионӣ баррасӣ шуда, маърӯзаҳо (презентатсияҳо) дар ҷаласаҳои пленарӣ ва бахшҳо пешниҳод карда мешаванд.

ЗАБОНИ КОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. ТАЛАБОТ БАРОИ МАВОДҲО:

1. Фишурда дар ҳаҷми на зиёда аз 3-4 саҳифа дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешаванд.

2. Матни мақолаҳо дар шакли таҳриргари Word, бо ҳуруфи «Times New Roman», «Times New Roman Tj 12, фосилаи сатр - 1,0, рост - 1,0 см, дигар - 2,0 см анҷом дода мешавад.

3. Сарлавҳаи фишурдаи маърузаҳо – БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар мобайни саҳифа. Дар поён бо як фосила - насаб ва ҳарфҳои аввали номи муаллиф (ҳо); зери онҳо номи ташкилот, шаҳр, кишвар, суроғаи почтаи электронӣ.

4. Масъулият барои таҳрири илмӣ ва эътимоднокии мавод ба зиммаи муаллиф гузошта мешавад.

5. Ҳайати таҳририя, ки аз ҷониби кумитаи тадорукоти конфронс таъин гардидааст, ҳуқуқ дорад дастнависҳоеро, ки ба самти кори конфронс мувофиқат намекунанд, бинобар сабаби номуаяйнии аниқии ифодаҳо ва ё возеҳ набудани маводи илмӣ, ҷой доштани шумораи зиёди хатогиҳои услубӣ ва грамматикӣ рад намояд.

Маводи конфронс ҳамчун маҷмуаи мақолаҳои илмӣ бо индекси байналмилалии ISSN, UDC, LBC нашр карда мешавад. Мӯҳлати қабули маводҳо барои иштирок дар конфронс – 10 МАЙИ соли 2026 Дар давоми 2 ҳафта аз рӯзи баргузории конфронс маҷмуа дар вебсайти Академияи илмҳои Тоҷикистон: www.amit.tj ҷойгир карда мешавад.

Шахсоне, ки хоҳиши иштироки рӯзона ё ғоибонаро дар конфронс доранд, бояд то 10 майи соли 2026 ба суроғаи почтаи электронӣ: rakesh-23@mail.ru мақолаҳоро ирсол намоянд:– фишурдаи маърузаҳо (на бештар аз 8 саҳифа);– варақаи бақайдгирии иштирокчиён дар шакли электронӣ;

Дар шакли электронӣ ҳар як маводи ирсолшуда бояд дар файли алоҳида бошад. Дар файл ном ва насаби муаллиф нишон дода шавад. Варақаи бақайдгирии иштирокчиён, аз ҷумла ҳамаи ҳаммуаллифон ҷой дода шуда, дар файли алоҳида замима карда шавад.

Макони баргузории конфронс: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Раёсати АМИТ.

Маълумот барои тамос: Дар ш. Душанбе: Телефон барои маълумот: (+992) 927040908(992 37) 221-04-77Нишони электронӣ: rakesh-23@mail.ru