Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ : «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеар ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст.
Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он - терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд “дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст”. Аз ҳама ташвишоваораш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд. Махсусан дар ин замина Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад» Имрӯз тавре ки мебинем дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар чунин шароит терроризм ба бизнеси бисёр сердаромади миқёси глобалӣ, дорои «бозори кор» ва сармоягузорӣ ва ғайра табдил ёфтааст. Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард:
- сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ;
- сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ;
- моддӣ;
– идеологӣ;
- пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
- ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
- коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
- дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
- фаъолияти дини муболлиғони хориҷӣ ва ғайраҳо. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Инчунин ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд. Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба паст намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд:
- ба муносибгардонӣ ва беҳтар намудани муҳитииҷтимоии ҷавонон, дар он ташкил намудани фазои мусоид барои ҳамкориҳои созанда, тарғиби эҳсосоти мусбат аз иштирок дар амалишавии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон аз натиҷаи ба дастовардаи он, инчунин аз таҷрибаи ҳалли масоили насли ҷавон;
- ташаккули механизмҳои таҳлили ифротгароии ҷавонон, коркард намудани усулҳо барои нест кардани он ва дар ҷои он ташкил намудани соҳаҳои иҷтимоии созанда;
- ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди иҷтимоикунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа;
- баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои олӣ;
- баланд бардоштани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон; – таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд; Барои бештар ҷалби наврасон ва ҷавонон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» ва дигар озмунҳо низ эълон карда шуд. Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзисулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани ҷавонон, ҷалб ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама аҳли ҷомеа.Бояд таъкид намуд, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷомеа мебошад. Хусусан ҷавонон, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллатанд, бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва зиракии сиёсӣ тарбия ёбанд. Барои эмин мондан аз таъсири ғояҳои ифротӣ, ҷавононро зарур аст бештар ба омӯзиши илм, фарҳанг ва мутолиаи китобҳои бадеӣ, қиссаю ҳикояҳо, осори таърихиву адабӣ ва китобҳои маърифатӣ машғул шаванд.
Аз ҷумла, мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва дарки таърихи пурғановати халқи тоҷик аҳаммияти бузург дорад. Инчунин хондани асарҳои адибони бузурги тоҷик, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳфилҳои фарҳангиву илмӣ метавонад ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ гардонад.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ояндаи дурахшони давлат аз ҷавонони босавод, бофарҳанг, худогоҳ ва ватандӯст вобаста аст. Танҳо бо роҳи илму маърифат, китобхонӣ, тарбияи дуруст ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ метавон ҷомеаро аз хатари терроризм ва экстремизм ҳифз намуд ва сулҳу суботи кишварро пойдор нигоҳ дошт. Шахси ватандӯст бояд ҳамеша барои пешрафт ва ободии Ватан саҳмгузор бошад, на ин ки номи Ватани азизамонро поймол намояд. Ҳар як шаҳрванди бонангу номус вазифадор аст, ки сулҳу субот, ваҳдат ва арзишҳои миллиро ҳифз намояд.
Тоҷикистон, доимо осмонат софу беғубор, сулҳу ваҳдатат пойдор ва парчамат парафшон бод! Миллати куҳанбунёду фарҳангдӯстат ҳамеша сарбаланд бошад. Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон ҷовидону обод бимонад.
Бӯризода Анвар Маҳмад, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








