Баъд аз чанд рӯзи дигар мардуми сулҳдӯсти ҷаҳон ва бештар аз ҳама халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаштоду якумин солгарди Ғалаба аз болои фашизмро таҷлил хоҳанд намуд. Ҳаштоду як сол пеш, дар таърихи 9 майи соли 1945 дар шаҳри Берлини Олмон Акти таслимшавии бе чуну чароро имзо намуданд. Аз ҳамин рӯз сар карда, ҳар сол нуҳуми май ҳамчун Рӯзи пирӯзӣ бар фошизми Ҳитлерӣ бо тантана қайд карда мешавад.
Аввалин Паради Ғалаба 24 июни соли 1945 дар шаҳри Москва-қалби кишвари қудратманди Иттиҳоди Шӯравӣ доир гардид. Аз ҳамон давра сар карда ҳар сол санаи 9-уми майро мардуми сулҳдӯст ва сулҳхоҳи ҷаҳон бо тантана ҷашн мегиранд. Ҳаштоду як сол пеш садои охирини яроқу аслиҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ-ҷанги адолатхоҳона ва озодихоҳона барои озодӣ ва истиқлоли Ватани мо шунида шуд.
Ин ҷанг дар ҳақиқат ҷанги Бузург ва ҷаҳонӣ буд, зеро дар ин ҷанг 70 кишвари ҷаҳон ба гирдоби он кашида шуданд. Зиёда аз 55 миллион одамон туъмаи ин ҷанги одамхор гардида, даҳҳо ҳазор шаҳру деҳоти хурду бузург ба харобаҳо табдил карда шуданд. Ҷанги мазкур боз аз он сабаб Ҷанги Бузурги Ватанӣ номида мешавад, ки касе то ин давра чунин қаҳрамониҳои бемислу монандро надида, чунин иродаи умумихалқиро барои пирӯзӣ дар таърихи асри XX ба ёд надошт.
Дар оғози ҷанг қувваҳои ҳарбии фашистӣ-немисӣ аз қувваҳои ҳарбии Шуравӣ ду баробар ва дар баъзе истиқоматҳои зарбаҳои аслӣ то 4-5 баробар зиёд буда, техникаи ҳарбии пешрафта дошт. Урдуи фашистӣ чун то ин дам тамоми кишварҳои Аврупоро ишғол карда буд ва соҳиби техникаи пешрафта гардида, таҷрибаи бойи ҷангӣ ҳосил карда буд, мусаллам аст,ки дар ибтидо беҳтар меҷангид. Ба таври дигар агар ифода намоем, Олмони фашистӣ бо тамоми қувваҳо ва техникаи ҳарбии ҳамаи кишварҳои Аврупо ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла намуд.
Тибқи директиваи рақами 21 Фармондеҳии Олии Олмони фашистӣ аз ҳаждаҳуми декабри соли 1940, ба нақшаи ҳамлааш ба ИҶШС номи Барбаросро дода буд. Ин чунин маъно дошт ки Иттиҳоди Шӯравиро дар як муддати кутоҳ-дар давоми ду-се моҳ, аз ҳама бештар панҷ моҳ, яъне то фарорасии фасли сармо ва то тамомшавии ҷанг бо Англия ишғол менамояд. Азбаски фашистҳо Фаронсаро дар чордаҳ рӯз, Полшаро дар ҳаждаҳ рӯз ишғол карда буданд, тибқи нақша бояд Москва ва Ленинградро то 25 августи 1941, Волгаро то аввали октябр, Боку ва Батумиро дар аввали ноябр забт менамуданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанги адолатхоҳона, озодихоҳона ва наҷотбахш натанҳо барои мардуми Шӯравӣ, балки барои тамоми кишварҳое ки дар он иштирок доштанд ва ҳатто барои тамоми инсоният низ мебошад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи инсоният серталафоттарин, мудҳиштарин, хунхортарин ҷанг буд. Дар ин ҷанг Иттиҳоди Шӯравӣ бештар аз 26 миллион одамонро аз даст дода аст. Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният ҷанги бераҳмтарин ва мудҳиштарин буда, наздики 5 сол давом кард. Фашистҳои хунхор мацсад доштанд, ки то фаро расидани фасли сармо Иттиҳоди Шӯравиро забт намуда халқҳои онро ғулом гардонанд, вале аз лаҳзае аввали ба хоки Шӯравӣ сар халонданашон фаҳмиданд ки Иттиҳоди Шӯравӣ як кишвари қудратманд буда, дорои миллатҳои зиёди (бештар аз 130 халқияту миллат) ба ҳам дӯсту бародар мебошад ва ин дӯстӣ ба дараҷае мустаҳкам буд ки немисҳоро ба ҳайрат оварда буд. Дар ҳақиқат, яке аз омилҳои пирӯзӣ дар ин ҷанг дӯстии тамоми халқҳо ва миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Дар ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 300,000 нафар ё 50% аҳолии қобили меҳнат ширкат варзида бо қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои хеш шуҳрат пайдо карда буданд. Аз ин теъдод тақрибан 100.000 нафарашон дар муҳорибаҳо қурбон шуда¸ зиёда аз 40 000 нафари дигар бе ному нишон гардида, 60 ҳазор нафари онҳо аз ҷанг бо захмҳои гуногун баргаштанд. 58000 ҳазор нафар ҳамватанони мо дар ин ҷанг бо ордену медолҳо қадр карда шудаанд. Миёни инҳо 64 нафар ба гирифтани унвони Олии мамлакат-Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Қаҳрамониҳои тоҷикистониҳо тамоми урдуи бузурги Шӯравиро дар ҳайрат гузошта буданд. Қаҳрамониҳои тоҷикписарон: Домулло Азизов, Исмоил Ҳамзаалиев, Ҳайдар Қосимов ва даҳҳову садҳои дигар ҳамчун дарси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, нотарсиву ҷасурӣ ва содиқ будан ба ватан ва қасами ёд кардаи хеш барои тамоми лашкари Шӯравӣ дар он рӯзҳо ва барои ҷавонону наврасони имрӯза хизмат карда ва карда истодааст. Беш аз 45 000 нафар сокинони Тоҷикистон дар сафи “баталионҳои коргарӣ” ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷабҳа сафарбар гардидаанд.
Моро зарур аст, ки зиндагинома ва корномаи қаҳрамонфарзандони хешро омӯхта, онҳоро дар тарбияи ҷавонону наврасон ҳамчун дастурамал истифода намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ба муносибати 80 солагии Ғалаба бар фашизм чунин иброз доштанд : “Мо бояд бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд”.
Дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ 32,000 хонумон ва бонувони тоҷик низ баробари мардон бо ин душмани қаттол ҷангидаанд. Аз ин шумора 350 нафар нишонзан 1420 нафар афтоматчӣ 436 нафар хаткашон 4195 нафар тирандоз ва қисми аз ҳама бештарашон санитар будаанд.
Умуман, занон дар ҳамаи соҳаҳо: ҳарбӣ, ҳаракати партизанӣ дар сафҳои ҷузъу томҳои амалкунанда дар тамоми муддати ҷанг барои хидмат дар сафҳои артиши Шӯравӣ 490,235 нафар занон расман даъват шуда буданд. Аз он ҷумла, 70,647 нафарашон афсар буданд. 50 дар сади ҳайъати аслии қувваҳои мудофиаи ҳавоиро, 42 дар сади духтурони ҳарбиро, бештар аз 40 дар сади ҳайъати аслии алоқачиҳои ҳарбиро, занҳо ташкил мекарданд. 25,000 нафар занон дар флоти ҳарбии баҳрӣ, 26,707 нафар занон дар сафи муборизони ҳаракати партизанӣ ширкат доштаанд. 90 нафар занҳо ба гирифтани унвони Олии қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардонида шуданд.(Мутаасифона, ба нисфи аз ин қаҳрамонзанҳо баъд аз марг унвони Олии Қаҳрамон дода шуд ). Дар Ғалабаи Бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ аз болои Олмони фашистӣ бемуҳобо нақши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ, Раиси Кумитаи Давлатии Мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ Генералиссимус Иосиф Виссарионович Сталин бузург мебошад. Солҳои 2010 дар Россия озмуни “Имя России” гузаронида шуд. Дар ин озмун, ки таърихи беш аз ҳазорсолаи Россияро дар бар мегирифт, тамоми аҳолии Россия иштирок намуда ҷойи сеюмро ба Иосиф Виссарионович Сталин доданд. Ин маънои онро дорад, ки новобаста аз навиштаҳои душманонаи душманони Иттиҳоди Шӯравӣ ва онҳое ки душмании сохти Социалистӣ ва шахсияти Сталинро доштанд, боз ҳам аҳолии Россия бо як овоз ба Сталин ҷойи сеюмро доданд. Оид ба мавзӯи мазкур ҳамкори И.В.Сталин В.М.Молотов, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ муовини Раиси Кумитаи Давлатии Мудофиа буд ва баъд аз Сталин ҷойи дуюмро дар давлати Шӯравӣ дошт ва бо Сталин 32 сол ҳамроҳ кор карда буд, чунин мегӯяд:”Агар Сталин намебуд, ғалаба ҳам набуд” И.В.Сталин дар солҳои ҶБВ як гурӯҳи хурди одамонро шахсан роҳбари мекард, вале ҳамин гурӯҳи маҳдуд тамоми масъалаҳоро ҳал мекарданд. И.В.Сталин кадрҳои баландихтисос ва соҳибкасбро хуб мешинохт ва бо онҳо вобаста ба ихтисосашон корҳои бузургро вогузор менамуд.
И.В.Сталин ҳеҷ вақт ба танҳоӣ қарорҳои муҳимро қабул намекард. Ӯ аксаран чунин қарорҳоро бо як гуруҳи панҷ нафарӣ:Сталин, Молотов, Маленков, Берия ва Микоян мавриди баҳс қарор дода баъд аз он қабул менамуд. Дар баъзе ҳолатҳо ба ин гуруҳ Жданов ва Вознесенский ҳам мепайвастанд. Дар ҳолатҳои хеле кам ба ин гуруҳ илова мешуданд Калинин, ва Ворошилов ва баъд аз марги Жданов Хрущёв ва Каганович низ ҳамроҳ мешуданд.
Нақши И.В.Сталин боз дар чандин ҳолатҳо мушаххас ва муайян мегардад. Яке аз ин ҳолатҳо ба ноябри соли 1941 вобастагӣ дорад. Корҳо дар ҷабҳа рӯз аз рӯз бадтар мешуданд. фашистҳо ба остонаи Москва расида, шаҳрро аз ҳаво бомбаборон мекарданд. Аз ин хотир, ҳукумат қарор кард, ки бояд Ҳукумат ба шаҳри Куйбышев кучонида шавад. Бар асоси ҳамин қарор қисми асосии ҳукумат ба шаҳри Куйбышев кучонида шуда буд. Сталин ҳам бояд ба он ҷо мерафт. Бо ҳамин ният Сталин ба вокзали роҳи оҳан омад ва қад-қади перррон қадам зада аз ҳамин ҷо гашта ба Кремл рафт ва рӯзи шашуми ноябр ба муносибати солгарди Октябр маҷлиси тантанавии Моссоветро кушод. Ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаро барои ширкат дар маҷлиси тантанавӣ ба метрои “Маяковская” оварданд. Баъд аз он ба перрон вагонҳоро, ки дар дохилашон буфетҳо буданд, оварда қатор монданд. Дар буфетҳо чун давраи пеш аз ҷанг тамоми чизҳои истеъмолӣ фаровон буданд, ҳатто пивои “Ленинградское” ҳам дар ин буфетҳо мавҷуд буд. Баъд аз дидани ин ҳолат табъи иштирокчиён ва аҳолӣ якбора дигар шуд. Рӯзи дигар дар майдони Сурх паради ҳарбӣ гузаронида шуд ва 28,000 нафар ҷанговарон аз парад гузашта рост ба ҷабҳа рафтанд. Ба назари мо, шикасти Ҳитлер аз ҳамин ҳаводис оғоз гардид.
Ин чорабиниҳо, ки дар ду рӯз ташкил ва гузаронида шуданд, табъи аҳолии мамлакатро хуш ва рӯҳияи мардумро бардошта боварии мардумро ба Ғалаба мустаҳкам намуданд. Чунин амалиёт, ки дар ду рӯз гузаронида шуд, баробар ба як амалиёти бузурги ҳарбӣ дониста мешавад. Чунин ҳолатҳоро аз ҳаёт ва зиндагии И.В.Сталин, ба хусус ҳаёти давраи ҷангии ӯ садҳо намуна овардан мумкин аст.
Назар Холназаров, ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

