Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин ва муқаддастарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Он на танҳо рамзи сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ, балки пояи устувори давлатдории навини тоҷикон, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз марҳалаи бисёр душвори таърихӣ гузашта, ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта қадамҳои устувор гузорад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург, таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба ҳаёти ҷомеа таъсири харобиовар расонид, ба якпорчагии давлат ва оромии мардум хатари ҷиддӣ эҷод намуд. Дар чунин шароити ҳассос ҷомеа ба роҳбаре ниёз дошт, ки тавонад давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, мардумро ба сулҳу созиш ва ваҳдат раҳнамоӣ намояд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардиданд. Ин иҷлосия дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз эътироф шудааст. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Пешвои миллат ҳадафи асосии худро барқарор намудани сулҳ, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар эълон намуданд. Суханони таърихии «Ман ба шумо сулҳ меорам» ба рамзи умед, эътимод ва наҷоти миллат табдил ёфтанд.
Бо талошҳои пайгирона, сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии сиёсӣ музокироти сулҳ оғоз гардид. Ин раванд чанд сол идома ёфта, дар ниҳоят 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ анҷом ёфт. Ин санади таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, заминаи воқеии Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлатро фароҳам овард. Аз ҳамин давра Тоҷикистон ба марҳалаи нави давлатсозӣ ва бунёдкорӣ ворид гардид.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол на танҳо маънои сулҳу оромиро дорад, балки ҳамчун омили асосии рушди ҳамаҷонибаи давлат хизмат мекунад. Дар фазои сулҳу субот давлат тавонист барномаҳои муҳими стратегиро амалӣ намояд ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро ба таври назаррас рушд диҳад.
Дар даврони истиқлолият ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бунёд гардиданд. Мактабҳо, донишгоҳҳо, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва неругоҳҳои барқии обӣ сохта шуданд, ки ҳамаи онҳо самараи бевоситаи Ваҳдати миллӣ мебошанд. Имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари рӯ ба рушд табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдати миллӣ на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшиданд, балки пояҳои давлатдории муосири тоҷиконро низ устувор намуданд. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба таъмини волоияти қонун ва рушди низоми идоракунии давлатӣ мусоидат намуд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Пешвои миллат таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон мебошад. Бо ташаббуси Роҳбари давлат ҷашнҳои бузурги миллӣ ва байналмилалӣ баргузор гардида, чеҳраҳои барҷастаи илму адаби тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ шуданд. Ин иқдомҳо ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносии шаҳрвандонро тақвият бахшиданд.
Дар сиёсати давлатии Пешвои миллат рушди илм ва таҳқиқоти бунёдӣ мавқеи махсус дорад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки бе рушди илм ва технология давлат наметавонад ба пешрафти устувор ноил гардад. Дар ҳамин замина, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии илмии кишвар ба яке аз ниҳодҳои муҳимми рушди зеҳнии ҷомеа табдил ёфтааст.
Академия дар самти таҳқиқоти илмҳои табиӣ, техникӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ нақши муҳим мебозад. Олимони тоҷик дар омӯзиши таърих, забон, фарҳанг, тиб, захираҳои табиӣ ва масъалаҳои муосири рушди ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди инфрасохтори илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дастгирии олимон тадбирҳои пайваста амалӣ менамоянд.
Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Дар даврони истиқлолият садҳо муассисаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, шароити таҳсил барои ҷавонон беҳтар карда шудааст. Бо таъсиси квотаҳои президентӣ ва барномаҳои дастгирии давлатии ҷавонон, ҳазорҳо ҷавонон, махсусан аз минтақаҳои дурдаст, соҳиби маълумоти олӣ гардиданд.
Ҷавонон имрӯз ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа дар тамоми соҳаҳо фаъолият доранд. Онҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ саҳми назаррас мегузоранд. Пешвои миллат ҷавононро такягоҳи давлат ва ояндаи миллат номида, ҳамеша онҳоро ба омӯзиши илм, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ даъват менамоянд.
Дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ташаббускор ва дорои мавқеи устувор шинохта шудааст. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, обрӯ ва нуфузи кишварро баланд бардоштанд.
Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ буда, пояи асосии рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар таҳкими ин дастовард нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихӣ, сарнавиштсоз ва бебаҳо мебошад. Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат Тоҷикистон аз давраи душвори ҷангӣ раҳо ёфта, ба давлати сулҳпарвар, рӯ ба рушд ва дорои нуфузи байналмилалӣ табдил ёфт.
Имрӯз ҳифзи Ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолият, рушди илм дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Танҳо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ метавон ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин намуд.
Ибодзода С.Т. доктори илмҳои тиб, профессор, ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ
Ихтиярзода З.И. мутахассиси бахши маҷаллаҳои тиббии АМИТ




