Перейти к основному содержанию
Ваҳдат вожаи арабист, ки маънои ягонагӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидиро дар самтҳои гуногун дорад. Барои миллати тоҷик имрӯз ваҳдати миллӣ ба мафҳуми сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ дар олами сиёсат қудсияти бештарро ба бор овардааст.

1Мусаллам аст, ки кишвар ба гирдоби сиёҳи сиёсат ғӯтида буд. Нофаҳмӣ, парокандагӣ, нооромӣ, куштору қатл маънои зиндагии моро дар он рӯзҳо ифода мекард. Маҳз қудрати ваҳдат буд, ки парешонии моро ҷамъ овард, тухми дӯстӣ ва муттаҳидиро байни миллат аз нав корид, нафрату адоватро ба дӯстию меҳрубонӣ, харобиро ба ободӣ, фаслро ба васл ва мамотро ба ҳаёт табдил сохт.

Ваҳдат ба тамоми маънӣ, аз он ҷумла, аз нигоҳи сиёсӣ барои тамоми башар дар тамоми замону маконҳо арзишманд буд ва ҳамеша бо ин арзишмандӣ боқӣ хоҳад монд. Ҳар сол дар санаи 27-уми июн мардуми баландиқболи кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни ваҳдати миллиро бо хушнудии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирӯзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафманд идест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳои шабонарӯзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо ба ин рӯзи пурфайзи оромию ободӣ расем.
Дар зеҳни мо ҳар лаҳза чунин суол пайдо мешавад, ки кадомин нерӯ ва чӣ гуна қудрат моро ба ин рӯзи биҳиштӣ ва оромию субот расонд ва бешак, посухи саволи мо чунин хоҳад буд: Ваҳдат!

Воқеан, ба ваҳдат расидан кори осон набуд. Вазъи он давра ин тавр буд: Ноумедӣ ҷои умед, бадбахтӣ ҷои хушбахтӣ, талхӣ ҷои ширинӣ, зулмот ҷои равшанӣ, гиря ҷои хандаю табассум, ашки талхи ғам ҷои ашки шодӣ, хастаҳолӣ ҷои хушҳолӣ, мамот ҷои ҳаётро гирифта буд. Ба ҷои накҳати субҳ аз ҳар тараф бӯйи хун меомад, дар замини дил ба ҷои ниҳолони орзую армон хори андӯҳу навмедӣ мерӯид, ба ҷои садои дилкаши кабкони чашмасорон ба гӯш садои тир мерасид, гаҳвораи кӯдакдор хонаҳоро ободу равшан намекарду рӯйи дарё сӯйи нобудӣ мерафт, модари умедвор ғамбор буд, ӯ дирӯз сари болини писар мӯю рӯяшро бо меҳри модарона сила мекарду имрӯз дар сари мурдаи ӯ рӯю мӯй меканад, дирӯз сари гаҳвора суруди алла мехонд ва инак, сари мурдаи писар бо ашки қатор оҳу нолаву афғон карда, сӯгнома мехонад, ки ҳамаи ин даҳшату ваҳшатро нифоқу ҷанги бемаънии бародаркуш ба сари халқ оварда буд.

Ба хотир овардани он рӯзҳои фоҷеабор, агар аз як тараф, хотирҳоро ғампеч созанд, аз сӯйи дигар, чашми моро боз бори дигар мекушоянд ба ҷониби он ҳама нофаҳмиҳо. Воқеан, самараи ҷанг ҳамеша дар ҳама ҷо ва дар ҳамаи давру замонҳо куштору бадбахтӣ, харобию нооромӣ буд, ҳаст ва мемонад. Ҳамдигарнофаҳмиҳо оқибат як миллатро ба майдонҳои аз нигоҳи афкору андеша муқобил оварда, ба ҷанг кашид.

Худи ҳамин аснод, ки дар ин гирудори гӯшношунид қариб сад ҳазор одам кушта шуда, як миллион нафар гурезаю муҳоҷири иҷборӣ гардид, далели рӯҳияи ҷангу бесарусомониҳо аст ва хомӯш намудани алангаи оташи ин ҷанг коре буд хеле сангин.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониии худ ин андешаро таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Воқеан, ваҳдати миллӣ кафили ҳастии мову миллати мост. Ваҳдат моро масъул ва вазифадор мекунад, ки онро пойдор дорем, зеро муттакои мост, бе он ҳастии мо зери хатари шубҳаву ноумедиҳо мемонад.

Суханҳое, ки чун барқ дар осмони рӯзгори тира дурахшиданду ҳамаро умедвор намуданд, инҳо буданд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард!”; “Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам!”, “То як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман худро ором ҳис карда наметавонам”.
Имрӯз дар рангу бӯйи ашёи табиат ва рӯзгори мардуми кишвар рангу бӯйи ваҳдат таъсирбахш гаштааст ва ҳама чиз дар дидаи мо аз пештар бештар бо ҳусни дилкаш падид мешавад. Зиндагии бофароғат, пурфайзу пурбаракати имрӯзаи мо, равшании дунёи зиндагии мо яке аз тӯҳфаҳои ваҳдати мост”.

Ваҳдат парешониро ҷамъ месозад, рӯзгоронро рангину зебо мекунад, рӯзи беҳини дӯстдорон ба ҳам омадану дидор аст, рухсори инсонро мисли гул мешукуфонад, аз боди нарми ваҳдат гул дар гулистон хандон мешавад, олами ғамборро шод менамояд, ояти ифтихори мардуми тоҷик аст, ҳар субҳдам бо рангорангии табиати худ дилҳои моро менавозад, фасл ба васл табдил мешавад, бахти хуфта бедор мегардад ва моро аз ҳама гуна офату бадбахтӣ наҷот медиҳад:

Он чи ҷамъ созад парешонии моён, ваҳдат аст,
Он чи рангин мекунад ин рӯзгорон, ваҳдат аст.
Аз нифоқи байни миллат заъф ёбад рӯзгор,
Он чи созад зиндагиро нурборон, ваҳдат аст.
Он чи созад зиндагиро ҳамчу зиндон, душманист,
Он чи аз по дур созад банди зиндон, ваҳдат аст.
Эй бародар, бо бародар бош чун нохуну гӯшт,
Он чи бахшад панҷаи моро тавон, он ваҳдат аст.
Боз кун дасти дуо, эй дӯст, ҳар шому саҳар,
Он чи аз офат диҳад моро наҷот, он ваҳдат аст.

Тоҷикистон зебост, тамоми вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чӣ қадар зебову фиребову дилкаш шудаанд. Барои мисол агар имрӯзҳо ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон назар кунем, ин мисраи Бедил зери лаб садо хоҳад дод: "Бубин, ки тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо". Оре, чеҳраи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят билкул дигаргун шуда, ба кӯчаҳо иморатҳои зебои замонавии баландошёна ҳусни нав ва чеҳраи ботаровату тоза зам кардаанд. Ҳамаи ин меваи ваҳдати миллӣ аст ва бояд онро ба нархи ҷон ҳифз кунем.
Ба мардуми шарифи тоҷик ва ба ҳар як тоҷикистонӣ рӯзгори бофароғат, шабу рӯзи орому обод, умеду ормонҳои нек, хушумрию хушрӯзӣ ва Тоҷикистони зебову барои ҳама чун хонаи умеду бахтро таманно мекунам.

НУРАФШОН БОЗОРОВА - ДОКТОРАНТ PhD-И БАХШИ 2-ЮМИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АМИТ