Имрузҳо ба имзои санади басо муҳим ва барои халқу давлати мо тақдирсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 сол пур пур мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ҳангоми таҷлили 20 солагии ваҳдати миллӣ иброз дошта буданд, ки «Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид».
Барҳақ, ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро оғоз намоем.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Вале то расидан ба ваҳдати миллӣ халқи Тоҷикистон рӯзҳои басо вазнинро паси сар кард.
Воқеаҳои февралии соли 1990 оғози он бесарусомониҳо буданд, ки душманони миллат гуё амалиёти минбаъдаи хешро он замон озмоиш карданд.
Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омад. Эътироф накардани интихоботи умумихалқии соли 1991 аз ҷониби ба ном қувваҳои демократӣ баёнгари он буд, ки онҳо ба ҳар роҳ мехостанд сари қудрат оянд.
Аз ин ҷост, ки бо таъсири бархе аз нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷии кишвар ин гуруҳҳо Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, ки он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид, ки ин ҳама появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, дар кишвар беқонуниятӣ ва дигар бесомониҳоро ба вуҷуд овард.
Майдоннишиниҳои беохир, оғози муборизаи мусаллаҳ, таъсиси ба ном Ҳукумати муросои миллӣ, дар асл зиддимиллӣ, ки як минтақаи калони кишварро дар муҳосира нигоҳ дошта, ба воситаи васоити ахбори умум, бахусус телевизион ва радио руирост тухми низоъ ва маҳалгароӣ мекошт, мардуми тоҷику тоҷикистониёнро ноумед карда буд.
Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони фаъоли минтақаҳои ҷумҳурӣ ба воситаи вакилони худ дар мақоми олии намояндагии кишвар масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад.
Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро бо дурнамои рушди ояндаи он муайян намуд.
Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузоштанд. Вале оташи ҷанг аллакай Тоҷикистонро фаро гирифта буд. Ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишвари мо хисороти азимеро ба бор оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид.
Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат таъкид карда буданд, ки “даҳсолаҳо лозим мешаванд, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чунин як давраи басо мушкили бӯҳрони сиёсӣ масъулияти олии созандагиро ба зиммаи хеш гирифта, ба он муваффақ шуданд, ки манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳалливу минтақавӣ боло гузоранд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади демократӣ кардани ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро (6 ноябри соли 1994) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.
Дар замони ниҳоят пуртазоди соҳибистиқлолиамон нақши созандаи сулҳу ваҳдат, пеш аз ҳама, дар амри таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро амалан таъмин мекунад, возеҳан зоҳир гардид.
Муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ мебошад. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд.
Гуфтушуниди сулҳи деринтизор байни ҳукумати қонунӣ ва иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИМТ) се солу се моҳ тул кашид. Дар ин муддат, дар чандин мамолики дуру наздики хориҷӣ аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи июни соли 1997 зиёда аз бист вохӯрии расмӣ байни намояндагони ҳукумати қонунӣ ва ИМТ ва 6 мулоқот дар сатҳи олӣ доир гардиданд.
Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги мо дар ин роҳ натиҷаҳои матлуб ба бор оварданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Баъди имзои созишнома барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини давра ба давраи сулҳу оромӣ, фароҳам овардани муҳити эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои хушунат ва даргириҳои мусаллаҳона, тарғиби ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ ва дар амал татбиқ сохтани муқаррароти санадҳои имзошуда, муҳайё намудани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо тасмими тарафҳои музокироти сулҳи тоҷикон Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд.
Комиссияи оштии миллӣ дар роҳи устувории сулҳ ва таъмини шароитҳои ризоияти умумӣ ҳалқаи васлкунанда маҳсуб мешуд. Комиссия кори худро 15 сентябри соли 1997 дар шаҳри Душанбе оғоз намуда, баҳри суботи умумӣ ва мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон саҳми босазо гузошт. КОМ дар замони фаъолияти худ вазифаҳои зеринро амалӣ сохт:
- барои иҷрои Созишномаи умумӣ дар ҳамкории муштарак бо дигар мақомоти бо ҳамин мақсад таъсисёфта, механизм ва роҳандозии назоратро таҳия намуд;
- баҳри бехатарӣ ва сазовор баргардонидани гурезаҳо, ба ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷалб намудани онҳо, дар барқарории хонаҳои истиқоматии онҳо, иншоотҳои кишоварзӣ, ки дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ хароб гардида буданд, мусоидат намуд ва тадбирҳои заруриро андешид;
- оид ба ворид намудани тағйирот ба қонунҳои амалкунанда дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва васоити ахбори омма пешниҳодҳо тартиб дод;
- оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни ҷорӣ ва референдуми умумии мардумӣ мусоидат кард;
-ҳайати Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсиро (бо ворид намудани 25% намояндагони ИМТба онҳо) дар давраи гузариш муайян кард;
- зиёда аз 6 ҳазор ҷанговар ва 2 ҳазор адад силоҳро ба қайд гирифт;
- ИМТ-ро аз кишвари Афғонистон ба Тоҷикистон бозгардонид;
- раванди бозгардонии пурраи гурезаҳои тоҷикро аз Афғонистон назорат карда, оид ба ҷалб намудани онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии кишвар кор бурд;
- номзадии намояндагони ИМТ-ро мутобиқи квотаи 30% ба вазифаҳои сохторҳои давлатии ҳокимияи иҷроия, аз ҷумла вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пешбарӣ намуд.
3 августи соли 1999 роҳбарияти ИМТ оид ба пароканда кардани дастаҳои мусаллаҳи худ, ки гувоҳи ба итмом расидани марҳилаи дуюми протокол оид ба масоили ҳарбӣ гардиданд, изҳорот дод.
Пас аз барпо намудани интихобот ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ 1 апрели соли 2000 Комиссияи оштии миллӣ бо фармони сарвари давлат фаъолияти худро расман қатъ намуд. Аъзои Комиссияи оштии миллӣ ва гурӯҳҳои коршиносон дар раванди таъмини сулҳи тоҷикон заҳмати зиёд кашиданд ва аз иҷрои вазифаҳои дар ӯҳда доштаашон ба хотири иҷрои санадҳои баимзорасида муваффақона баромаданд.
Ба шарофати Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро оғоз намоем.
Имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад. Зеро он роҳ ва намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун намуна ё модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин низоъҳо ва моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳар гуна муноқишаҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шавад.
Имрӯз дар ҷомеа маҳз тавассути тавсеаи ҳамкориҳои созандаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фазои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ фароҳам омадааст ва минбаъд низ танҳо дар ҳамин замина мо метавонем Ватани худро ба қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир расонем. Ҳадафҳои умдаи сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон дар хусуси андешаи ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани густариши он дар айни замон барои таҳкиму ташаккули шароити мусоид ҷиҳати инкишофи шахсият, ҷамъият ва давлат замина фароҳам меоранд.
Чунки ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат аз омилҳои ваҳдату якдигарфаҳмӣ вобастагии зич дорад. Маҳз ҳамин омилҳо дар шароити кунунӣ ҳам барои рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва ҳам барои муқовимат бо тазоду таҳдидҳои муосир нақши муҳиму муайянкунанда мебозанд.
Татбиқи чаҳор ҳадафи стратегӣ - Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, чорабиниҳо дар доираи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуда, дар арафаи 30 солагии истиқлоли миллӣ корҳои созандагӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ идома доранд, ки ин ҳама самараи ваҳдату осоиштагии кишвар аст.
Ҳамин тавр, мо бо боварии комил арз карда метавонем, ки маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи он равандҳое қарор доштанд, ки оқибат миллати моро ба ваҳдати воқеӣ расонид. Мо имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – дар ҳақиқат поягузори Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони навин ба шумор меравад!
А. Ғафуров, - номзади илмҳои таърих, дотсент