Созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ роҳи рушду такомули минбаъдаи Тоҷикистонро равшан сохт.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар солҳои навадум халқи тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид, ки чандин ҳазор нафар ҳамдиёронамон куштаю қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошту бесарусомонӣ дар кишвар ҳукмфармо буд. Коршиносону сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ ба ин ақида буданд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дуру дароз идома хоҳад ёфт ва он қариб метавонист давлати моро ба нестӣ оварда расонад. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ин вазъият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳалу гурӯҳ ва минтақа болотар гузорад.
Марҳилаи муҳимтарин дар раванди сулҳ, гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав сурат гирифта буд. Дар ин гуфтушунид нахустин Эъломияи муштарак оид ба оштии миллии устувор дар раванди сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Баъдан, ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул ва Машҳад мулоқот гузаронданд. Ҷустуҷӯи роҳу усулҳои расидан ба сулҳу амонӣ барои тоҷикон зиёда аз се сол идома ёфт. Табиист, ки дар ин мулоқотҳо ҳар тараф шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуд ва билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз рӯ ба инкишоф аст, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Дар воқеъ, ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки оқибат ба дарки маънии идомаи ҷанг – идомаи тоҷиккушист ва идомаи тоҷиккушӣ фанои миллат аст, расида, дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накӯиш аст. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрӯзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳад кард.
Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”. Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ашки шодӣ дар ҳалқаҳои чашми азизон ҳувайдо буд, зеро таи ин солҳо он қадар мушкилот, он қадар нофаҳмиҳо ва он қадар гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд.
Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани интиқолу молу маҳсулотро ба миён гузошт. Сохтмони шоҳроҳҳо баромадани кишварамонро ба сӯи Уқёнуси ҷаҳонӣ бандарҳои бузургтарин имконпазир сохт.
Аз фурсат истифода бурда истода, аз номи кормандони Институти физика ва техникаи ба номи С.У. Умарови Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, кулли мардуми ҷумҳуриамонро бо ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, зиндагии осоиштаро таманно дорам.
Муовини директор оид ба илм ва таълми ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ Ф. Холмуродов