Перейти к основному содержанию

Тавре, ки маълум аст, идеологияи сиёсии Ҳаракати толибон ё толибизм аз замони пайдо шуданаш на танҳо дар Афғонистон, балки дар миёни аҳолии Покистон низ хеле ба осонӣ ва хеле васеъ паҳн гардид. Ин ҳама сабабҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мафкуравӣ дорад: мардуми кишварҳои мазкур аз лиҳози иқтисодӣ дар сатҳи хеле пасти некӯаҳволӣ қарор доранд, ки барои қабули ҳама гуна ақидаҳои динию хурофотӣ ва радикалию террористӣ, инчунин зиддиҳукуматӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Беҳуда нест, ки ҳадафи зиддиҳукуматии терроризмро муҳаққиқони зиёд маҳз дар ҳамин омил дидаанд: «шаҳрвандонро бовар кунонидан ба он, ки ҳукуматҳои онҳо барои пешгирии амалҳои террористӣ қодир нестанд» пас аз бе муваффақият анҷом ёфтани даврони зӯран таҳмил намудани сиёсат ва идеологияи коммунистӣ дар Афғонистон мардуми онро идеологияи исломӣ бештар ҷалб месозад, ки инро толибон барои паҳн намудани идеяҳои худ моҳирона истифода мебаранд.

Дар асоси гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки шароити мавҷудаи иқтисодӣ ва фазои динии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки ҳукмронии идеологияи коммунистиро пушти сар кардаанд, бо сабабҳои минтақавию объективӣ ба шароити Афғонистон баъзе шабоҳатҳо дошта, инро толибон ва ё дигар акторҳои байналмилалӣ метавонанд бо пайдо кардани замону мавзеи мувофиқ барои паҳн сохтани идеологияи сиёсию динии толибизм истифода кунанд. Аз ин рӯ, яке аз оқибатҳои назариявию амалии ин идеологияи иртиҷоиро барои амнияти Тоҷикистон, аз нигоҳи мо, метавон таҳдид ба паҳншавии ин идеологияи иртиҷоӣ ва ё идеяҳои алоҳидаи он дар миёни баъзе диндорон ва шахсони мавқеи устувори шаҳрвандӣ надошта ҳисоб намуд. Роҳҳои мубориза бо инро бошад, метавон чунин муайян сохт: манъи таблиғи идеологияи толибизм тавассути воситаҳои ахбори омма, хусусан, пешгирӣ аз пахши каналҳои телевизиону радиои толибон бо мавҷгирҳои радифӣ; пешгирӣ аз паҳнсозии адабиёти толибӣ дар қатори маводи чопии ба идеологияҳои дигари радикалию динӣ дахлдошта аз тарафи ташкилоти ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ё шахсони алоҳида.

Аз ҷониби дигар, толибон таҷрибаи собиқи иртиботи ҳаракатҳои исломии Тоҷикистон ва Афғонистонро, ки ҳанӯз аз солҳои ҳаштодуми қарни гузашта тавассути ҳамкориҳои ҳизбӣ бо намояндагони ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ оғоз гардида буд, метавонанд эҳё намуда, ба содироти идеяҳои худ ва амалҳои экстремистию террористӣ ба ҳудуди Тоҷикистон машғул гарданд. Мавҷудияти зиёда аз 1400 км ҳудуд миёни ду давлат ва мушкилот дар ҳифзи сарҳадҳо бо сабабҳои ҷуғрофияи хеле номусоиди ин минтақа метавонанд ба барқарорсозии робитаҳо миёни террористони ҳар ду давлат созгор карда шаванд. Илова бар ин, дар минтақаҳои сарҳадии Афғонистон ҷой доштани ҳаракатҳои экстремистию террористии шаҳрвандони тоҷикистонӣ ва шаҳрвандони алоҳида аз ҷумлаи тоҷикони кишвари мо, ки ба ин ё он ҳаракати дигари радикалӣ пайвастаанд, ин гуна таҳдидҳоро боз ҳам зиёд мекунад.
Бо сабабҳои зикршуда содироти идеяҳои толибизм, аз ҷумла, исломи сиёсӣ ва амалҳои экстремистию террористии намояндагони ин ҳаракатро мустақиман ё тавассути истифода аз дигар ҳаракатҳо ва аз зумраи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ақидаи мо, метавон ба номгӯи оқибатҳои назариявию амалии идеологияи толибизм барои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намуд. Инҷо инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки толибон ваъдаи содирот накардани идея ва амалҳои террористиро танҳо ба хоҷагони худ аз зумраи амрикоиён додаанд, на ба ҳамаи давлатҳо. Аз ин рӯ, роҳи асосии ҳалли ин мушкилотро метавон дар таҳкими ҳифзи сарҳадҳо бо Афғонистон ва берун сохтани ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, намояндагони онҳо, махсусан аз зумраи шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои сарҳадӣ дар тамоми тули марзҳои ҳар ду давлат пайдо намуд.

Аз ҳаракатҳои болозикри террористӣ, ки дар Афғонистон фаъолият доранд, беш аз ҳама ба амнияти миллии Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи назариявӣ ва ҳам амалӣ Ҷамоати Ансоруллоҳ ё Толибони Тоҷикистон (ё Таҳрики толибони Тоҷикистон) хавфу таҳдид мекунад, зеро намояндагони он идеологияи толибизмро ба пуррагӣ қабул кардаанд. Ин ҳаракат, ки даврони таъсисаш солҳои 2006- 2010 мебошад, аз ҷониби саркардаи минбаъдаи онҳо Амриддин Табаров ва пасон Муҳаммад Шарифов ё Маҳдӣ Арсалон роҳбарӣ карда шуда, ба амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва Афғонистон машғул аст. Аз ҷумла, зимни амали террористии онҳо соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд се нафар кушта ва 25 нафар захмӣ шуда буданд. Бо ҳамин сабаб соли 2012 бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷамоат мамнуъ эълон карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ба ҳайати Ҷамоати Ансоруллоҳ на танҳо собиқ ҷангиёни ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ, онҳое, ки бо Созишномаи истиқрори сулҳ аз соли 1997 розӣ набуданд ё фарзандону наздикони онҳо, балки ҷангиён аз Афғонистон, Покистон, Федератсияи Россия ва давлатҳои дигар низ шомил шудаанд. Ин ҷамоат таҳти таъсири идеологияи Алқоида ва Давлати исломӣ (ДОИШ) низ қарор дорад, аммо миёни саркардагону аъзои он беш аз ҳама идеологияи толибизм нуфузи калон дорад. Инро ба назар гирифта, толибон ба Ҷамоати Ансоруллоҳ гузаронидани амалҳои террористиро дар ноҳияҳои Куфоб, Моймай, Нусай, Хоҳон, Шикайи вилояти Бадахшон ва Ҷованду Оби Қамари музофоти Боғдиси Афғонистон бовар карда буданд. Зиёда аз ин, ҷамоати мазкур ҳукумати толибонро ба расмият шинохтааст: «Дар раванди ҳодисаҳои соли 2021, ки шаҳодат аз суқути ҳукумати тарафдорони Амрико медоданд, ҷамоат ба таври оммавӣ дар бораи як ҷузъи ҷудонашавандаи толибон будани худ эълон дошт. Ин амал, ки маънои савганд ёд кардан дар бораи садоқат ба онҳоро дошт, бе таваҷҷуҳ намонд». Маҳз бо ҳамин сабаб ва, аз тарафи дигар, аз «муваффақият»-и толибон илҳом гирифта, саркардаи ҷамоати мазкур Маҳдӣ Арсалон моҳи сентябри соли 2021 ҳуҷум ба хоки Тоҷикистонро таҳти роҳбарии оперативии Ҳаракати толибон ба нақша гирифта буд.

Аз нигоҳи мо, хавфу таҳдидҳои Ҷамоати Ансоруллоҳ ва ҳаракатҳои дигари экстремистию террористиро, аз ҷумла, аз зумраи намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба амниятии миллии Тоҷикистон аз марзу буми Афғонистон, ки ботадриҷ ба пуррагӣ таҳти таъсири идеологияи иртиҷоии толибизм қарор мегирад, ба назар гирифта, бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори он бояд дар кишвари мо як консепсияи мукаммали мубориза ва муқовимат ба идеологияи чунин ҳаракатҳо таҳия, қабул ва дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда шавад.

Оқибати назариявию амалии ногувори дигар ба амнияти миллии Тоҷикистон аз идеологияи толибизм доир ба сиёсати миллию этникӣ сарчашма мегирад. Вобаста ба ин бояд зикр намуд, ки дар муносибат бо Афғонистон давлатҳои ҳамсарҳад мавқеи гуногунро ишғол менамоянд. Покистону Эрон, тавре, ки маълум аст, то андозае ҳамкориро бо онҳо роҳандозӣ намуданд. Оид ба мавқеи давлатҳои ҳамсарҳад бо қисмати шимолии Афғонистон – Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон муҳаққиқи тоҷик С.М. Ворисов сухан ронда, ҳанӯз пеш аз ғасби ҳокимият дар соли 2021 чунин ибрози назар намудааст, ки Туркманистон мавқеъгирии бетарафӣ ва муносибат бо «Толибон»-ро ишғол намудааст. Ӯзбекистон дар муносибат бо толибон мавқеи прагматикӣ дорад. Оид ба мавқеи Тоҷикистон ин муҳаққиқ ҳамчун «мавқеъгирии қотеъ ва яксон дар қиболи «Толибон» сухан ронда ва хавфу таҳдиди идеологияи толибизмро ба амният дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ба эътибор гирифта, чунин таъкид мекунад: «Ин чолишҳои умда ва дурнамои мушкили таомул бо ҳукумати Афғонистон тақозо мекунад, ки кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳампаймонҳои бузурги минтақавияшон, мисли Русияву Чин ва созмонҳои низомиву дифоиву амниятӣ ҳар чӣ бештар ҳамкорӣ намоянд, то ҷилави таҳдидҳои эҳтимолиро дар оянда бигиранд».

Мавқеи Тоҷикистон баъд аз ғасби ҳокимият дар Афғонистон аз ҷониби толибон ба ҳамон шакл ба таври қотеъ боқӣ монд. Оид ба ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз санаи 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст: «Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад. Такроран хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд. Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад».

Чунин мавқеи Тоҷикистон ва Сарвари давлати тоҷикон сабабҳои объективӣ дорад, ки бо дарназардошти сиёсати барғалати миллӣ-этникӣ аз ҷониби толибон ва идеологияи толибизм рӯи кор омадааст. Агар дар Афғонистон манфиатҳои ҳамаи миллату қавмҳои он ба эътибор гирифта нашаванд, талошу даргириҳои хунин боз солиёни дароз идома меёбанд, ки оқибатҳои ногувори назариявию амалӣ ба таъмини амният дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя дорад. Аз ҷониби дигар, агар табъиз аз ҷониби толибон нисбати забон ва фарҳангу миллату қавмҳои дигар, барканории онҳо дар давлатдорӣ ва амсоли он идома ёбад, намояндагони миллатҳои ғайрипуштуни ин кишвар, махсусан тоҷикон метавонанд гуреза шудан ва муҳоҷирати худро ба Тоҷикистон давом дода, аз нигоҳи мо, дар ду самт мушкилот эҷод намоянд. Аввалан, хавфи боло рафтани мушкилоти демографӣ ва иқтисодӣ (таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ) дар кишвари мо зиёд мешавад. Сониян, миёни гурезагон ва муҳоҷирон метавонанд ашхосе мавҷуд бошанд, ки минбаъд ақидаҳои идеологияи иртиҷоии толибизмро дар байни сокинони Тоҷикистон тарғибу ташвиқ созанд. Ҳар ду омили дар боло зикршуда ҳамчун оқибатҳои ногувори назариявию амалии толибизм ба таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, бо омилҳои барангезандаи онҳо мубориза бурдан зарур аст. Ин масъала ягона роҳи ҳалли худро дорад, ки бояд аз ҷониби мардуми Афғонистон, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда шавад - таъсис додани ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсии Афғонистон.

Дар баробари ҷанбаҳои этникӣ-қавмии идеологияи толибизм омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки оқибатҳои ногувори назариявию амалии онро барои таъмини амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас месозанд. Ин, пеш аз ҳама, ба гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир дахл дорад.

Оид ба гардиши ғайриқонунии аслиҳа сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки муборизаи мусаллаҳона дар роҳи дин ҷузъи ҷудонашавандаи иделогияи толибизм буда, намояндагони Ҳаракати толибон то он даме арзи ҳастӣ доранд, аслиҳаро аз даст нагузошта, хариду фурӯши онро идома хоҳанд дод. Ба ибораи дигар, гардиши ғайриқонунии аслиҳа аз ҷониби толибон ҳамчун таҳдид ба амнияти Тоҷикистон ба ҳайси масъалаи мубрам барои муҳлати номуайян аҳаммияти бештарро аз пеш касб мекунад.

Дар ин самт дар Тоҷикистон бояд ба эътибор гирифта шавад, ки аслиҳа дар дасти террористони даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ солҳои навадуми қарни гузашта, аз ҷумла дар дасти ҷангиёни ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ асосан аз Афғонистон ворид шуда буд. Дар даврони ҳукмронии якуми толибон дар ин кишвар низ гардиши ғайриқонунии аслиҳа дар сарҳадҳои Тоҷикистону Афғонистон ба мушоҳида мерасид. Ҳоло бошад, толибон аслиҳаи зиёдеро ҳамчун мерос аз амрикоиҳо дар даст дошта, ба қавли мутахассисони соҳа, метавонанд кишварашонро ба бозори бузургтарини фурӯши аслиҳа ба террористону экстремистҳо дар ҷаҳон табдил диҳанд.

Чунонки маълум аст, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир бо ҳам тавъаманд. Аз ин рӯ, толибон ҳамон се роҳи маълуми фурӯши маводи мухаддирро – аз тариқи Тоҷикистон, тавассути Ӯзбекистон ва аз сарҳадҳои Туркманистон метавонанд барои фурӯши яроқу аслиҳа низ истифода намоянд. Ба шаҳодати муҳаққиқи соҳа Э. Вудс фақат дар Федератсияи Россия дар солҳои охир миқдори яроқу аслиҳаи ғайриқонунии мусодирашуда, ки баромади афғонӣ дорад, зиёд гардида, 9 фоизро аз ҷамъи умумии чунин қочоқ ташкил додааст. Бо ҳамин сабаб, толибон метавонанд таҷрибаи собиқи қочоқи аслиҳаро аз Афғонистон истифода бурда, ба марҳалаи нави гардиши ғайриқонунии аслиҳа оғоз бахшанд, ки дастраси экстремисту террористон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гардида, қабл аз ҳама, ба таъмини амният дар ҷумҳурии мо таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Тоҷикистон вазъи баамаломадаро дар Афғонистон дар самти гардиши ғайриқонунии аслиҳа, инчунин қобилият ё хоҳиш надоштани толибонро барои мубориза бо созмонҳои террористии шимоли ин кишвар ба эътибор гирифта, аллакай як қатор тадбирҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, назорат дар сарҳадҳо пурзӯр карда шуда, дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД - ОДКБ) созишномаҳои дахлдор қабул гардидаанд. Аммо инро ба назар гирифта, ки идеологияи толибизм ба муборизаи мусаллаҳона ва ҷангҷӯӣ асос ёфтааст, барои бартараф сохтани оқибатҳои ногувори назариявию амалии он ба амнияти Тоҷикистон, бояд, аз нигоҳи мо, дар доираи дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, хусусан бо Ситоди мақоми зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон қарор дорад, ҳамкориҳо дар самти пешгирии гардиши ғайриқонунии аслиҳа аз террористони Афғонистон ва толибон тавсеа дода шаванд.
Таҳлилҳои боло ба куллӣ собит месозанд, ки идеологияи иртиҷоии толибизм ба таъмини амнияти миллӣ дар Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он таъсир расонида метавонад. Аз ин рӯ, зарурати он вуҷуд дорад, ки оқибатҳои ногувори назариявию амалии ин идеология ба тамоми соҳаҳои зикршуда мушаххас карда шаванд.

Чунонки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ бо кишвари ҳамсояи худ Афғонистон муносибатҳои хуб дошта, робитаҳои сиёсиро бо ҳукуматҳои гуногуни он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда буд. Дар даврони истиқлоли давлатӣ низ Тоҷикистон бо халқи Афғонистон ягон зиддияте надошта, робитаҳои сиёсиро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар даврони ҳукуматдории Бурҳониддини Раббонӣ ва минбаъд Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ низ ба таври сулҳомез амалӣ сохтааст. Аммо инҷо як истисное буд, ки дар даврони ҳукмронии толибон солҳои 1996-2001 ин робитаҳо қатъ шуда буданд, зеро Тоҷикистон ин Иморати Исломии Афғонистонро чун аксарияти кишварҳои дигари олам ба расмият нашинохта буд. Мутаассифона, бозгашти толибон ва ғасб гардидани ҳокимият аз ҷониби онҳо санаи 15 августи соли 2021 робитаҳои сиёсиро боз ҳам ба нестӣ кашид. Сабабгори ҳамаи ин, аз нигоҳи мо, маҳз моҳияти миллатгаройӣ ва радикалӣ доштани идеологияи иртиҷоии толибизм аст, ки на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи ҳукумати толибонро, ки дорои чунин идеологияи иртиҷоӣ аст, рад менамоянд.

Вобаста ба роҳандозии робитаҳои сиёсӣ бо ҳукумати толибон ҳаминро бояд қайд намуд, ки қатъи чунин робитаҳо ба муҳлати номаълум хавфу хатарҳои зиёд дошта, ҳамчун мушкилот барои таъмини амнияти миллӣ дар Тоҷикистон ва кулли минтақа ба ҳамин муҳлати номаълум боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, муҳаққиқони зиёде ин мушкилотро хатарзо ва ҳалли онро аз худи толибон вобаста донистаанд. Оид ба ин масъала муҳаққиқи россиягӣ Қ. Чакмак барҳақ зикр намудааст, ки толибон бо идеологияи иртиҷоии худ умеди кулли ҷаҳониёнро оид ба барқарор сохтани робитаҳои сиёсӣ бо онҳо барбод доданд: «Яке аз талаботи асосии ҷомеаи байналмилалӣ (аз ҷумла Россия) ба толибон бунёди ҳукумати демократӣ аст, ки ба он бояд ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ шомил карда шаванд. Ҳукуматро ғасб намуда, толибон ваъда доданд, ки инро иҷро мекунанд, аммо дар муҳлати гузашта толибон ба таври равшан нишон доданд, ки ҳадафи онҳо бунёди давлати исломӣ аст. Толибон Ҳамаи амалҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар самти бунёди давлати муосири дунявӣ ва сулҳпарвар дар Афғонистон ба нестӣ бурданд». Чунонки мебинем, талаботи ҳамаи ҷаҳониён ба толибон ҳамчун талаботи Тоҷикистон як аст, аммо идеологияи иртиҷоии толибизм имкон намедиҳад, ки ин иҷро карда шавад. Ҳамаи ин барои таъмини амният дар Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи назариявӣ ва ҳам амалӣ оқибатҳои ногувор дошта метавонад. Раҳоӣ аз он бошад, аз нигоҳи мо, танҳо тавассути ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон муяссар мегардад.

Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон низ дар ҳалли мушкилоти таъмини амнияти миллӣ нақши бузург доранд. Тавре, ки маълум аст, Тоҷикистон аз даврони шуравӣ бо ин давлат ҳамкориҳои қавӣ доштаст. Дар бораи ин ҳамкориҳо сухан ронда, муҳаққиқи тоҷик М.М. Дуллоев қайд мекунад, ки самти муҳимми робитаҳои иқтисодӣ байни ду давлат ин ҳамеша тиҷорат будааст: «Дар бораи таърихи робитаҳои тиҷоратии тоҷикону афғонҳо сухан ронда, бояд зикр намуд, ки корхонаҳои саноатии Тоҷикистони Шуравӣ сол ба сол содироти худро ба ин кишвар васеъ менамуданд. Бо расидани Тоҷикистон ба истиқлоли давлатӣ соли 1991 марҳалаи нави рушди робитаҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон оғоз гардид».

Ногуфта намонад, ки тайи чанд соли охир аз болои дарёи Панҷ купрукҳо сохта шуданд, ки на танҳо тиҷоратро миёни Тоҷикистону Афғонистон миқдорану сифатан боло бурданд, балки дар солҳои барои мардуми афғон хеле ҳассос онро аз вартаи ҳалокату гуруснагӣ дур сохтанд. Исботи возеҳи ин дар он инъикос меёбад, ки дар вазъи набудани робитаҳои сиёсӣ бо ин кишвар бо ҳидоятҳои Пешвои миллат Тоҷикистон ташаббус нишон дода, чандин дафъа ба мардуми Афғонистон кӯмакҳои башардӯстона расонид, бозорҳои наздисарҳадиро барои тиҷорати дуҷониба ифтитоҳ намуд ва ғайра. Зуҳуроти толибизм бошад, рӯз ба рӯз ба коҳиш ёфтани муносибатҳои иқтисодии байнидавлатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон муосидат карда истодааст.

Инҷо метавон як мисоле аз сиёсати иқтисодии толибон овард, ки аз моҳияти идеологияи онҳо бархоста, вазъро метавонад дар Осиёи Марказӣ муташанниҷ гардонад. Ин мисол ба бунёди канали Қуштеппа дахл дорад, ки дар Амударё сохта шуда, Афғонистон метавонад то 25 фоизи оби ин дарёро ба канал равона созад. Ин амал ба нокифоягии об дар заминҳои поёноби Ӯзбекистону Туркманистон расонида (тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ аллакай ин мушкилоти камобӣ дар вилояти Лебапи Ҷумҳурии Туркманистон пайдо шудааст), мушкилоти баҳри Аралро боз ҳам зиёдтар месозад, ба фалокатҳои экологӣ ва амсоли он меоварад. Беҳуда нест, ки баъзе рӯзномнигорон дар васоити ахбори омма ин амали толибонро дар самти бунёди канал «терроризми обӣ» номгузорӣ кардаанд. Саркардагону намояндагони толибон ва ҳатто баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки ин ҳуқуқи толибон тибқи қонунгузории байналмилалӣ аст: «Афғонистон пурра ҳуқуқ дорад, ки захираҳои обии Амударёро истифода барад, ин бояд ба ҳисоб гирифта шуда, дар санадҳои нави ҳуқуқии байналмилалӣ дарҷ карда шавад».

Албатта, ин амал тибқи санадҳои байналмилалӣ манъ нашудааст, аммо бе дарназардошти вазъи баамаломада дар минтақа бояд тасмим дар бораи бунёди чунин объектҳо баъди ҳисобу китоби илман асоснок, дастаҷамъона, дар машварат бо кишварҳои манфиатдор ва амсоли он сурат гирад. Аз ин рӯ, мушкилоти экологии дар натиҷаи боз ҳам хушкшавии маҷрои дарёи мазкур ба таъмини амнияти миллии Тоҷикистон низ бевосита дахл хоҳад дошт, ки бояд ҳалли худро ёбад. Ба ақидаи мо, барои ҳалли ин масъала бояд дар доираи Бунёди наҷоти баҳри Арал бо иштироки кулли аъзои он, аз ҷумла Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ба толибон низ расонида шаванд.


Оид ба масъалаи камобӣ дар поёноби Амударё дар натиҷаи бунёди канали Қуштеппа бошад сухан ронда, бояд зикр кард, ки дар мадди аввал чунин ба назар мерасад, ки ин ба вазъ дар Тоҷикистон ягон таъсире надорад. Аммо, ба андешаи мо, ин амал ба кишвари мо таъсири бевосита надошта бошад ҳам, тавассути амалҳои дигари бавосита метавонад ба амнияти миллии ҷумҳурии мо низ таъсир расонад. Ба таври мисол метавон қайд намуд, ки кишварҳои поёноб бар асари камобӣ баъди бунёди канали мазкур метавонанд оид ба кам кардани истеъмоли захираҳои обии Панҷ ва дарёҳои дохилии Тоҷикистон, хусусан Вахш ва Кофарниҳон, ки ба Панҷ-Амударё мерезанд, масъалагузорӣ кунанд. Дар ин сурат бунёди канали Қуштеппа ба истифодаи захираҳои обӣ ва истеҳсоли неруи барқ ва тавассути ин ба таъмини амният дар ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мегузорад.


Чунонки аз як мисоли боло мебинем, сиёсати нокомили иқтисодии толибон, ки дар идеологияи онҳо мавқеи равшан надорад, аз нигоҳи мо, аллакай барои Тоҷикистон ва кулли минтақаи Осиёи Марказӣ мушкилоти амниятиро эҷод сохта истодааст. Минбаъд бошад, агар Ҳаракати толибон дар сари қудрат бимонад, ингуна мушкилот танҳо зиёдтар хоҳад шуд.

Таҳлилҳои боло ба чунин хулоса мерасонанд, ки идеологияи толибизм ва амалҳои Ҳаракати толибон ба тамоми соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибатҳои ногувори назариявию амалӣ доранд, ки барои таъмини амнияти миллӣ дар кишвари мо метавонанд халал ворид созанд. Ҳамаи ин аз хусусияти иртиҷоӣ доштани ин идеология, таҳдиди паҳншавии ин идеология ва ё идеяҳои алоҳидаи он дар миёни баъзе диндорон ва шахсони мавқеи устувори шаҳрвандӣ надошта дар кишвари мо тавассути содироти толибизм ва амалҳои экстремистию террористии намояндагони ин ҳаракат, дастгирии Ҷамоати Ансоруллоҳ (Толибони Тоҷикистон) ва дигар ҷунбишҳои экстремистию террористӣ сарчашма мегирад. Ҳамаи ин мушкилоте, ки толибон ба миён овардаанд, хавфу таҳдидҳои толибизмро ба таъмини амнияти миллӣ дар кишвари мо бамаротиб афзун мегардонанд.


Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими ИФСҲ ба номи А. Баҳоуддинови АМИТ
Ҳакимов Ҷ.А. – унвонҷӯи ИФСҲ ба номи А. Баҳоуддинови АМИТ,