Перейти к основному содержанию

30 июли соли равон бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори КИИ “Хирадмандон” и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аксияи тарғиботии “Тоҷикона мепушем” баргузор гардид. Дар ин аксияи мазкур бонувону духтарони муассисаҳои илми таҳқиқотӣ иштирок намуад, барои муаррифии фарҳанг ва либоси миллии тоҷикона саҳми худро гузоштанд.

Зеро имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки масъалаи пушидани либоси тоҷикона аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, намунаи либосҳои тавсиявӣ барои занону бонувони Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Ин иқдоми наҷиби Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он мақсад аст, ки мо миллати тамддунофари тоҷик фарҳанги миллии ниёгони хешро ҳифз ва эҳё намуда, маҳз ба ҷаҳониён исбот намоем то мо миллати соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун ҳастем.

Ҳамин аст, ки тоҷикон аз қадим ҳамчун миллати созанда, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни инсоният саҳми босазо гузоштанд. Аз ҷумла, халқи тоҷик кошиф ва ихтироъкори матоъҳои абрешимин, ба монанди атласи оламшумул, адрас, гулбаст ва куртаю чодарҳои гулбаст ва гулдӯзишуда буда, онҳо ҳамчун аз рукнҳои арзиши бебаҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳон шуҳрат ёфтанд.

Либоспӯшӣ таҷассумгари фарҳанги миллӣ буда, барои худшиносӣ ва ифтихори миллии инсон нақши муҳим мебозад. Миллати тоҷик аз қадим бо сару либоси хоссаи худ аз маҳаллу миллатҳои дигар фарқият дошта ва ин анъанаро то ҳанӯз нигоҳ доштаанд.