31 июли соли равон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар пояи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИТ озмоишгоҳи паразитологӣ муҷҷаҳаз бо асбобу таҷҳизоти муосир таъсис дода шуд. Зимни маросими ифтитоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону академикон иштирок намуданд.
Таъсиси озмоишгоҳи нав бо дар назардошти зарурати рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ин аз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Қайд гардид, ки як таҷҳизоти замонавии озмоишгоҳ ин таҷҳизоти таҳлили иммуноферментӣ (ЭЛАЙЗА) ба шумор рафта, барои муайян намудани як қатор бемориҳои хавфноки зоопаразитӣ аз қабили трихинелёз, эхинококкоз, трипоносомоз, токсокароз ва описторохоз истифода бурда мешавад. Ҳамзамон беш аз 30 номгӯи лавозимоти лабараторӣ, таҷҳизоти гуногуни замонавӣ барои таҳқиқоти биологӣ ва паразитологӣ насб карда шудааст.
Инчунин, заррабини нусхабардории замонавӣ бо мақсади таҳқиқи сохти морфологӣ, муайян намудани таркиби намудӣ, аксбардории обектҳои хурдандоза истифода бурда мешавад. Ҳамчунин дар ин озмоишгоҳи нав таҷҳизотҳои бокси бехтараии биологӣ дараҷаи II, асбоби тамизкунӣ (стерилизатор), ҷевони хушккунӣ, инкубатори биёхимиявӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Таъсиси озмоишгоҳи нав имконият медиҳад, ки Институт бо як катор муассисаҳои давлатӣ, байналмиллалӣ ва ташилоту корхонаҳои хусусӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, фаъолияти худро барои рушди илм ва таъмини бехатарии биологӣ ва амнияти озуқаворӣ бо дигар муассисаҳо дар ҳамоҳангӣ вусъат бахшад.