Перейти к основному содержанию

Имрӯз дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Ҳуҷҷатгузорӣ дар фонди осорхонаҳо” баргузор гардид. Чорабинӣ, ки бо дастури Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессори Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт гузаронида шуд, аз ҷониби ноиби президенти АМИТ оид ба масъалаҳои гуманитарӣ, муҳтарам Саломиёни М.Қ. ифтитоҳ ёфт, ки муҳимияти ҳуҷҷатгузории дурустро дар фонди осорхонаҳо барои ҳифзи мероси фарҳангии кишвар таъкид намуд. Инчунин бо дастудри бо дастури Президенти АМИТ, профессори Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, гуруҳи корӣ барои санҷиши ҳуҷҷатгузории осорхонаҳои назди сохторҳои АМИТ таъсис дода шудааст, ки ин гурӯҳ таҳлили ҳолати ҷории ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳияи тавсияҳо барои беҳтар намудани онро ба ӯҳда хоҳад дошт.

Маърузаро н.и.т. Шарифзода А., коршиноси маъруф дар соҳаи осорхонашиносӣ, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, баргузор кард. Дар суханронии худ Шарифзода А., дар бораи усулҳо ва меъёрҳои муосири ҳуҷҷатгузории фонди осорхонаҳо муфассал нақл карда, тавсияҳои амалӣ оид ба татбиқи онҳо дар фаъолияти осорхонаҳоро пешниҳод намуд.

Дар семинар кормандони осорхонаҳои тобеъи Академияи илмҳо ширкат варзида, фаъолона дар муҳокимаҳо иштирок намуда, саволҳо доданд. Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои калидии ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла инвентаризатсия, нигоҳдорӣ ва истифодаи ашёи осорхона, инчунин масъалаҳои амният ва ҳифзи иттилоот баррасӣ шуданд.

Ин чорабинӣ ба баланд бардоштани малакаи касбии кормандони осорхонаҳо ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисон қадами муҳим гардид. Семинар бо муҳокимаи гарм ба поён расид; иштирокчиён иттилоотнокӣ ва фоидаи амалии онро қайд намуданд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ кушиш хоҳад кард, ки чунин чорабиниҳоро барои дастгирӣ ва рушди соҳаи осорхонашиносӣ дар кишвар баргузор намояд.