Истиқлолияти комил дар ҳама давру замонҳо нишондиҳандаи пойдории халқияту миллат буд ва нигоҳ доштану ҳифзи бегазанди ҳамешагии ин рисолати ифтихорбахш, аз муҳимтарин шарафи инсонӣ ҳисоб меёбад.
Тоҷикон чун сокинони азалии минтақаи Осиёи Марказӣ, дар саргаҳи тамаддуни ин сарзамини доманфарох қарор дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳои таърихи худ борҳо шаҳди соҳибдавлати ва заҳри бедавлатиро чашидаанд.
Пӯшида нест, ки аъанаҳои давлатофарии тоҷикон аз қаъри асрҳо қадим ибтидо гирифтааст. Бозёфтҳои аз ҳафриёти Саразм ба дастомада, аз таърихи панҷуним ҳазорсолаи оғози ин раванд дарак медиҳанд. Дар асрҳои оянда ин нишондиҳандаҳо то рафт бештар шакл мегирифтанд. Ҳанӯз хеле пештар аз ба доираи империяи бузурги замон, - Ҳахоманишиҳо (асрҳои VI- V пеш аз милод) кашидани Осиёи Миёна, дар ин сарзамини азалӣ асрҳои асрҳои VIII-VI то милод хоразмиён, суғдҳо, бохтарҳо, парфиягиҳо ва ғайра дар зинаҳои аввали давлатдории аҷдодӣ қарор доштанд. Аз ин рӯ, сарманшаи давлатдории тоҷиконва сохтори онро аз ҳамон давра бояд ҳисоб кард.
Чунин фаҳмиш ҳаргиз мақому манзалати Давлати Сомониёнро маҳдуд накарда, баръакс ба падидаи таърихии давлатдори тоҷикон тобиши тоза мебахшад. Чунки Давлати Сомониён на танҳо камолоту муттамарказии қавии давлатдорӣ, инчунин намунаи олии давлатдории классикӣ ва ташаккули пурраи халқияти тоҷик ҳисоб меёбад. Ончи то имрӯз ба таҳқиқи шукӯҳу шаҳомати он бахшидаем нопурра аст. Омӯзиши таърихи воқеии он замонро муаррихини наслҳои оянда идома хоҳанд бахшид. Дар ин радиф мӯҳтавои марказиро аз куҷо маншаю реша гирифтани анъанаҳои давлатдории тоҷикон бояд ишғол намояд. Ин шарти асосии худшиносии миллист.
Баъди бо тақозои тақдир соли 999 пош хӯрдани давлати абарқудрати Сомониён, таърих боз чанд кӯшиши бобарори давлатдори тоҷиконро бо унвони давлати Ғуриён (1149-1215), Куртҳои Ҳирот (1245-1381), Сарбадорон (1335-1383) медонад, ки худ чун дурахши ситораи пурҷиллое пайдо шудаву ба таври фоҷиавӣ аз байн рафтаанд. Ин давлатҳо табиист, ки ба ҳадди меросбару идомабахши давлати Сомониён нарасида бошанд, ҳам чун намунаи талошмандии қавии тоҷикон барои ҳокимияти сиёсӣ ва давлатдории муттамарказ шинохта мешаванд.
Аз ин ҷост, ки амалан, баъди пош хӯрдани давлати Сомониён тоҷикон ҳарчанд дар ҳайати силсиласулолаҳои аҷнабию кӯчӣ қариб ҳазор сол аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум шуда бошанд ҳам, вале рисолати пешсафии фарҳангии худро нафақат идома мебахшиданд, инчунин ақвоми соҳибсалтанатро ба доираи тобеъияти пурраи анъаноти таърихию фарҳангии худ кашида буданд. Шояд ҳамин рисолати фарҳангсолорӣ то дараҷае майли муборизаи ин халқи тамаддунофарро барои ҳокимият суст кардаву онро дар тобеъияти сиёсӣ ё зери ҳукми бедавлатӣ нигоҳ медошт.
Воқеияти таърихии охири асри XIX – ибтидои асри XX, хосатан Ғалабаи Инқилоби Октябр дар тақдири халқҳои мазлуми империяи Русия барои эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дарвоқеъ, натиҷаи назаррастарини инқилоб барои тоҷикон асоси қавӣ гузоштан ба оғози эҳёи давлатдории ин халқи азалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳисоб меёбад.
Бо эҳсоси ҳамин воқеият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард”.(Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён. – Лондон, 1999. – С.103).
Аз ин рӯ Инқилоби Октябр ва дигаргунсозиҳою дастовардҳои бесобиқаи ба туфайли он рӯи кор омадаро эътироф накардан, маънии аз ҳақиқати таърих қасдан фосила ҷустан ё нишондиҳандаи батамом таърихноогаҳист. Дарвоқе, ба дасти шӯроҳо гузаштани низоми давлатдорӣ барои бедор намудан ва ба маҷрои зарурӣ сафарбар намудани неруи созандаи тоҷикон шароити мусоид муҳайё намуд.
Ба нақши инқилоби Октябр ва дастовардҳои Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ Президенти мӯҳтарами мо, Поягузори истиқлолияти комили ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон баҳои ниҳоят воқеъбинона дода, аз ҷумла қайд менамоянд: “Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд. Барои мардум танг ҳам бошад, майдони кор ва эҷоду фаъолият муҳайё сохт. Оҳиста-оҳиста дар водиҳои нообод ва кӯҳистонҳои дурдаст деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои обод бунёд гаштанд. Мактабу маориф ва илму фарҳанг бо суръат инкишоф ёфт. Фарзандони халқи тоҷик бо мададу дастгирии бародаронаи олимони русу украин ва дигар халқҳо дар кашфи нодиртарин соҳаҳои илм ангуштнамо шуданд... Эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллати тоҷик қувват гирифт. Дар радифи дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо рӯ ба тараққӣ овард ва ба як мамлакати ободу зебо табдил ёфт”. (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён.– С.103).
Вале аз тарафи дигар ҳамаи дастовардҳои замони Шӯравӣ наметавонанд, он гардиши қисматсози таърихии расидан ба истиқлолияти комилро зери пардаи ғубор нигоҳ доранд. Он чи бо тақозои тақдир пеш омад, аз марказ бо айби сарварони ҳизбию давлатӣ, ҷудоихоҳони худи Русия сурат гирифта буд. Натиҷааш барои Тоҷикистони акнун ба фазои истиқлолияти комил воридгардида ба таври фоҷиавӣ оғоз ёфт.
Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо тақозои таъриху тақдир, аниқтараш ба талаби воқеияти замон сарфаҳм нарафтани роҳбарияти он, раванди суръатафзои пешини худро таъмин карда натавонист ва дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта ҳар чи бештар ба гирдоби бӯҳрони шаддиди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаро фарогир кашида шуд.
Фазои ноустувори сиёсию иқтисодии замони бозсозии горбачевӣ, барои Тоҷикистони дар ин марҳалаи таърихӣ аз дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ нисбатан қафомонда бештар таъсир гузошт. Дар баробари то рафт авҷ гирифтани талаби ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ, мисли дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҷумҳурии мо низ ба мавҷи ҳаракати ҷудоихоҳӣ кашида шуд. Ташаббускори он ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятие шуданд, ки дар аввал бо иқдомӣ гӯё барои ҷомеа фоидабахш амал менамуданд. Вале баъди каме қувват гирифтан, рӯи рост барои ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекардагӣ шуданд. Аз сабаби таҷрибаи зарурии сиёсӣ надоштан, ин қувваҳои дар ибтидо барои мустаҳкам намудани пойгоҳи демократӣ, таъмини рушди иқтисодию иҷтимои ва фарҳангии ҷомеа талошдошта, баъди муддате пурра ба маҷрои қувваҳои иртиҷоии динӣ, курситалабони маҳаллӣ, ва ғаразмандони хориҷӣкашида шуданд.
Ин ҷунбишҳо аз моҳи феврали соли 1989, аз талаби қабули Қонун дар бораи мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ оғоз гардиданд. Дар натиҷаи талошҳои зиёиён, ҳамин сол ин талаб асоси қонунӣ пайдо намуд. 22 июл - рӯзи қабули Қонуни забон, рӯзи забон эълон карда шуд.
Вале дере нагузашта маълум шуд, ки иддае ин қонунро на барои тоза нигоҳ доштани забони дар тӯли садсолаҳо ташаккулёфта ва ҳамчун забони адабии тоҷик шинохташуда истифода бурданӣ буданд. Таҳти шиорҳои «Тоза кардани забон», «ба намуди аслиаш баргаштан», ва ғайра баромад карда, ба забон чунин калимаю ибораҳое дохил менамуданд, ки аксари онҳо аз забони имрӯзаи арабу эрониҳо кайҳо берун шудаанд.
Солҳои 1989-1990 гурӯҳу маҳфилҳои сиёсӣ аз қабили созмони ҷавонони «Рӯ ба рӯ», ки дар Душанбе таъсис ёфта буд, дар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳфилҳои «Ошкоро», Эҳёи Хуҷанд, «Дирафши Ковиён», ва «Таҷдид» ба вуҷуд омаданд. Ҳамчунин дар маҳалу минтақаҳои гуногун ҷунбишу созмонҳои «Бохтар», «Самарқанд», «Куруши Кабир», «Суғдиён», «Ваҳдат», «Пайванд» ва баъди чанде созмони мардумии «Растохез» оғози фаъолият намуданд. Дар ин солҳо ҳамчунин созмонҳои «Лаъли Бадахшон», «Ҳисори Шодмон», «Меҳри Хатлон», «Зарафшон», «Истаравшан», «Ватан», «Самарқанд», «Хуҷандиён», «Ҳамдилон», «Носири Хусрав» ва ғайра фаъолият доштанд, ки ҳар кадоме дар доираи биниши танги маҳалли худ амал мекард. Дар маҷмӯъ талоши онҳо аз курситалабӣ, ҷудоиандозии миллӣ беш набуд.
Ин маҳфилу созмонҳо, ҳар чӣ бештар дар зери шиори арзишҳои демократӣ баромад карда, фаъолияти ҳизби коммунист, ки пештар пешвои ягонаи идеологӣ ҳисоб меёфт ва сохтори давлатдории шӯравиро зери тозиёнаи танқид мегирифтанд. Аз кундзеҳнии сиёсии ин тоифа истифода бурда, тундравони исломӣ, ки дар хориҷи мамлакат алакай такягоҳ пайдо карда буданд, ҳар чӣ бештар онҳоро ба доираи таъсири худ мекашиданд.
Воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 муттаҳид шудани қувваҳои сиёсии зиддиҳукуматӣ дар ҷумҳурӣ аз заиф гардидани системаи идораи шӯравӣ дарак медоданд. Агар чанде тазоҳуроти сиёсии соли 1990 ба шикасти қуваҳои бо ном демократӣ анҷом ёфта бошад ҳам, вале дар интихоботи ҳамин сол тақрибан чаҳоряк депутатҳои халқ аз ҳисоби ҷабҳаи мазҳабию демократӣ интихоб шуданд, ки ин аз тағйир ёфтани таносуби қувваҳои сиёсии Тоҷикистон гувоҳӣ медод.
Падидаи назаррастарини ин давраи шадиди муқовимати сиёсӣ, дар он зоҳир гардид, ки Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард. Ин аввалин санаде буд, ки аз наздик шудани Тоҷикистон ба истиқлолияти воқеӣ башорат медод. Хусусияти ба тақозои замон созгори Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон дар он зоҳир мегашт, ки он дар доираи назардошти мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардида буд.
Баъди воқеаҳои моҳи августи соли 1991 (кӯшиши бебарори аз ҳокимият дур кардани Михаил Горбачев), саъю талоши ба даст даровардани истиқлолияти комил аз тарафи ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ боз фаъолтар гардид.
Натиҷаи ин амали истиқлолиятхоҳии ҷумҳуриҳо барои Тоҷикистон бетаъсир буда наметавонист. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати муҳимми таърихӣ «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки дар асоси он ҷумҳурӣ расман соҳибихтиёр эълон карда шуд. Ин аз диди таърих натиҷаи ниҳоии зинаҳои тақдирсози эҳёи давлатдории тоҷикон ҳисоб мебад.
Соли 1991 шиддат гирифтани моҷароҳои сиёсӣ ва майдоннишиноҳои бардавом ба эътирофи расмии ҳизбҳои навтаъсиси сиёсӣ оварда расонд. Ҳизби демократии Тоҷикистон 21 июн ва Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон 4 декабри соли 1991 расман ба қайд гирифта шуданд.
Ҳанӯз муждаи мустақилияти Тоҷикистон аз гӯшҳо нарафта, бо кӯшиши душманони миллат, курсихоҳони маҳалбоз, муллотарошони дунёбехабар, думравони ғаразманди хориҷӣ аз ноӯҳдабароии роҳбарони сиёсии онвақта истифода бурда, онро ба гирдоби даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Яксолаи аз маъракаи интихоботии президентӣ (ноябри соли 1991) то Иҷлосияи ХУ1-ми таърихии Шӯрои Олӣ (ноябри соли 1992), соли хавфноктарину мудҳиштарини таърихи ҷадиди тоҷикон ҳисоб меёбад.
Ҳарчанд гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ аз номи халқ 9 нафар гӯё беҳтарин намояндагонро ба номзадии Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод намуда, дар атрофашон ҳаёҳуйи гӯшношунид бардошта буданд, вале ба ҳар як фарди солимфикр маълум буд, ки ҳар кадоме аз ин номзадҳо чӣ ҳадаф доштанд, чӣ манфиат меҷустанд ва ба кадом нерӯи сиёсӣ такя мекарданд. Аз ин ҷост, ки натиҷаи интихобот натанҳо ихтилофи талоши курситалабонро суст накард, баръакс боиси боз ҳам шиддат гирифтани вазъи сиёсӣ гардид.
Президенти тозаинтихобшуда Раҳмон Набиев, ки чанд сол аз вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ иҷборан дур карда шуда буд, дар чунин вазъият раванди воқеаҳо ҷилавгирӣ карда натавонист. Курситалабони гузаро ва гумоштагони дохилу хориҷ, ки истифодаи яроқу поймол намудани талабҳои конститутсиониро ягона роҳи ба даст даровардани ҳокимият қарор дода буданд, ӯро иҷборан аз вазифа ронданд. Бӯҳрони сиёсӣ ҳамоно шиддат мегирифт.
Буданд қувваҳое ки аз пора гаштани Тоҷикистон манфиат меҷустанд. Дар ин амали зишту фоҷиабори онҳо албатта дасти муқтадири душманони хориҷӣ эҳсос мешуд. Ноустувории сиёсӣ торафт авҷ мегирифт. Ҳароси фоҷиаи мудҳиш боҷуръаттарин солимфикрони ҷомеаро низ фаро гирифта буд.
Оғози гирдиҳамоии бардавоми моҳи сентябри соли 1991, аз тарафи қувваҳои мухолифини давлатӣ ғасб кардани Телевизиони марказӣ, муқобили ҳамдигар қарор гирифтани гирдиҳамомадагони майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» (апрел-майи соли 1992), таъсиси Ҳукумати муросои миллии бесалоҳият, (май-ноябри соли 1992), дар фурудгоҳи Душанбе бо зури силоҳ ба истеъфо маҷбур кардани Президент Раҳмон Набиев, нишонаҳое буданд, ки аз тоҷикистонро ба гирдоби фоҷиаи мудҳиш кашидан дарак медоданд.
Акнун вазъияте ба амал омада буд, ки соҳибмансабони нав ё «болоҳо» ҳукуматро идора карда наметавонистанд, халқ ё «поёниҳо» тамоман аз итоати онҳо баромада буданд. Вазъе фаро расида буд, ки имрӯз ҳам аз ба ёд оварданаш кас меларзад. Тоҷикон гӯё ба ҳадди охирини мавҷудияти давлату давлатдории бо амри тақдир эҳё гаштаи худ расида, аз носипосиву ғаразхоҳии фарзандонаш боз аз нав ба қаъри гумномии таърихӣ ғӯта мезананд. Ҳамаро интизории ин имтиҳони нави таъриху тақдир фаро гирифта буд.
Ниҳоят 5 майи соли 1992 дар бинои Шӯрои Олӣ ваҳшиёна паррондани сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», депутати Шӯрои Олии Муродулло Шералиев, дар деҳаи Оли Совети ноҳияи Ленин тирборон кардани мардуми бесилоҳ, террори Прокурори Генералии Ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, ба қатл расондани муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб, хуҷум ба Кумитаи амнияти давлатӣ, силсилаи воқеаҳое буданд, ки аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дарак медоданд. Ҷанг муддате нагузашта вилояти Қӯрғонтеппаро фаро гирифт. Хавфи ба дигар ноҳияҳо доман паҳн кардани он то рафт бештар меафзуд.
Ба бахти тоҷикон ва тамоми тоҷикистониён, бо мушкиливу ташвишҳои зиёде бошад ҳам ҷаласаи тақдирсози ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби дар шаҳри бостонии Хуҷанд кори худро оғоз намуд. Он рӯз дар Иҷлосия аз 230 нафар депутатҳои халқ 193 нафар иштирок доштанд. аз ширкат накардагон 3 нафар фавтидагон буда, 4 нафари бо сабабҳои гуногун дар оғози иҷлосия ҳозир нашуда, дар ҷаласаҳои минбаъда иштирок намуданд. Шумораи иштирокнакардагон Ҳамагӣ ба 30 нафар мерасид. Аз инҷост, ки дар чаҳорчӯбаи қонун гузаштани Иҷлосия ҷои шубҳа намонда буд.
Иҷлосия дар сурате оғоз ёфт, ки тамоман фалаҷ гаштани ҳокимият, чи хеле, ки дар боло зикри он рафт, ба касе пинҳон намонда буд. Аз рафти иҷлосия мушоҳида мешуд, ки ҳукумати расмӣ ҷилави давлатдориро аз даст додааст. Дар чунин ҳолат гӯё аз тариқи гуфтушуниди сиёсӣ ҳал намудани тамоми масоили рӯзмарра ғайриимкон гашта буд. Онро касе ба даст гирифта метавонист, ки дар баробари гузаронидани чорабиниҳои нозуки сиёсӣ, инчунин ба дастгирии қувваҳои низомӣ ва нимнизомии муҳофизати қонуни амалкунанда муваффақ шавад.
Дар ҷаласаи машваратии 17 ноябр баргузоргардида, дар қатори дигар сухангӯён Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов баромад карда, аз ниҳоят ногувории озуқавии вилояти Кӯлоб изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ доир ба масъалаи ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ чунин изҳор дошт: «Ҷанги шаҳрвандӣ хисороти азимеро ба бор оварда, сабабгори ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид. Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд. Давом додани хунрезӣ беақлист ва ба он мекӯшем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ, оромӣ ҳукмфармо бошад. Маҳз бо ҳамин мақсади олӣ мо ба иҷлосия омадем». Суханронии ӯ кӯтоҳ ҳам бошад бо масъалагузориҳои мушаххас фарқ мекард. Ва маҳз бо сабаби ҳамин сухаронӣ ӯ тавонист таваҷҷуҳи вакилонро ба худ ҷалб намояд.
18 ноябри соли 1992 ҳамчун рӯзи якуми кории пурмаҳсули Иҷлосия дар саҳифаи таърих ворид шуд. Ба муҳокимаи депутатҳо лоиҳаи рӯзномаи Иҷлосия пешниҳод гардид. Дар он масъалаҳои Муроҷиати Шӯрои Олӣ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оиди ба тоҷикистон ворид кардани қувваҳои посдори сулҳ, Оид ба аризаи Президент Раҳмон Набиев доир ба боздошти идораи президенти, дар бораи Раис ва аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумат, дар бораи қатъ кардани ваколати баъзе депутатҳо, дар бораи аз вазифа озод намудани ҷонишини Раиси Шӯрои Олӣ В.И.Приписнов, дар бораи Раиси Девони Вазирон, дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи статуси депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи Додситони кулли ҶТ, дар бораи Парчам ва Нишони ҶТ, дар бораи авфи умумӣ, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муҳокима ва тасдиқ гардиданд.
19 ноябри соли 1992 Иҷлосия масъалаи интихоботи Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дод. Ба ин вазифа аз тарафи намояндаи халқ А. Мирзоев (ноҳияи Ҳисор) номзадии депутати халқ Эмомалӣ Раҳмонов ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ чунин шуд: аз 197 депутат, ки дар иҷлосияи XVI иштирок доштанд, 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд. Тибқи Қарори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 109 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳамин тариқ дар чунин лаҳзаи ҳалкунанда, ғайричашмдошти қисми асосии ширкаткунандагони иҷлосия, ба вазифаи Раиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамзамон иҷрокунандаи масъулияти Раиси ҷумҳур), шахсе пешниҳод шуд, ки аксари намояндагони халқ ва аъзоёни ҳукумат ба азму ҷуръат ва қобилияти давлатдории он шиносоӣ надоштанд. Албатта табиист, ки ки сараввал ба пешниҳоди номзади ин марди ҳоло нисбатан ҷавон ва тахмину фаҳмиши иддае «дар сиёсат бетаҷриба» - Эмомалӣ Раҳмон чун амри тасодуф ба назар расид.
Вале аз қадами нахустини ӯ ба сӯи минбари олии ҷумҳурӣ аз аввалин суханҳояш ба ҳайси номзад ва сипас чун Раиси Шӯрои Олӣ ҳиссиёти нобовариву дудилагӣ ба тезӣ аз байн рафт. Маълум гашт, ки ҷонибдоронаш хато накардаанд. Ҳанӯз дар рафти кори иҷлосия нафақат ба сокинони ҷумҳурӣ, инчунин беҳтарин сиёсатшиносони касбии хориҷӣ, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро мушоҳида намуданд, ки қодир аст то ҷумҳуриро аз ноустувории сиёсӣ, ҷанги шаддиди шаҳрвандӣ ва таҳдиди амиқи парокандагӣ барорад.
Дар Иҷлосия раисони кумитаю Комиссияҳои Шурои Олиро аз нав интихоб намуданд. Ҳамзамон Раиси Шӯрои Вазирон ва дигар аъзои Ҳукумат низ интихоб карда шуданд. Он қонуну таклифу супоришҳои расмие, ки дар ҷаласаи машваратӣ пешниҳод шуда буданд, ба ҳукми расмию қонунӣ дароварда шуданд.
Ҳамин тариқ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаҳои таърихи худ баромад. Иҷлосия барои таҳкими Ҳокимияти давлатӣ, нигаҳдошту ҳифзи истиқлолияти кишвар, муайян намудани самтҳои асосии инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёдии ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи ҳалкунанда ба вуҷуд овард. Ҳамаи қарору қонунҳои дар Иҷлосия қабул гардида, барои пойдории мамлакат, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини истиқлолияти воқеӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ таҳкурсии мӯътамад гузоштанд. Бояд қайд кард, ки дар ин Иҷлосия 74 номгӯи санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.
Маҳз бо туфайли амалӣ гардидани ҳамон қарору қонунҳои Иҷлосия XVI –ми Шӯрои Олии, ҳарчанд, ки дар ин ҷода мушкилоти сангинеро, бо сабаби идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ паси сар кардан лозим омад, мамлакат тавонист, то ба маҷрои осоиштагӣ, ва музаффариятҳои бунёдкорӣ ворид гардад.
Дастовардҳои бузургу ҳамаҷониба фарогири давраи истиқлолияти комили Ҷумҳурӣ, ки амалан дар асоси қарорҳои Иҷлосияи XVI, хосатан таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд, дарстоварди бузургу бесобиқаи таърихи муосири миллат ҳисоб меёбанд.
Иқдоми ҳамаҷониба фарогиру созандаи Пешвои миллат, дар тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва илмию фарҳанги мамлакат дар садҳо далели мӯътамад зоҳир мегардад. Имрӯз аз ҳар ҷиҳат Тоҷикистони азиз ба иқтидори қавие соҳиб гардидааст, ки ягон қувваи ғаразноки дохилӣ ва душманони хориҷӣ, истиқлолияти қавию абадии онро халалдор карда наметавонад.
Акнун, ки фазои мӯтадили сиёсию иқтисодӣ барои ободкории Ватан комилан мусоидат мекунад, бояд якдилона барои таъмини амалии барномаи дурнамои рушди ҳамаҷонибаи мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳем. Вазифаи тарбияи наслҳои ҷавону созандаи имрӯзу фардо, дар рӯҳияи худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ, қарзи авлодист, дар назди рӯҳи поки аҷдодоне, ки эҳёи давлатдории тоҷиконро дар муддати чандин қарнҳо орзӯ мекарданд.
Ҳайдаршо Пирумшо, узви вобастаи АМИТ, профессор.