Перейти к основному содержанию

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд ва равнақ ёфтани илмҳои табиатшиносӣ Солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст, ки вобаста ба ин олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоқикистон як қатор корҳоро барои рушд намудани ин фанҳо ба анҷом расониданд ва дар баланд бардоштани илми тоҷик кушишҳо ба харҷ дода истодаанд.

Имрӯз (08.08.2024) бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи илмҳои биологӣ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзъуҳои мубраму саривақтӣ “Истиқлолият чароғи илм аст”, Эълон гардидани Соли 2024 “Соли Маърифати ҳуқуқӣ”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Ташаббусҳои пай дар пайи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои рушди илм ба хусус дар самти илмҳои табиӣ аз қабили ташкил намудани 3 озмоишгоҳҳои наву замонавӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ дар 6 моҳи аввали соли 2024 метавонад ба кори олимону татқиқотчиёни самти илмҳои физика, зоология ва ботаника имконияти хуб фароҳам оварда, ба натиҷаҳои назаррас кормандони илмро ноил гардонад.

Ба кори семинар ноиби президенти АМИТ Мирзораҳимзода А. ҳусни оғоз бахшида, олимону иштирокдоронро хайрумақдам гуфта, дар арафаи иди бузурги миллиамон Истиқлолияти давлатӣ қарор доштанамонро ба ҳозирин муборакбод гуфта, оид ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ин арзиши бузургро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Дар идома як зумра олимон ва кормандони равияи биологӣ бо маърузаҳои хеш дар ин конфронс баромад намуданд.