“Ояндаи Тоҷикистоназ фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Тавре, ки ҳамагон хуб медонем ва ҳамзамон беш аз пеш эҳсос менамоем, дар замони муосир мавқеи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ дар иртибот бо оила ва тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон аз муносибати дӯстонаи волидайн, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманди онҳо шуруъ гардида, ҳамзамон ба раванди тарбияи ахлоқӣ таъсири бештару беҳтари худро мерасонад, ки боиси таҳсину офарин аст.
Чунки тибқи мушоҳидаҳо дар раванди таълиму тарбияи фарзанд пеш аз ҳама муносибати хубу ғамхоронаи дуҷониба ниҳоят муҳим буда, инкишофи фарзанд ва инчунин дунёи маънавии ӯро бештар аз пештар рушд мебахшад. Беҳуда нест, ки педагоги маъруфи рус А. С. Макаренко ҳанӯз дар замони зиндагонии хеш, аз он ҷумла дар ин хусус чунин гуфта буд:“Аввалин таҳкурсии тамоми хулқу атвор, рафтору кирдор, ҳиссиёт, фикру андеша ва шуури бача дар оила гузошта мешавад ва он ҷо ташаккул меёбад”.
Зеро, таъмини фазои хуби солиму маънавӣ дар оила яке аз омилҳои муҳим дар самти инкишофи ахлоқӣ ва равонии фарзанд маҳсуб меёбад. Бо мақсади ба вуҷуд овардани чунин муҳити мусбат ва мусоид бояд ҳар якузви оила дар асоси донишҳои педагогикаи оилавӣ кӯшишу ғайрати хешро ба харҷ диҳанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ тақозои айём аст.
Аз ҷониби дигар, масоили мазкур волидайнро маҷбурмесозад, ки ҳамеша ва дар ҳар давру замон бештар масъулиятнок бошанд. Зеро онҳо асоси ба вуҷуд омадани муҳити солим дар оила буда, тарзи муносибату муоширати онҳо умуман гирем барои ҳамаи фарзандон ҳамчун намунаи ибрат ва инчунин пайравӣ хидмат менамояд.
Чунки аксарияти фарзандон дар хонавода ҳамеша фаъолияти калонсолон ва рафтору кирдори аҳли оилаашонро рӯз аз рӯз мушоҳида намуда, онро ҳамчун объекти тақлид ва сармашқи фаъолияти хеш қарор медиҳанд ва тамоми хислат ва тарзи фаъолияти содиркардаи онҳоро баъзан мавридҳо такрору тақлид низ менамоянд, ки ба вуқуъ пайвастани ин падидаҳо аз эҳтимол дур нест.
Аз ин лиҳоз, волидайнро зарур аст, ки ҳамеша тарзи рафтору кирдор ва суханронии худро хуб донанду ботамкин ва инчунин тариқи хело ҳам нағз фаҳмонидан ба рафтори эшон эродҳояшонро баён намоянд, то ин ки дар минбаъда онҳо чунин рафторҳои номатлубро дар ҷомеа ва ё худ дар байни аҳли оила ва дар ҳузури ёру дӯстонашон содир накунанд.
Хулласи калом, аз ин лиҳоз ҳангоми тарбияи атфол ва умуман гирем ҳамаи фарзандонамон дар хонавода тамоми талаботро ба инобат гирифта, пас аз он ба онҳо бо роҳҳои насиҳат ва инчунин тариқи пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ сару кор гирифтан аз манфиат холӣ нахоҳад буд, ки ин омил боиси масъулияти бештар мебошад.
Ба пиндори мо баръакс волидон ва омӯзгорон муваззафанд, ки пеш аз ҳама тарзҳои рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори накӯю тарғибу ташвиқи намунаҳои хуби ахлоқӣ ва меҳнатдӯстиро дар вуҷуду замири поку беолоиши фарзандони худ ҷой карда ва ҳамзамон онро дар мадди назари худ ҷилвагар созанд ва таҳти назорати мунтазам қарор диҳанд.
Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз педагогҳои маъруфи замони гузашта В. А. Сухомлинский басо ҳамбамаврид қайд кардааст, ки “Солҳои кӯдакӣ, ки мо онро давраи хурсандӣ, давраи беғамӣ, бозию афсонаҳо меҳисобем, сарчашмаи орзуҳои ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин синну сол асоси ҳисси хештаншиносӣ ташаккул меёбад. Аз он чизе, ки кӯдак дар солҳои хурдӣ аз олами атроф дарк намудааст, аз он чизе, ки ӯро ба гирякунӣ водор сохтааст, аз ҳамон чиз шахсияти ӯ вобаста аст”.
Ҳамин тавр, шахсияти фарзанд дар ҷараёни муҳит ва муоширати солим ташаккул меёбад. Ин падида ниҳоятан имкон фароҳам меорад, ки аксар ҳаводиси мухталифи ба вуқуъ пайваста хуб фаҳмида шаванд ва инчунин тарзи дуруст бартараф намудани онҳо амалӣ карда шавад.
Зеро тавассути муошират ҳиссиёти манфӣ бароварда мешавад, ки дар натоиҷи он шахсияти фарзанд дар оила низ муътадил ташаккул ёфтан мегирад. Ҳамзамон ба воситаи муоширати солим метавон аксар нофаҳмиҳоро, ки дар бархе ҳолатҳо дар байни аъзоёни оила пайдо мешаванд, ки дар баъзе мавридҳо бартараф намуданашон низ боиси пешравӣ дар ташаккули шахсият мегардад.
Бояд қайд кард, ки самарабахшии тарбияи ахлоқиро дар оила ин муносибатҳои эмотсионалӣ мебошад. Ин гуна муносибатҳо аъзоёни оиларо бо ҳамдигар мепайвандад, боварӣ ва меҳру муҳаббаташонро боз ҳам устувортар мегардонад. Маҳз ҳамингуна муҳити гарму солими оилавӣ сарчашмаи хушбахтиҳои ҳамаи фарзандон мебошад.
Чунки тарбияи оилавӣ, ин на танҳо тарбияи фарзандон, инчунин худтарбиякунии волидон низ мебошад. Волидон он сифатҳои волои ахлоқиро, ки худ надоранд, пас онро дар замири фарзандонашон ташаккул дода наметавонанд.
Дар муҳити оила, дар иҳотаи волидайн, бобову бибӣ, холаву тағо, аммаю амак, бародару ҳоҳари калонӣ ва хешовандони дурру наздик ба камол расидани фарзандимконият медиҳад бовар намояд, ки ӯ яккаву танҳо нест, зеро наздиконаш ӯро дӯст медоранд ва инчунин ҳурмату эҳтиром мекунанд ва ҳамзамон ӯро муҳофизат ҳамменамоянд. Дар самти ташаккулёбии боварию эътимоди фарзанд ба одамони атроф, муҳитиоилавӣ басо ҳам муҳим аст, ки он ҳамчун як заминае баҳри тарбияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ мегардад.
Ташаккули шахсият масоили ниҳоят муҳим буда, аз волидайн ва калонсолон масъулияти басо ҷиддӣ ва инчунин кори ҷонию ҳаррӯзаи басо ҳам мураккабро тақозоменамояд. Аз ин рӯ, бояд падару модарон ва инчунин дигар калонсолон ҷиҳати дуруст муошират кардан ба ҳамаи фарзандон ҳамеша омода бошанд ва инчунин лаҳзаҳои асоситаринро дар рушд ва ташаккулёбии шахсият ҳеҷ гоҳ бояд аз даст надиҳанд.
Нуктаи муҳимтарин шиносоӣ доштани падару модар бо мақсад ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҳисоб меравад, ки он бояд ҳамчун асос ва ҳатман ба инобат гирифта шавад.
Дар маҷмуъ, бояд қайд кард, ки аҳли илму маорифи кишвар ҳамаи гуфтаҳои хирадмандонаву инсонсолорона ва нишондодҳои Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Парлумони мамлакат бояд дастури амали ҳамешагии худ қарор диҳанд ва ҳамзамон фаромӯш насозанд, ки соҳаи маориф ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва чашми бинои ҳама кас дар шароити муосир нақши басо ҳам муҳим ва барозандаи худро дорад.
Алишер Раҳимзода, н.и.ф.м, директори Институти математика ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ
Раҳмонов Бахтовар, н.и.ф.м, мудири шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ.