Skip to main content

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва олимону академкон бештар равона гардидааст. Зеро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бонуфузи илмӣ дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муҳим мебозад. Дар баробари дигар соҳаҳои фаъолияти иҷтимоию давлатӣ соҳаи илм ҳам барои пешрафту рушди ояндаи кишвар зарур дониста мешавад.

Ҳамин аст, ки дар шароити имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимону академикон ғамхориҳои худро дареғ надошта, заҳмату талоши онҳоро ҳамеша қадр менамояд. Дар робита ба ин дар остонаи 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 нафар олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Воқеан ҳам ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақому мартабаи олимону академикон дар ҷомеаи муосир сол то сол боло рафта истодааст.

Имрӯз (04.09.2024) бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ дар остонаи ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.