Skip to main content

Таърих гувоҳ аст, ки ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва машҳуртарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёнажод буда, аз баробарии шабу рӯз ва оғози соли нав шаҳодат медиҳад. Мардумони ориёӣ аз оғози зиндагӣ ва тамаддуни хеш, муддатҳо пеш аз тақсим шудан ба шохаҳои ҳиндӣ ва эронӣ фаро расидани баҳорро ҷашн мегирифтанд, то он ҷо ки ин расми зебо ҷузъи одот ва одоби миллии онон шуда буд. Қадимтарин сарчашмае, ки дар он ҷашни Наврӯз зикр шудааст китоби «Авесто» мебошад. Бино ба қавли муҳаққиқон сол дар «Авесто» ба ду фасл – гармо ва сармо, яъне ҳафт моҳ тобистон ва панҷ моҳ зимистон тақсим мегашт ва дар ҳар як аз ин ду фасл ҷашне парпо мешуд ва ҳарду оғози соли нав ба шумор мерафтанд. Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳамчунин дар бораи тақвим, гардиши офтоб, таъин намудани соли кабиса, хосияти маъданҳо, зар, нишонаҳои ганҷҳои пинҳонкардашуда, рустаниҳо, парандаҳо, бозҳо ва уқобон баҳс меравад.

Ба ақидаи файласуф ва мутафаккири тоҷик Кароматулло Олимов «Наврӯз барои мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, на танҳо ҷашн аст, балки он инъикосгари рӯҳи бузурги ниёгони мо, муборизаи онҳо барои сулҳ, некӣ ва созандагист. Ҳатто дар фоҷиабортарин лаҳзаҳои ҳаёти тоҷикон ва ҳамзабононашон, онҳо ин ҷашнро ҳамчун умеде барои ҳаёти орому сулҳомез ва саодатманд таҷлил менамоянд».

Бояд қайд намуд, ки имрӯз Наврӯзро дар кишварҳое ҷашн мегиранд, ки дар замонҳои қадим бо Эрон иртибот доштанд, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Чин ва Туркия низ ҳамчун ҷашни миллӣ ин ид таҷлил мегардад.

Дар қатори дигар кишварҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Наврузи байналмилалӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, ки ин худ аз таърихи бойи қадимаи халқи тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. Барои ҷаҳонишавии Наврӯзи байналмилалӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят назаррас буда, бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат, аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат бузург таҷлил мегардад.

Яке аз анъана ва хусусиятҳои хоси Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маросими суманакпазӣ буда, асосан дар аввали баҳор дар арафаи ҷашни Наврӯз ин намуди таоми идона аз сабзаи гандум омода мекунанд. Суманакро таоми Наврӯзӣ номида, асосан дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, аҳёнан дар Озарбойҷон пухта мешавад.

Анъанаҳои дигари Наврӯзӣ аз замонҳои гузашта то имрӯз ин дар байни мардум хондани байтбарак, достонхонӣ, қиссагӯӣ ва афсонахонӣ аст, ки бо ин хислатҳо ҳамдигарро аз таърих ва тамаддуни қадимаи ориёӣ огоҳ мекунад. Дар арафаи ин ҷашн дар баъзе манотиқ бозиҳои бузкашӣ, арғамчинкашӣ, аловпарак ва лаглагбозӣ дар байни ҷавонон анъана гардида, дар майдонҳои махсус баргузор мегардад. Инчунин аъанаи дигари Наврӯз ин тозаю озода нигоҳ доштани хонаю палосҳо, рӯбу чин намудани хонаю хиёбонҳо, тозаю озода гардонидани роҳравҳо ва ҷӯйборҳо, либоси тозаю озода ва нав ба бар кардани одамон буд, ки хушбахтона то замони мо омада расидааст.

Дар баробари дигар кишварҳо ҷашни Наврӯз яке аз ҷузъи муҳими абрешими бузург гардидааст, ки ин роҳ ба тамаддуни ҷаҳонӣ таъсири худро расонид. Дар анҷумани дуюми байналмилалии фарҳангии Роҳи абрешим моҳи сентябри соли 2015 дар Москва, Созишнома дар бораи таъсиси созмони ҳамкориҳои фарҳангии “Авруосиё – Роҳи Абрешим” ба имзо расид. Баъди ба имзо расидани ин созишнома Роҳи абрешим муколамаи тамаддунҳоро пурзӯр намудааст. Эҳёи роҳи бузурги абрешим, ин аз нав барқарор намудани андозаи ҳазорсолаи таммадунҳо гардида, дар марҳилаи кунунӣ иқтидори бузургро фароҳам овардааст. Хусусиятҳои этнографии он дар байни халқҳо бедор шуд ва ба сайёҳон имконоти бузург пайдо гардид.

Бо роҳи бузурги абрешим дар навбати худ корвонҳо аз Чин зарфҳои чинӣ, маҳсулоти чӯбӣ, биринҷ, чой ва маҳсулотҳои гуногунро дар арафаи ҷашни Наврӯз оварда, ба фурӯш мебароварданд.

Роҳи бузурги абрешим барои ташаккули фазо ба ҷаҳониён шароит фароҳам овард, ки бо тавассути ин роҳ аз фарҳангу тамаддун, хат, забон, санъат ва дигар услубҳои миллии ориёинажод, ки дорои хусусияти таърихи қадима дорад, огоҳӣ дошта бошанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми арзишҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз эҳё гардида, дар сатҳи байналмилалӣ бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз яке аз ҷашнҳои таърихии арзишмандтарин, волотарин ва бузургтарини бостонӣ ва муосир мебошад, ки аз замонҳои қадим то замони мо омада, то имрӯз таҷлил мегардад. Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва муосир, яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ, пайвандгари наслҳо ва хотираи таърихии қавми эронӣ ба вижа мардуми тоҷик аст, ки дар ҷаҳон нуфузу эътибори он ба ҳайси як ҷашни умумибашарӣ афзудааст.

НЕМАТОВА П.М., - мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илмҳои иқтисодӣ