(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш аз 1 сентябри соли 2024)
Дар арафаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар, ки дар бинои навбунёду замонавии муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19 шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, дар қалби ҳар як корманди соҳаи илму маориф эҳсоси умеду бовариро ба рушди ин соҳаҳо ва мутаносибан, ба ояндаи дурахшони кишвари соҳибистиқлоли мо ва насли ояндасози он боз ҳам таҳким бахшид. Ин вобаста ба он буд, ки дар суханронии Пешвои муаззами миллат арҷгузорӣ ба шахсияти устоду омӯзгор, илму донишомӯзӣва нақши онҳо дар рушди ҷомеа ба таври возеҳва дар сатҳи хеле баланд зуҳур намуда, бори дигар таъкид гардид, ки «танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшад». Аз ин рӯ, мо кормандиони соҳаи илму маорифро зарур аст, ки беш аз пеш барои рушди ин соҳаҳои наҷотбахши миллату давлат ва насли наврасу ҷавон бо ҳисси масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва қарзи инсонии худ таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Ҳамзамон, дар суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи дониш на танҳо вазъи маорифи кишвар ҳамаҷониба ва дар асоси арзёбии комёбиву мушкилоти тамоми зинаҳои таҳсилот сурат гирифт, балки дастуру супоришҳои мушаххасе дода шуданд, ки иҷрои онҳо ин соҳаро метавонад рушд бахшида, дар оянда дар сатҳи байналмилалӣ рақобатпазир гардонанд. Вобаста ба ин ва чанд дастуре, ки Пешвои муаззами миллат дар назди масъулин, аз ҷумла олимони кишвар дар ин мулоқот гузоштанд, чанд нуктаеро мехостем махсусан таъкид созем.
Аз ҷумла, дар назди Академияи миллии илмҳо ва мақомоти дигари дахлдори давлатӣ вазифагузорӣ карда шуд, ки «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат3 марти соли2006 ба тасвиб расида буд, дар таҳрири нав пешниҳод намоянд. Дар ҳақиқат, ин санад дар зарфи 18 соли гузашта боиси иҷрои вазифаҳои муҳим дар самти тарбияи насли даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи баланд гардид. Аммо дар ҷаҳони имрӯзаи зудтағйирёбанда вазифаҳои дигаре дар пеш истодаанд, ки таҷдиди саривақтии ин Консепсияро тақозо мекунанд. Аз ҷумла, мубориза бо ҷангҳои зеҳнӣ ё менталӣ, оқибатҳои ногувори раванди глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ дар шароити болоравии нақши созмонҳои фаромиллӣ ва амсоли он аз чунин вазифаҳо ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки олимону донишмандони ҷумҳурӣ бо пешниҳоди тадбирҳои мушаххас дар ин самт ва дигар соҳаҳои сарнавиштсози давлатдории миллӣ ва тарбияи насли навраси ҳамаҷониба рушдёфта, соҳиби худшиносии баланди шаҳрвандию миллӣ ва амсоли он дар такмили «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарназардошти талаботи замони муосир саҳми воқеӣ мегузоранд.
Ҳамзамон, ба Академияи миллии илмҳо ва масъулини дигар супориш дода шуд, ки вазифаи қаблан дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30 майи соли 2024 гузошташуда, яъне заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолият ва назоратро дар соҳаи маориф ва илм ҳарчи зудтар таҳия карда, арзёбии фаъолияти муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимиро дар асоси онҳо ба роҳ монанд. Дар самти иҷрои ин вазифа бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аллакай «Низомномаи арзёбии самаранокии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба тасвиб расида, он ба таври таҷрибавӣ озмуда шуда истодааст. Эътимоди комил дорем, ки дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм паҳлӯҳои дигари масъала низ бо пешниҳоди меъёрҳои мушаххаси арзёбии онҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.
Дар мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли маорифи кишвар инчунин масъалаи пайванди илм бо истеҳсолот бори дигар таъкид гардида, дастур дода шуд, ки ин раванд шуруъ аз зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда шавад, «зеро таҷриба нишон медиҳад, ки дар аксари кишварҳои пешрафта ҷавонон аз ин муассисаҳо ба истеҳсолот ҷалб карда мешаванд ва чунин иқдом, дар навбати худ, ба коҳишёбии сатҳи бекорӣ мусоидат мекунад». Дарвоқеъ, пайванди илм бо истеҳсолот, ки дар ҷумҳурии мо имрӯз бо баъзе мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гаштааст, аз тамоми ниҳодҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ тақозо менамояд, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар ин росто, ба андешаи мо,оғози ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар самти таҳия, такмил ва таҷдиди механизмҳои оддитарин барои соҳаҳои кишварзӣ, сохтмон, маишӣ, инчунин истифода аз технологияҳои иттилоотӣ дар раванди истеҳсолот ва ғайра метавонанд судманд бошад.
Чунонки маълум аст, ҷавҳари таълиму тарбияи дурустро дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан, дар зинаи таҳсилоти умумӣ китобҳои дарсӣ ташкил медиҳанд. Бо ҳамин сабаб, Сарвари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки раванди ислоҳ ва бознашри китобҳои дарсии ин зинаи таҳсилотро идома дода, 82 номгӯйи боқимондаи онҳоро ба меъёру арзишҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонбинии илмӣмутобиқ созанд. Оид ба ин масъала бояд тазаккур дод, ки аксарияти олимону донишмандони кишвар бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣдар ин самт ҳамкориҳои тулонӣ дошта, муаллифии чандин китобҳои дарсиро собиқан ба дӯш доштаанд. Ҷалби чунин олимон ва ҳамкорӣдар ин самт бо мутахассисони дигари дахлдори муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, хусусан, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, метавонад дар таълифи насли нави китобҳои дарсӣ, ки на танҳо ба арзишҳои миллии мо, меъёрҳои конститутсионӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ҷавобгӯ бошанд, балки дар асоси дастовардҳои навтаринии илмӣ таълиф шуда бошанд, самараи нек ба бор оварад.
Ва ниҳоят, чунонки дар ибтидо низ зикр гардид, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар гувоҳи возеҳ аз арҷгузорӣ ба шахсияти омӯзгор ва дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доштани ин масъала буд. Маҳз бо ҳамин сабаб, Пешвои муаззами миллатомӯзгорро ҳамчун шахсе, ки «бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад», баҳогузорӣ намуда, ба ҳамагон хотирнишон сохтанд, ки «эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст». Вобаста ба ин ба мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия намуда, онро барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Боиси зикри хос аст, ки дар қонунгузории ҷумҳурӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда вобаста ба мақоми омӯзгор то ҳол муқаррароти зиёде пешбинӣ гардидааст. Аммо дар шакли алоҳида пешниҳод намудани як қонуни мукаммал дар ин самт метавонад дар баробари дигар қонугузории сирф миллии мо доир ба танзими ҷашну маросимҳо, масъулият дар тарбияи кӯдак ва тарбияи ватанпарастӣамалияи қонугузории ҷумҳуриро боз ҳам ғанитар гардонад. Дар ин ҷода, аз нигоҳи мо, бояд на танҳо собиқаи миллати мо оид ба арҷгузорӣ ба мураббию омоӯзгор дар тули ҳазорсолаҳо ва дар даврони муосир, балки инчунин таҷрибаи байналмилалӣ низ ба эътибор гирифта шавад. Аз ҷумла, омӯзиши талаботи «Мақоми глобалии омӯзгор», санади қабулнамудаи ЮНЕСКО «Оид ба мақоми омӯзгор» (аз 5 октябри соли 1966), таҷрибаи кишварҳое чун Олмону Япония ва ғайра дар ин самт аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Дар маҷмуъ, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар, ки санаи 1 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, бори дигар нишон дод, ки дар сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Сарвари давлати мо ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ин соҳа калидӣ боқӣ монда, минбаъд низ барои таълиму тарбияи насли наврас, рушди илму донишомӯзӣ ва боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.
Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон