Skip to main content

123313Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рӯйдоди хеле муҳим барои халқи тоҷик ба шумор меравад, вале дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба мушкилиҳои зиёди молиявӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Он солҳо раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошта, кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буданд. Ба ғайр аз ин Тоҷикистони тозаистиқлол дар он давраҳо Қувваҳои мусаллаҳи худро надошт, ки барои давлатдории ҳар як кишвар дар замони муосир шарт ва зарур дониста мешавад. Барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт.

Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, барои нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он давраҳо хавфу хатарњои зиёде тањдид мекард, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Тақрибан баъд аз ду моҳ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Қувваҳои мусаллаҳи навтаъсис дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993-1997) дар кишвар барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати худро ба таври шоиста адо кард.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва то ба имрӯз, ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир диққати махсус зоњир менамояд.

Маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, рӯз ба рӯз пурқувват гардида истодааст. Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, “Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд. Ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат ба даст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, на ин ки дар нигоҳдории бехатарии кишвар, балки бо ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳарбии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм дар дигар давлатҳои дуру наздик ширкат меварзанд.

Имсол хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мардуми шарафманди тоҷик дар якҷоягї 32-солагии таъсисёбии Артиши миллиро тантанавор ҷашн мегиранд. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба як нерўи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Боварӣ дорем, ки хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пос доштани рисолати ҳомии Ватан, таъмини сулҳу субот, ҳифзи мулки аҷдодӣ ва шарафу номуси миллати тоҷик, доимо омода хоҳанд буд.

Идатон муборак! Родмардону далерони Ватан!

Ғарибмамадов Ғарибмамад Давлатмамадович -Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ