Skip to main content

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ, зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки: «Эй номдорони яздонпараст».

Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Абулқосим Фирдавсӣ

Парчами Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабул ва расман тасдиқ карда шудааст.

Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Дар таърихи қадим рамзҳои парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар ҳоким ва ё подшоҳе, ки ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод ӯ парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт.

Ҳар як давлати соҳибистиқлол соҳиби муқаддасоти миллии худ аст. Аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳам дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. Дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории ниёгони абарқудрати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ, қайд намуда буданд, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Пайдоиши Парчамро дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ҳамчунин Коваи Оҳангар мубориза ба муқобили зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ бошад, намунаи барҷастаи ватандӯстию меҳанпарварӣ, тарғибгари некию адолату мардонагист, ҳифзу дифои марзу кишвари худ буда, ҳамчун улгу аз муборизаи Коваи оҳангар мисол оварда шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Фирдавсии фаррухсиришт дар «Шоҳнома»-и безаволи худ ҳангоми ба қалам додани таърихи Коваи оҳангар - рамзи оташ, равшанӣ, раҳоӣ аз зулмат, зафар ба аҳриман, хайру некӣ ва ҷасорату меҳанпарастии ориёитабор буд, чӣ тавр аз чарми пешдомани худ ба нӯги найза дирафш оростану онро ҳамчун рамзи мубориза бар алайҳи Заҳҳоки морон - рамзи аҳриманӣ, бадӣ, хунхорӣ, зулму ситам ва торикист, барафроштанро бо сӯз ёд мекунад. Кова, ки бар зидди беадолатӣбархоста буд, бо мардуми бадодомада, нерӯи аҳриманиро аз тахти зулму истибдод сарнагун сохта, марзу Ватани хешро озод намуд ва ҳаммеҳанони худро аз зулму истисмор наҷот дод. Шоҳ Фаридун, ки аз насли озодагон - Ҳушангу Таҳмурас буд, дар баробари ба тахт нишастану тоҷи заррин ба сар карданаш, дирафши озодагонро муқаддас донист. Фаридун дирафшро рамзи давлатдорӣ, қудрату озодӣ, ҳуввияту ваҳдат ва ягонагӣ эътироф намуда, бо зару ҷавоҳирот музайян намуд, ки ин марҳиларо Фирдавсии Тусӣ басо зебо ва ҷолиб ба назм овардааст. Шоҳ Фаридун бо ифтихори ватандорӣ ва садоқат ба кишвари худ, ин дирафшро дирафши коваёнӣ ном дод. Аввалин тасвири Парчам дар силоҳи ориёиҳо, форсу суғдиён ва бохтариҳо дар деворнигораҳои шаҳри Помпии Рум, яъне дар асри 1-и томелод нигошта шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиҳо таҳти сарварии Доро бо лашкари Искандари юнонӣ дар соли 333-мелодӣ акс ёфтааст. Ранги парчамҳои асрҳои 16-18 низ, асосан сурх буда, ин анъана аз давраҳои Ҳахоманишиҳо инҷониб роиҷ буд.

Мардуми ориёиасл яке аз асосгузорони тамаддуни башарӣ буда, тӯли ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ даҳҳо давлатҳои бузургу абарқудратро бунёд намудаанд, ки дорои пойгоҳҳои бошукӯҳу зебо, парчам, тахт, тоҷ, мӯҳр, сиккаҳои заринаву симина ва сипоҳи оламгир буданд. Парчам аз ҷумлаи муқаддасоти ориёиҳо маҳсуб гардида, ба он ҳамчун рамзи озодиву қудрат эҳтироми хос доштанд ва онро бо дурру гавҳар меоростанд. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи «дурафш» ё «дирафш» дар осори таърихии онҳо таҷассум ёфтааст.

Дар даврони Шӯравӣ бошад, парчами Тоҷикистон ифодагари мазмуну моҳияти кишвар, фарқияти марзӣ ва территориявӣ, хусусиятҳои табиӣ ва кишоварзӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ буд.

Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои ҳайати он боис гардид, ки ҳар давлати мустақил парчами худро дошта бошад. Бо дарки ин воқеият, 12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти Эъломияи истиқлолияти давлатӣ барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ озмун қарор қабул ва Низомномаро дар бораи Нишон ва Парчам эълон намуд. Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Дар атрофи рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи 16-ум баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он, аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро доранд. Ранги сурх дар Парчам ифодагари ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи покиву озодагӣ ва ранги сабз бошад, нишона аз неъмати бебаҳои ин миллати куҳанбунёд – фарҳанг ва дониши ҷаҳонгири ӯст. Тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам таърихи тӯлонӣ доранд. Хотирнишон бояд намуд, ки дар таърихи 29-уми октябри соли 2009 дар Ҳамоиш бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.

Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми неки Сарвари давлат идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.

Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат сар карда, то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ эътироф кардани тамоми арзишҳои гузаштаву имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои пос доштани рӯҳи онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати таърихиро ҳифз кардаанд.

Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ифодагари ҳақиқии эътиқод ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг эътироф мешавад.

Маҳмадулоева Н.М. - лаборанти Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ