Skip to main content

28 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир гардид. Дар ҳамоиш иҷрокунандаи вазифаи директори Институт доктори илмҳои таърих Иброҳимов М.Ф ва дигар кормандони илмии Институт иштирок намуданд.

Ҳамоишро бо сухани муқадимавӣ и.в. директори Институт, доктори илмҳои таърих Иброҳимов М.Ф. ифтитоҳ намуда, сипас суханро ба ходими пешбари шуъби таърихи навтарини Институт, номзади илмҳои таърих Мирзоев Ҷ.А. дод.

Мирзоев Ҷ.А. оид ба масоили «Инъикоси равандҳои сиёсии солҳои 90-уми асри XX дар осори Пешвои миллат» маърӯза намуд. Аз ҷумла, ӯ қайд кард, ки арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик яке аз рукнҳои муҳимтарини худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб рафта, ифтихор аз он пайвандгари наслҳои гузашта ва имрӯзу ояндаи миллат ба ҳисоб меравад.

-Мазмуну муҳтавои асарҳои Пешвои миллат хотирнишон аз он мекунад, ки ҳар насл ва ҳар фарди алоҳида занҷире дар таърихи башарият аст, ки тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда мепайвандад. Асарҳои Пешвои миллат танҳо ба хотири донистани гузашта набуда, балки дурнамоест, ки роҳи ояндаи давлат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвияти ватанпарастиву кишвардорӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда мусоидат менамояд. Иловар бар ин, асарҳои Пешвои миллат дар раванди устувор намудани рукнҳои давлатдории тоҷикон дар шароити навин муҳим мебошанд. Пешвои миллат бо мақсади баҳо додан ва огоҳ намудани насли наврас ба гузаштаи худ ба навиштани як зумра асарҳои таърихӣ даст задаанд, ки онҳо арзиши баланди таърихӣ дошта, саҳифаи навро дар илми таърихнигории тоҷик кушодааст,-афзуд зимни баромади худ Мирзоев Ҷ. А.

Дар охир хулоса гардид, ки асарҳои Пешвои миллат инъикосгари таърихи гузаштаву имрӯз ва махсусан дастовардҳои замони истиқлол буда, мутолиаи онҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии миллии тоҷикон аҳамияти вижа доранд.