
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, таҷассуми олии тафаккури миллӣ, ифтихору ватандӯстӣ, нишони ҳастии миллати куҳанбунёд, пояи саодат ва саршори ифтихори мардуми Точикистон мебошад. Чунин суханҳои самимона рӯзӣ 8 сентябри соли 2021 дар маросими ҷашнгирии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд.
Дар воқеъ, Истиқлолият ҳолатест, ки шахс зери таъсири беруна қарор надошта, ҳаёт, мақсад ва арзишҳои худро мустақилона муайян мекунад. Истиқлолият ба инсон барои озодии интихоб, масъулият ба амали худ нерӯ мебахшад. Истиқлолият такягоҳи асосӣ мебошад, зеро он имкон медиҳад, ки бо худ боварӣ дошта, хушбахт бошӣ. Дар даврони истиқлолият ҳар як шахс метавонад фикрашро озодона баён намояд. Ҳар як нафар метавонад шахсияти худ ва дигаронро эҳтиром кунад.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 сентябр “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Рӯзи истиқлол яке аз идҳои расмӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсиси давлати соҳибихтиёр соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятноки сиёсати кишвар эълон намуданд. Ҳоло, дар соли таҷлили 33-юмин солгарди истиқлолият, дар Тоҷикистон доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ба таври қобили мулоҳиза густариш меёбад.
Ҳар як шаҳрванди кишвар дар доираи муқаррарнамудаи қонун метавонад ройгон таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Ҷузъҳои асосии ҳуқуқ ба таҳсилот ва иштирок дар эҷодиёти илмию технологӣ дар консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ инъикос ёфтаанд.
Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ соли 2021 изҳор доштанд: «Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон буда, таърихи беш аз 6000-сола доранд, аз қадимулайём маърифатпарвар буда, хату адабро аз худ кардаанд, ба илму адаб машғул будаанд, ба корҳои давлатӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ шуғл варзида, дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд, ба ибораи дигар, як миллати фарҳангӣ, мутамаддин ва созанда ба ҳисоб мераванд.
Дар даврони истиқлол насли ояндаро бояд тавре тарбия кард, ки он дар пешрафти Ватан саҳмгузор бошад. Фарзандони миллат бояд дар фикри ободии Ватан Ватан-Модар бошанд. Зарур аст, ки онҳоро дар рӯҳи қадр кардани шаъну шарафи инсонӣ, пос доштани хотири бузургон тарбия намоем. Тарбияро тавре ба роҳ монем, ки дар дили ҷавонон шуълаи меҳру муҳаббат нисбати диёри худ, халқу Ватани азиз фурӯзон шавад.
Шокирова Ш., Сайдалива А. Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ
Истиқлолияти комил дар ҳама давру замонҳо нишондиҳандаи пойдории халқияту миллат буд ва нигоҳ доштану ҳифзи бегазанди ҳамешагии ин рисолати ифтихорбахш, аз муҳимтарин шарафи инсонӣ ҳисоб меёбад.
Тоҷикон чун сокинони азалии минтақаи Осиёи Марказӣ, дар саргаҳи тамаддуни ин сарзамини доманфарох қарор дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳои таърихи худ борҳо шаҳди соҳибдавлати ва заҳри бедавлатиро чашидаанд.
Пӯшида нест, ки аъанаҳои давлатофарии тоҷикон аз қаъри асрҳо қадим ибтидо гирифтааст. Бозёфтҳои аз ҳафриёти Саразм ба дастомада, аз таърихи панҷуним ҳазорсолаи оғози ин раванд дарак медиҳанд. Дар асрҳои оянда ин нишондиҳандаҳо то рафт бештар шакл мегирифтанд. Ҳанӯз хеле пештар аз ба доираи империяи бузурги замон, - Ҳахоманишиҳо (асрҳои VI- V пеш аз милод) кашидани Осиёи Миёна, дар ин сарзамини азалӣ асрҳои асрҳои VIII-VI то милод хоразмиён, суғдҳо, бохтарҳо, парфиягиҳо ва ғайра дар зинаҳои аввали давлатдории аҷдодӣ қарор доштанд. Аз ин рӯ, сарманшаи давлатдории тоҷиконва сохтори онро аз ҳамон давра бояд ҳисоб кард.
Чунин фаҳмиш ҳаргиз мақому манзалати Давлати Сомониёнро маҳдуд накарда, баръакс ба падидаи таърихии давлатдори тоҷикон тобиши тоза мебахшад. Чунки Давлати Сомониён на танҳо камолоту муттамарказии қавии давлатдорӣ, инчунин намунаи олии давлатдории классикӣ ва ташаккули пурраи халқияти тоҷик ҳисоб меёбад. Ончи то имрӯз ба таҳқиқи шукӯҳу шаҳомати он бахшидаем нопурра аст. Омӯзиши таърихи воқеии он замонро муаррихини наслҳои оянда идома хоҳанд бахшид. Дар ин радиф мӯҳтавои марказиро аз куҷо маншаю реша гирифтани анъанаҳои давлатдории тоҷикон бояд ишғол намояд. Ин шарти асосии худшиносии миллист.
Баъди бо тақозои тақдир соли 999 пош хӯрдани давлати абарқудрати Сомониён, таърих боз чанд кӯшиши бобарори давлатдори тоҷиконро бо унвони давлати Ғуриён (1149-1215), Куртҳои Ҳирот (1245-1381), Сарбадорон (1335-1383) медонад, ки худ чун дурахши ситораи пурҷиллое пайдо шудаву ба таври фоҷиавӣ аз байн рафтаанд. Ин давлатҳо табиист, ки ба ҳадди меросбару идомабахши давлати Сомониён нарасида бошанд, ҳам чун намунаи талошмандии қавии тоҷикон барои ҳокимияти сиёсӣ ва давлатдории муттамарказ шинохта мешаванд.
Аз ин ҷост, ки амалан, баъди пош хӯрдани давлати Сомониён тоҷикон ҳарчанд дар ҳайати силсиласулолаҳои аҷнабию кӯчӣ қариб ҳазор сол аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум шуда бошанд ҳам, вале рисолати пешсафии фарҳангии худро нафақат идома мебахшиданд, инчунин ақвоми соҳибсалтанатро ба доираи тобеъияти пурраи анъаноти таърихию фарҳангии худ кашида буданд. Шояд ҳамин рисолати фарҳангсолорӣ то дараҷае майли муборизаи ин халқи тамаддунофарро барои ҳокимият суст кардаву онро дар тобеъияти сиёсӣ ё зери ҳукми бедавлатӣ нигоҳ медошт.
Воқеияти таърихии охири асри XIX – ибтидои асри XX, хосатан Ғалабаи Инқилоби Октябр дар тақдири халқҳои мазлуми империяи Русия барои эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дарвоқеъ, натиҷаи назаррастарини инқилоб барои тоҷикон асоси қавӣ гузоштан ба оғози эҳёи давлатдории ин халқи азалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳисоб меёбад.
Бо эҳсоси ҳамин воқеият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард”.(Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён. – Лондон, 1999. – С.103).
Аз ин рӯ Инқилоби Октябр ва дигаргунсозиҳою дастовардҳои бесобиқаи ба туфайли он рӯи кор омадаро эътироф накардан, маънии аз ҳақиқати таърих қасдан фосила ҷустан ё нишондиҳандаи батамом таърихноогаҳист. Дарвоқе, ба дасти шӯроҳо гузаштани низоми давлатдорӣ барои бедор намудан ва ба маҷрои зарурӣ сафарбар намудани неруи созандаи тоҷикон шароити мусоид муҳайё намуд.
Ба нақши инқилоби Октябр ва дастовардҳои Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ Президенти мӯҳтарами мо, Поягузори истиқлолияти комили ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон баҳои ниҳоят воқеъбинона дода, аз ҷумла қайд менамоянд: “Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд. Барои мардум танг ҳам бошад, майдони кор ва эҷоду фаъолият муҳайё сохт. Оҳиста-оҳиста дар водиҳои нообод ва кӯҳистонҳои дурдаст деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои обод бунёд гаштанд. Мактабу маориф ва илму фарҳанг бо суръат инкишоф ёфт. Фарзандони халқи тоҷик бо мададу дастгирии бародаронаи олимони русу украин ва дигар халқҳо дар кашфи нодиртарин соҳаҳои илм ангуштнамо шуданд... Эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллати тоҷик қувват гирифт. Дар радифи дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо рӯ ба тараққӣ овард ва ба як мамлакати ободу зебо табдил ёфт”. (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён.– С.103).
Вале аз тарафи дигар ҳамаи дастовардҳои замони Шӯравӣ наметавонанд, он гардиши қисматсози таърихии расидан ба истиқлолияти комилро зери пардаи ғубор нигоҳ доранд. Он чи бо тақозои тақдир пеш омад, аз марказ бо айби сарварони ҳизбию давлатӣ, ҷудоихоҳони худи Русия сурат гирифта буд. Натиҷааш барои Тоҷикистони акнун ба фазои истиқлолияти комил воридгардида ба таври фоҷиавӣ оғоз ёфт.
Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо тақозои таъриху тақдир, аниқтараш ба талаби воқеияти замон сарфаҳм нарафтани роҳбарияти он, раванди суръатафзои пешини худро таъмин карда натавонист ва дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта ҳар чи бештар ба гирдоби бӯҳрони шаддиди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаро фарогир кашида шуд.
Фазои ноустувори сиёсию иқтисодии замони бозсозии горбачевӣ, барои Тоҷикистони дар ин марҳалаи таърихӣ аз дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ нисбатан қафомонда бештар таъсир гузошт. Дар баробари то рафт авҷ гирифтани талаби ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ, мисли дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҷумҳурии мо низ ба мавҷи ҳаракати ҷудоихоҳӣ кашида шуд. Ташаббускори он ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятие шуданд, ки дар аввал бо иқдомӣ гӯё барои ҷомеа фоидабахш амал менамуданд. Вале баъди каме қувват гирифтан, рӯи рост барои ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекардагӣ шуданд. Аз сабаби таҷрибаи зарурии сиёсӣ надоштан, ин қувваҳои дар ибтидо барои мустаҳкам намудани пойгоҳи демократӣ, таъмини рушди иқтисодию иҷтимои ва фарҳангии ҷомеа талошдошта, баъди муддате пурра ба маҷрои қувваҳои иртиҷоии динӣ, курситалабони маҳаллӣ, ва ғаразмандони хориҷӣкашида шуданд.
Ин ҷунбишҳо аз моҳи феврали соли 1989, аз талаби қабули Қонун дар бораи мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ оғоз гардиданд. Дар натиҷаи талошҳои зиёиён, ҳамин сол ин талаб асоси қонунӣ пайдо намуд. 22 июл - рӯзи қабули Қонуни забон, рӯзи забон эълон карда шуд.
Вале дере нагузашта маълум шуд, ки иддае ин қонунро на барои тоза нигоҳ доштани забони дар тӯли садсолаҳо ташаккулёфта ва ҳамчун забони адабии тоҷик шинохташуда истифода бурданӣ буданд. Таҳти шиорҳои «Тоза кардани забон», «ба намуди аслиаш баргаштан», ва ғайра баромад карда, ба забон чунин калимаю ибораҳое дохил менамуданд, ки аксари онҳо аз забони имрӯзаи арабу эрониҳо кайҳо берун шудаанд.
Солҳои 1989-1990 гурӯҳу маҳфилҳои сиёсӣ аз қабили созмони ҷавонони «Рӯ ба рӯ», ки дар Душанбе таъсис ёфта буд, дар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳфилҳои «Ошкоро», Эҳёи Хуҷанд, «Дирафши Ковиён», ва «Таҷдид» ба вуҷуд омаданд. Ҳамчунин дар маҳалу минтақаҳои гуногун ҷунбишу созмонҳои «Бохтар», «Самарқанд», «Куруши Кабир», «Суғдиён», «Ваҳдат», «Пайванд» ва баъди чанде созмони мардумии «Растохез» оғози фаъолият намуданд. Дар ин солҳо ҳамчунин созмонҳои «Лаъли Бадахшон», «Ҳисори Шодмон», «Меҳри Хатлон», «Зарафшон», «Истаравшан», «Ватан», «Самарқанд», «Хуҷандиён», «Ҳамдилон», «Носири Хусрав» ва ғайра фаъолият доштанд, ки ҳар кадоме дар доираи биниши танги маҳалли худ амал мекард. Дар маҷмӯъ талоши онҳо аз курситалабӣ, ҷудоиандозии миллӣ беш набуд.
Ин маҳфилу созмонҳо, ҳар чӣ бештар дар зери шиори арзишҳои демократӣ баромад карда, фаъолияти ҳизби коммунист, ки пештар пешвои ягонаи идеологӣ ҳисоб меёфт ва сохтори давлатдории шӯравиро зери тозиёнаи танқид мегирифтанд. Аз кундзеҳнии сиёсии ин тоифа истифода бурда, тундравони исломӣ, ки дар хориҷи мамлакат алакай такягоҳ пайдо карда буданд, ҳар чӣ бештар онҳоро ба доираи таъсири худ мекашиданд.
Воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 муттаҳид шудани қувваҳои сиёсии зиддиҳукуматӣ дар ҷумҳурӣ аз заиф гардидани системаи идораи шӯравӣ дарак медоданд. Агар чанде тазоҳуроти сиёсии соли 1990 ба шикасти қуваҳои бо ном демократӣ анҷом ёфта бошад ҳам, вале дар интихоботи ҳамин сол тақрибан чаҳоряк депутатҳои халқ аз ҳисоби ҷабҳаи мазҳабию демократӣ интихоб шуданд, ки ин аз тағйир ёфтани таносуби қувваҳои сиёсии Тоҷикистон гувоҳӣ медод.
Падидаи назаррастарини ин давраи шадиди муқовимати сиёсӣ, дар он зоҳир гардид, ки Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард. Ин аввалин санаде буд, ки аз наздик шудани Тоҷикистон ба истиқлолияти воқеӣ башорат медод. Хусусияти ба тақозои замон созгори Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон дар он зоҳир мегашт, ки он дар доираи назардошти мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардида буд.
Баъди воқеаҳои моҳи августи соли 1991 (кӯшиши бебарори аз ҳокимият дур кардани Михаил Горбачев), саъю талоши ба даст даровардани истиқлолияти комил аз тарафи ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ боз фаъолтар гардид.
Натиҷаи ин амали истиқлолиятхоҳии ҷумҳуриҳо барои Тоҷикистон бетаъсир буда наметавонист. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати муҳимми таърихӣ «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки дар асоси он ҷумҳурӣ расман соҳибихтиёр эълон карда шуд. Ин аз диди таърих натиҷаи ниҳоии зинаҳои тақдирсози эҳёи давлатдории тоҷикон ҳисоб мебад.
Соли 1991 шиддат гирифтани моҷароҳои сиёсӣ ва майдоннишиноҳои бардавом ба эътирофи расмии ҳизбҳои навтаъсиси сиёсӣ оварда расонд. Ҳизби демократии Тоҷикистон 21 июн ва Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон 4 декабри соли 1991 расман ба қайд гирифта шуданд.
Ҳанӯз муждаи мустақилияти Тоҷикистон аз гӯшҳо нарафта, бо кӯшиши душманони миллат, курсихоҳони маҳалбоз, муллотарошони дунёбехабар, думравони ғаразманди хориҷӣ аз ноӯҳдабароии роҳбарони сиёсии онвақта истифода бурда, онро ба гирдоби даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Яксолаи аз маъракаи интихоботии президентӣ (ноябри соли 1991) то Иҷлосияи ХУ1-ми таърихии Шӯрои Олӣ (ноябри соли 1992), соли хавфноктарину мудҳиштарини таърихи ҷадиди тоҷикон ҳисоб меёбад.
Ҳарчанд гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ аз номи халқ 9 нафар гӯё беҳтарин намояндагонро ба номзадии Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод намуда, дар атрофашон ҳаёҳуйи гӯшношунид бардошта буданд, вале ба ҳар як фарди солимфикр маълум буд, ки ҳар кадоме аз ин номзадҳо чӣ ҳадаф доштанд, чӣ манфиат меҷустанд ва ба кадом нерӯи сиёсӣ такя мекарданд. Аз ин ҷост, ки натиҷаи интихобот натанҳо ихтилофи талоши курситалабонро суст накард, баръакс боиси боз ҳам шиддат гирифтани вазъи сиёсӣ гардид.
Президенти тозаинтихобшуда Раҳмон Набиев, ки чанд сол аз вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ иҷборан дур карда шуда буд, дар чунин вазъият раванди воқеаҳо ҷилавгирӣ карда натавонист. Курситалабони гузаро ва гумоштагони дохилу хориҷ, ки истифодаи яроқу поймол намудани талабҳои конститутсиониро ягона роҳи ба даст даровардани ҳокимият қарор дода буданд, ӯро иҷборан аз вазифа ронданд. Бӯҳрони сиёсӣ ҳамоно шиддат мегирифт.
Буданд қувваҳое ки аз пора гаштани Тоҷикистон манфиат меҷустанд. Дар ин амали зишту фоҷиабори онҳо албатта дасти муқтадири душманони хориҷӣ эҳсос мешуд. Ноустувории сиёсӣ торафт авҷ мегирифт. Ҳароси фоҷиаи мудҳиш боҷуръаттарин солимфикрони ҷомеаро низ фаро гирифта буд.
Оғози гирдиҳамоии бардавоми моҳи сентябри соли 1991, аз тарафи қувваҳои мухолифини давлатӣ ғасб кардани Телевизиони марказӣ, муқобили ҳамдигар қарор гирифтани гирдиҳамомадагони майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» (апрел-майи соли 1992), таъсиси Ҳукумати муросои миллии бесалоҳият, (май-ноябри соли 1992), дар фурудгоҳи Душанбе бо зури силоҳ ба истеъфо маҷбур кардани Президент Раҳмон Набиев, нишонаҳое буданд, ки аз тоҷикистонро ба гирдоби фоҷиаи мудҳиш кашидан дарак медоданд.
Акнун вазъияте ба амал омада буд, ки соҳибмансабони нав ё «болоҳо» ҳукуматро идора карда наметавонистанд, халқ ё «поёниҳо» тамоман аз итоати онҳо баромада буданд. Вазъе фаро расида буд, ки имрӯз ҳам аз ба ёд оварданаш кас меларзад. Тоҷикон гӯё ба ҳадди охирини мавҷудияти давлату давлатдории бо амри тақдир эҳё гаштаи худ расида, аз носипосиву ғаразхоҳии фарзандонаш боз аз нав ба қаъри гумномии таърихӣ ғӯта мезананд. Ҳамаро интизории ин имтиҳони нави таъриху тақдир фаро гирифта буд.
Ниҳоят 5 майи соли 1992 дар бинои Шӯрои Олӣ ваҳшиёна паррондани сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», депутати Шӯрои Олии Муродулло Шералиев, дар деҳаи Оли Совети ноҳияи Ленин тирборон кардани мардуми бесилоҳ, террори Прокурори Генералии Ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, ба қатл расондани муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб, хуҷум ба Кумитаи амнияти давлатӣ, силсилаи воқеаҳое буданд, ки аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дарак медоданд. Ҷанг муддате нагузашта вилояти Қӯрғонтеппаро фаро гирифт. Хавфи ба дигар ноҳияҳо доман паҳн кардани он то рафт бештар меафзуд.
Ба бахти тоҷикон ва тамоми тоҷикистониён, бо мушкиливу ташвишҳои зиёде бошад ҳам ҷаласаи тақдирсози ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби дар шаҳри бостонии Хуҷанд кори худро оғоз намуд. Он рӯз дар Иҷлосия аз 230 нафар депутатҳои халқ 193 нафар иштирок доштанд. аз ширкат накардагон 3 нафар фавтидагон буда, 4 нафари бо сабабҳои гуногун дар оғози иҷлосия ҳозир нашуда, дар ҷаласаҳои минбаъда иштирок намуданд. Шумораи иштирокнакардагон Ҳамагӣ ба 30 нафар мерасид. Аз инҷост, ки дар чаҳорчӯбаи қонун гузаштани Иҷлосия ҷои шубҳа намонда буд.
Иҷлосия дар сурате оғоз ёфт, ки тамоман фалаҷ гаштани ҳокимият, чи хеле, ки дар боло зикри он рафт, ба касе пинҳон намонда буд. Аз рафти иҷлосия мушоҳида мешуд, ки ҳукумати расмӣ ҷилави давлатдориро аз даст додааст. Дар чунин ҳолат гӯё аз тариқи гуфтушуниди сиёсӣ ҳал намудани тамоми масоили рӯзмарра ғайриимкон гашта буд. Онро касе ба даст гирифта метавонист, ки дар баробари гузаронидани чорабиниҳои нозуки сиёсӣ, инчунин ба дастгирии қувваҳои низомӣ ва нимнизомии муҳофизати қонуни амалкунанда муваффақ шавад.
Дар ҷаласаи машваратии 17 ноябр баргузоргардида, дар қатори дигар сухангӯён Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов баромад карда, аз ниҳоят ногувории озуқавии вилояти Кӯлоб изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ доир ба масъалаи ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ чунин изҳор дошт: «Ҷанги шаҳрвандӣ хисороти азимеро ба бор оварда, сабабгори ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид. Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд. Давом додани хунрезӣ беақлист ва ба он мекӯшем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ, оромӣ ҳукмфармо бошад. Маҳз бо ҳамин мақсади олӣ мо ба иҷлосия омадем». Суханронии ӯ кӯтоҳ ҳам бошад бо масъалагузориҳои мушаххас фарқ мекард. Ва маҳз бо сабаби ҳамин сухаронӣ ӯ тавонист таваҷҷуҳи вакилонро ба худ ҷалб намояд.
18 ноябри соли 1992 ҳамчун рӯзи якуми кории пурмаҳсули Иҷлосия дар саҳифаи таърих ворид шуд. Ба муҳокимаи депутатҳо лоиҳаи рӯзномаи Иҷлосия пешниҳод гардид. Дар он масъалаҳои Муроҷиати Шӯрои Олӣ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оиди ба тоҷикистон ворид кардани қувваҳои посдори сулҳ, Оид ба аризаи Президент Раҳмон Набиев доир ба боздошти идораи президенти, дар бораи Раис ва аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумат, дар бораи қатъ кардани ваколати баъзе депутатҳо, дар бораи аз вазифа озод намудани ҷонишини Раиси Шӯрои Олӣ В.И.Приписнов, дар бораи Раиси Девони Вазирон, дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи статуси депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи Додситони кулли ҶТ, дар бораи Парчам ва Нишони ҶТ, дар бораи авфи умумӣ, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муҳокима ва тасдиқ гардиданд.
19 ноябри соли 1992 Иҷлосия масъалаи интихоботи Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дод. Ба ин вазифа аз тарафи намояндаи халқ А. Мирзоев (ноҳияи Ҳисор) номзадии депутати халқ Эмомалӣ Раҳмонов ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ чунин шуд: аз 197 депутат, ки дар иҷлосияи XVI иштирок доштанд, 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд. Тибқи Қарори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 109 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳамин тариқ дар чунин лаҳзаи ҳалкунанда, ғайричашмдошти қисми асосии ширкаткунандагони иҷлосия, ба вазифаи Раиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамзамон иҷрокунандаи масъулияти Раиси ҷумҳур), шахсе пешниҳод шуд, ки аксари намояндагони халқ ва аъзоёни ҳукумат ба азму ҷуръат ва қобилияти давлатдории он шиносоӣ надоштанд. Албатта табиист, ки ки сараввал ба пешниҳоди номзади ин марди ҳоло нисбатан ҷавон ва тахмину фаҳмиши иддае «дар сиёсат бетаҷриба» - Эмомалӣ Раҳмон чун амри тасодуф ба назар расид.
Вале аз қадами нахустини ӯ ба сӯи минбари олии ҷумҳурӣ аз аввалин суханҳояш ба ҳайси номзад ва сипас чун Раиси Шӯрои Олӣ ҳиссиёти нобовариву дудилагӣ ба тезӣ аз байн рафт. Маълум гашт, ки ҷонибдоронаш хато накардаанд. Ҳанӯз дар рафти кори иҷлосия нафақат ба сокинони ҷумҳурӣ, инчунин беҳтарин сиёсатшиносони касбии хориҷӣ, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро мушоҳида намуданд, ки қодир аст то ҷумҳуриро аз ноустувории сиёсӣ, ҷанги шаддиди шаҳрвандӣ ва таҳдиди амиқи парокандагӣ барорад.
Дар Иҷлосия раисони кумитаю Комиссияҳои Шурои Олиро аз нав интихоб намуданд. Ҳамзамон Раиси Шӯрои Вазирон ва дигар аъзои Ҳукумат низ интихоб карда шуданд. Он қонуну таклифу супоришҳои расмие, ки дар ҷаласаи машваратӣ пешниҳод шуда буданд, ба ҳукми расмию қонунӣ дароварда шуданд.
Ҳамин тариқ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаҳои таърихи худ баромад. Иҷлосия барои таҳкими Ҳокимияти давлатӣ, нигаҳдошту ҳифзи истиқлолияти кишвар, муайян намудани самтҳои асосии инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёдии ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи ҳалкунанда ба вуҷуд овард. Ҳамаи қарору қонунҳои дар Иҷлосия қабул гардида, барои пойдории мамлакат, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини истиқлолияти воқеӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ таҳкурсии мӯътамад гузоштанд. Бояд қайд кард, ки дар ин Иҷлосия 74 номгӯи санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.
Маҳз бо туфайли амалӣ гардидани ҳамон қарору қонунҳои Иҷлосия XVI –ми Шӯрои Олии, ҳарчанд, ки дар ин ҷода мушкилоти сангинеро, бо сабаби идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ паси сар кардан лозим омад, мамлакат тавонист, то ба маҷрои осоиштагӣ, ва музаффариятҳои бунёдкорӣ ворид гардад.
Дастовардҳои бузургу ҳамаҷониба фарогири давраи истиқлолияти комили Ҷумҳурӣ, ки амалан дар асоси қарорҳои Иҷлосияи XVI, хосатан таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд, дарстоварди бузургу бесобиқаи таърихи муосири миллат ҳисоб меёбанд.
Иқдоми ҳамаҷониба фарогиру созандаи Пешвои миллат, дар тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва илмию фарҳанги мамлакат дар садҳо далели мӯътамад зоҳир мегардад. Имрӯз аз ҳар ҷиҳат Тоҷикистони азиз ба иқтидори қавие соҳиб гардидааст, ки ягон қувваи ғаразноки дохилӣ ва душманони хориҷӣ, истиқлолияти қавию абадии онро халалдор карда наметавонад.
Акнун, ки фазои мӯтадили сиёсию иқтисодӣ барои ободкории Ватан комилан мусоидат мекунад, бояд якдилона барои таъмини амалии барномаи дурнамои рушди ҳамаҷонибаи мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳем. Вазифаи тарбияи наслҳои ҷавону созандаи имрӯзу фардо, дар рӯҳияи худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ, қарзи авлодист, дар назди рӯҳи поки аҷдодоне, ки эҳёи давлатдории тоҷиконро дар муддати чандин қарнҳо орзӯ мекарданд.
Ҳайдаршо Пирумшо, узви вобастаи АМИТ, профессор.
ТАШАББУСИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ТАЪСИСИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ МИЛЛӢ АЗ РӮЙИ ИХТИСОСҲОИ НОДИР
(Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз муассисаи бузурги илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар назди муассисаҳои зерсохтори он 9 шурои диссертатсионии миллӣ амал мекунад, ки фаъолияти онҳо тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда, инчунин Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва Низомномаи шуроҳои диссертатсионӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267 бо тағйиру илова аз 26 июни соли 2023, №295) ба роҳ монда шудааст.
Аз теъдоди 9 адад шурои диссертатсионӣ 2 адад Шурои муштарак бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 1 шурои муштарак бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ таъсис додашуда, 4 шурои диссертатсионӣ ваколати баррасии диссертатсияҳои докториро доранд ва дар маҷмуъ аз рӯйи 25 ихтисос диссертатсияҳоро қабул ва баррасӣ менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии Шуроҳои диссертатсионии амалкунандаи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ фаъолияти 6 ададаш ба самти илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ рабт дошта, дар шаш моҳи соли равон 15 диссертатсия аз рӯйи самтҳои болозикр ва 25 диссертатсия аз рӯйи самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ҳимоя гардиданд, ки ба татбиқи амалии ташаббуси наҷиби аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мусоиддат мекунад.
Маврид ба зикри хос аст, ки санаи 30-юми майи соли 2024 дар мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Пешвои миллат ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ таваҷҷӯҳи махсус равона карда, зикр намуданд, ки дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи баъзе ихтисосҳо ҷавобгӯй намебошад ва ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем.
Барои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ танҳо дар моҳҳои июн ва июли соли 2024 лоиҳаи ду дархост оид ба таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D060600 – Химия (6D060606 – Химияи фаромолекулӣ ва 6D060609 – Химияи биоорганикӣ), 6D071000 – Маводшиносӣ ва технологияи моддаҳои навин (6D071001.01 – Маводшиносӣ (саноати металлургия)), 6D072000 – Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ (6D072003 – Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия), барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 02.00.00 – Химия (02.00.06 – Химияи фаромолекулӣ ва 02.00.10 – Химияи биоорганикӣ ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ ва доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои 05.17.03 – Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия, 05.02.01.01 – Маводшиносӣ (саноати металлургия) омода гардид.
Таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои болозикр имкон медиҳад, ки пойгоҳи асосии саноати дорусозӣ ва саноати металлургияи муосирро дар мамлакат роҳандозӣ намуда, ба саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи стратегии мамлакат ба шумор меравад, мусоиддат намояд.
Ҳамчунин, ҷиҳати бартараф намудани эродҳои гирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, диссертатсияҳо, арзёбии диссертатсияҳо аз ҷониби муассисаҳои пешбар ва муқарризони расмӣ, бо масъулини шуроҳои диссертатсионӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохуриҳо баргузор гардиданд.
Омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ барои рушди мамлакат масъалаи хеле муҳим маҳсуб меёбад. Бинобар ин, аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ, таъсис додани шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои нодир дар назди муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамарӯза тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.
Сармутахассиси Раёсати магистратура,
аспирантура ва докторантураи (PhD) – и
назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аҳмадов Ф.М.
«Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».
Эмомалӣ Раҳмон
Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик истиқлоли давлатӣ мебошад. Маҳз истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду соҳибмаърифати тоҷик имкон фароҳам овард то ба ормони деринаи хеш сазовор гардад. Расидан ба Истиқлол дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди давлати навини мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эљоди аркони давлатдории муосирро гузошт.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳалли масъалаи энергетика ва таъмини кишвар бо неруи барқ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин замина бояд тазаккур дод, ки имрӯз бунёди НБО Роғун шарафу номуси миллати куҳанбунёду тамадунпарвари тоҷик буда, аз сифати созандагии тоҷикон дарак медиҳад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ба сӯйи бунёди ин иншооти бузурги қарн далеронаю хирадмандона қадам ниҳоданд.
Оғози ба кор андохтани НБО-и Роғун муҳимтарин рӯйдоди таърихи нави давлатдории халқи тоҷик буда, дар солномаҳои таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.
Ёдовар мешавем, ки тарҳи НБО-и Роғун ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70 - уми асри XX ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонии он соли 1976 оғоз гардидааст. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа, корҳои омӯзишӣ дар ин ҷо солҳои 1933 ва 1938 сурат гирифта, аз рӯйи ташхиси олимон муайян гардидааст, ки мавзеи мазкур барои сохтмони нерӯгоҳи пуриқтидор хело мусоид мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки дар солҳои 50-70-уми асри ХХ роҳбарияти давлати шуравӣ аз ҳар ҷиҳат барои сохтмони неругоҳҳои истеҳсоли барқ таваҷҷуҳ зоҳир менамуд, зеро барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза барои рушди хоҷагии халқ аҳамияти калон дошт[1].
НБО-и Роғун сохтмони бузурги аср ба ҳисоб рафта, бо 335 метр баландӣ яке аз баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Аммо бо сабабҳои маълум сохтмони НБО-и Роғун дар ибтидои солҳои 90 -ум боздошта шуда буд. Соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир ва стандартҳои бехатарӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳа ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат намуд. Барои корҳои барқарорсозӣ, сохтмону васлкунии неругоҳи барқи обии Роғун аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои мушаххаси амалӣ меандешад.
16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва корпуси дипломатӣ аввалин агрегати НБО-и Роғун ба истифода дода шуд.
Боиси ифтихормандии бузург аст, ки дар рӯзи ҷашни 28-умин солгарди истиқлоли давлатии кишварамон, 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми НБО Роғун мавриди истифода қарор гирифт. Дар назар аст, ки агрегати сеюми НБО Роғун соли 2025 ба кор дароварда мешавад [2].
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бори дигар рӯ овардану ҷон бахшидан ба ин иншооти бузурги аср тақозои замон мебошад. Ҳар як фарди худшиносу худогоҳу ҳувиятсози миллат аз бунёди чунин иншоот ифтихорманд буда, сохмони НБО-и Роғунро нишон аз созандании миллат ва фарҳанги қадимаи тоҷикони худогоҳ мешуморад.
Дар ҳақиқат НБО-и Роғун иншооти тақдирсози миллати тоҷик буда, омили некуаҳволӣ маҳсуб меёбад. Чунки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда талаботи аҳолиро пурра таъмин карда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ медиҳад. Рушди соҳаи энергетика дар тараққии устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ва махсусан барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - индустрикунонии босуръати кишвар нақши асосӣ дорад.
НБО Роғун ҳаҷми истеҳсоли неруи барқро баланд мебардорад ва барои рушди истеҳсолот муфид аст. Инчунин аҳолиро бо қувваи барқ таъмин менамояд. Дар навбати худ шаъну эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад.
Бояд гуфт, ки ба пуррагӣ бунёд намудану ба истифода додани НБО-и Роғун барои расидан ба истиқлоли комили энергетикии кишвар шароит фароҳам меорад ва барои захира намудани манбаи бузурги оби нушокӣ имконият медиҳад. Ҳамзамон, қувваи барқи истеҳсолшавандаи НБО Роғун барои кишварҳои дигар бо нархи арзон дастрас мегардад. Пушида нест, ки обанбори ин неругоҳ дорои имконияти нигоҳ доштани захираҳои бузурги об аст.
Тоҷикистон кишварест, ки ягон ҳамсояро бе об намегузорад, ин нуқтаро борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, БРИКС ва дигарон иброз намудааст.
НОБ Роғун ифтихори миллати созандаи тоҷик буда, бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки ҳангоми ба пурагӣ ба истифода додани ин неругоҳ миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ бурун гашта, зиндагии мардум маҷрои навро мегирад. Бо ба итмом расидани бунёди ин неругоҳи бузург манфиати он натанҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки ба дигар давлатҳои минтақа низ мерасад.
Ин неругоҳ ифтихори миллати тоҷик мебошад, чунки дар тӯли солҳои истиқлоли давлатӣ сохта шуда, имрӯзҳо давра ба давра ба истифода дода мешавад. Ҳангоми истифодабарӣ аз ин иншооти муҳташами аср, ҳатман миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ мебарояд. Зиндагии сокинони кишвар боз ҳам беҳтару ободтар ва деҳоту ноҳияҳову шаҳрҳои Тоҷикистони азизамон чароғонтар мешавад.
Тибқи маълумоти мутахассисон, баъди ба кор андохтани ҳамаи шаш агрегати Роғун соле 13-17 миллиард киловатт-соат кувваи барқ ҳосил карда мешавад. Ин қариб баробар ба маҳсулоти солонаи ҳамаи неругоҳҳои барқи- обии дар Тоҷикистон мавҷудбуда аст.
НОБ Роғун як навъ роҳи абрешим барои неруи барқ аст, ки Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро мепайвандад. Ҳамзамон, вазифаи дигари он танзими ҷараёни об мебошад. Бе иштибоҳ метавон гуфт, ки Роғун мактаби бузурге мебошад, ки ба мутахассисони маҳаллӣ имкон медиҳад, то дар ин соҳа малакаю маҳорати худро қавӣ намуда, соҳибкасб гардида, мутахассис шаванд ва дар оянда ин таҷрибаро дар дигар кишварҳои ҷаҳон истифода баранд.
Тавре, ки маълум аст, сохтмон ба ду марҳила тақсим мешавад. Якум сохтмони сарбанди 1110 метрро дар бар мегирад, ки ду агрегати 200 МВт ба кор медароянд, ки ин 16 ноябри соли 2018 ба вуқуъ пайваст. Марҳилаи дуюм то 1300 метр баланд бардоштани сарбанд аст, сипас тадриҷан то соли 2028 боз чаҳор турбинаи иқтидори ҳар кадом 600 МВт ба кор андохта, ду турбинаи аввал то 600 МВт зиёд карда мешавад. Ҳамин тариқ, иқтидори умумии НБО-и Роғун то анҷоми сохтмон 3600 МВт хоҳад буд. Таҷҳизоти НБО-и Норак, ки дар поёноби Вахш воқеъ аст, тадриҷан фарсуда шуда, барқароркуниро талаб мекунад. Дар сурати боздоштани кори як агрегат дар он ҷо, ки 200 МВт аз даст додани неруи барқро ташкил медиҳад. Ин хароҷоти Роғунро мепӯшонад. Ҷанбаи дигари муҳим ин идоракунии таҳшинҳо (шағалҳо, қумҳо, сангҳо), ки тавассути дарёи Вахш мебурд, мебошад. Ин дар як сол тақрибан 80 миллион мукааб метрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи сарбанди НОБ Роғун аз ин таҳшинҳо муҳофизат карда, бо ҳамин муҳлати кори НОБ Норакро дароз мекунад. Ӯзбекистон сарфи назар аз мавсим ба қадри зарурӣ об хоҳад дошт. Ин дар шартномаи НБО Роғун, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба имзо расида, баъд аз он ҳамаи тарафҳои манфиатдор тасдиқ кардаанд, дохил карда шудааст. Мо ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин сохтем, ки Роғун як макони амн аст ва ба ҳамаи кишварҳои поёноб фоида меорад. Ҳама уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон дар робита ба неругоҳи Роғун гирифтааст, пурра иҷро мешаванд.
Сохтмони сарбанди 335-метраи сангреза НОБ-и Роғунро ба баландтарин неругоҳи барқии обии ҷаҳон табдил медиҳад. Ва иқтидори он 3600 МВт бузургтарин дар Осиёи Марказӣ аст. Шароити мураккаби табиӣ низ лоиҳаро беназир мегардонад. Зилзила, дараи танги кӯҳӣ, хавфи сел, қабати намаки санг, ки дар пояи сарбанд хобидааст, ҳамаи ин усулҳои махсуси лоиҳакашӣ ва техникиро талаб мекард. Масалан, маҳлуле ёфт шуд, ки аз ҳал шудани намак пешгирӣ карда, бехатарии тамоми сохторро таъмин мекунад. Чунин ҳодиса дар ягон ҷойи ҷаҳон рӯй надодааст.
Муҳим он аст, ки неругоҳи барқи обии Роғун метавонад Тоҷикистонро дар содироти неруи барқ нисбат ба кишварҳои ҳамсоя пешсаф гардонад. НБО Роғун ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд кунад.
Дар назар аст, ки 50 дарсади иқтидори НБО Роғун дар дохили кишвар истифода шуда, 50 дарсад ба хориҷ содирот мешавад. Нархи як киловатт-соат барқи НБО Роғун 1,5-2 дирам мешавад. Барои муқоиса нархи неруи барқи стансияҳои электрикии аловӣ ин рақам 4-5 дирам, дар стансияҳои электрикии атомӣ 5-6 сентро ташкил медиҳад. Бешубҳа, неругоҳи барқи- обии Роғун дар муқоиса бо дигар навъҳои тавлидкунандаи неру бештар фоидаовар аст.
Бисёриҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа татбиқи ин тарҳро ғайриимкон меҳисобиданд. Ва инак, мо ин кори бузургро анҷом додем. Албатта, ҳисси ифтихори бузург - ҳам барои худам ва ҳам барои ҳамкасбонам, он тоҷиконе, ки дар ин сохтмон бо онҳо бародарӣ кардаам. Бе ин гуна бародарӣ душвориҳоеро, ки дар ин сохтмони нодир ба мо пеш омад, бартараф кардан мумкин набуд, иброз намудаст дар сӯҳбат бо Шариф Ҳамдампур сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон», Жан-Франсуа Норманд, сармуҳандиси консорсиуми «Трактебель-Электроконсалт», (Consortium “Tractebel-Electroconsult) масъули марҳилаи ниҳоии сохтмони нерӯгоҳи Роғун [3].
Дар баробари гуфтаҳои боло, метавон иброз дошт, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таърихи миллатамон пирўзии бузург маҳсуб меёбад. Истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хоси рушди кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем. Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлол кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳояш кори аз он ҳам душвортар аст[4].
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа
Сарчашма:
1. Наҷмуддинов Т. А., Роғун - сарчашмаи нур. Манбаи электронӣ:
ttps://tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=4019:2023-01-19-08-53-22&catid=101:pajuhish&lang=tj&Itemid=. Санаи муроҷиат: 09.04.2024с.
2. https://sputnik.tj/.../Malum-shud-agregati-seyumi-NBO.... Санаи муроҷиат: 08.04.2024с.
3. Рогунская ГЭС - новая сила Таджикистана. Манбаи электронӣ: https://pressa.tj/rogunskaya-ges-novaya-sila-tadzhikistana/. Санаи муроҷиат: 02.05.2024с.
4. Сайидзода З. Ш. Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. - 464 саҳ.
Аз табобати тоҷикон то таъсиси Академияи илмҳои Бознашр: Аз нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” Тоҷикистон
Бознашр: Аз нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Табиби ҳозиқ Евгений Никанорович Павловский яке аз шахсиятҳои барои тоҷикон наздик ва хидматкарда мебошад, зеро солҳои бистуми асри XX Осиёи Марказӣ, бавижа водии Зарафшонро бемориҳои вабову вараҷа фаро гирифта буду Павловский пайи ҷустани сарчашмаи беморӣ ва табобати мардум мегашт. Дар ин раванд бо мардуми мо унс гирифт ва ин меҳру муҳаббатро то вопасин нафас пос дошт. Дар таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон саҳм гирифт ва аз дӯстону табибони наздики устод Садриддин Айнӣ ба шумор мерафт.
ЧАРОҒИ РОБИТА
Евгений Павловский 5-уми марти соли 1884 дар вилояти Воронежи Русия, дар оилаи омӯзгор, чашм ба дунё кушодааст. У соҳиби зеҳну хотираи қавӣ ва ис- теъдоди нодир буд. Соли 1903 гимназияро бо медали тилло хатм намуда, то соли 1908 дар Академияи ҳарбӣ- тиббии Петербург таҳсил кард.
Ҳамон сол дар ҳайати гурӯҳи пажӯҳишӣ аввалин бор ба сарзамини тоҷикон - Варорӯд омад. Он солҳо мардум аз бемориҳои гуногун, ки паҳнкунандаи онҳо ҳашароту ҳайвонот буданд, ранҷ мекашиданд.
Павловский ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ масъалаи омӯзиш ва роҳҳои рафъи таъсири ҳашароту ҳаӣвоноти хунмаку заҳрдор ва паҳнкунандагони бемориҳои сиро- ятиро ҳадафи асосии кори хеш қарор дод. Дар роҳи ҳифзи саломатии инсонҳо умри худро бахшид. Баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳояш, ба бисёр минтақаҳо, аз ҷумла кишвари мо, сафарҳои пажӯҳишӣ ташкил намуд.
САФАР БА ВОДИИ ЗАРАФШОН
Павловский соли 1928 аввалин экспедитсияи зидди ҳашароти ба инсон зарароварро ташкил карда, барои мубориза бо онҳо ва мадад ба аҳолӣ, ба Тоҷикистон омад. Сокинони ин минтақа аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, бахусус аз вараҷа, азият доштанд.
Соли 1932 бо ташаббуси ӯ дар Душанбе бунгоҳи таҳқиқоту омӯзиШ ва мубориза бо ҳайвоноту ҳашароти зараровар (стансияи паразитологӣ) таъсис ёфт, ки соли 1934 ба шуъба ва минбаъд ба пажӯҳишгоҳ табдил ёфт. Маҳз ба эҳтимом ва роҳбарии Павловский гурӯҳи мута- хассисон бемории вараҷаро дар Тоҷикистон рафъ сохтанд ва аҳолӣ аз сирояти он ҷон ба саломат бурд. Ин хидмати бузурги ӯ кофист, ки ному осорашро ба некӣ ёд кунем.
Мавсуф бо таълифи асарҳои «Животные паразиты и некоторые паразитарные болезни человека в Таджикистане», «Звери Таджикистана» (1935), «Рыбы Таджикистана» (1938), «Птицы Таджикистана» (1940), «Малярийные комары Таджикистана и меры борьбы с ними» (1943) на танҳо олами ҷонварону ҳашароти моро илман омӯхт, балки табиати рангини кишвари моро муаррифӣ ҳам кард. Рисолаи «Ҳайвоноти заҳрдор»-и ӯ машҳури ҷаҳон аст.
ТАЪСИСИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Соли 1940 стансияи паразитологи ба тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди табдил ёфт. Ин ибтикор қадами муҳиме дар
Академияи илмҳои Тоҷикистон дар соли 1951 гашт ва Павловский аз ҷумлаи нахустин академикҳои инти- хобгардидаи он буд. Қобили зикр аст, ки Евгений Павловский дар тантанаи бозшавии Академияи илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҳозирин аввалин президенти ин боргоҳи илмй Садриддин Айниро муаррифӣ мекунад.
Бино ба маълумоти таърихнигор Усмон Эшонзода, соли 1942 Пажӯҳишгоҳи зистшиносии Академияи илмҳои ИҶШС, ки сарвараш Павловский буд, ба ақибгоҳ - шаҳри Душанбе кӯчонда шуд ва хидмати ин олими бузург бармало эҳсос мешавад. Кормандони ин Пажӯҳишгоҳ дар омӯзиши олами ҳайвоноти Тоҷикистон ва рушди он хидмати назаррас кардаанд.
Академик Евгений Павловский дорои истеъдоди нодир, қобилияти баланди ташкилӣ, инсони хоксору меҳрубон ва ҳамеша сӯйи мақсадҳои воло равон буд. Агар мухтасар гӯем, фаъолияти ӯ саропо моломоли ҳифзи саломативу хушбахтии инсонҳост.
Соли 1954 ба муносибати 70-солагии Павловский Пажӯҳишгоҳи зистшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва МТМУ № 8 ба номи ӯ гузошта шуданд.
Моҳи майи соли 1965 дар шаҳри Ленинград дили ин марди бузург аз тапидан бозмонд. Вале номи неку хизматҳояш дар хотири мардуми мо абадист. Ин марди наҷибзода Соли 1964 Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардид ва Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон низ ҳаст. У қариб ҳамаи ҷоизаву унвон ва медалу орденҳои замони хешро гирифта буд ва дар ватанаш низ ҳамчун табиб ва асосгузори зоологияву паразитология эъти- роф шудааст. Нимпайкараҳои ӯ дар шаҳрҳои Душанбе, Хабаровск ва дар пахдуи хона-музеяш дар Борисоглеб- ски Воронеж қомат афрохтаанд. Дар зери пайкараи дар шаҳри Душанбе будаи ӯ чунин навиштаанд: «Академику Е. Н. Павловскому от благодарного таджикского народа».
Имсол дар АМИТ 140-солагии академик Павлов- скийро ҷашн гирифтанд ва зери нимпайкараи ӯ гул- чанбар гузоштанд. Чароги ёду ёдгори чунин мардони фозил ва дӯстдорони мардум ва табиати тоҷик ҳамеша фурӯзон аст!
Бузургмеҳри БАҲОДДУР, “Ҷумҳурият”
Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинаму зебандагиашро гум накардааст. Бо истифода аз матоъҳои нафис, гӯлдузии зебо ва нақшҳои анъанавӣ, либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро низ инъикос мекунад.
Ҳар як ҷузъи либоси миллӣ дорои маънии махсус аст. Нақшҳои гулдӯзӣ, ки дар либосҳои миллӣ истифода мешаванд, рамзи табиат, муҳаббат, зиндагӣ ва фарҳанги мардумиро инъикос мекунанд. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум зиёд гардидааст.
Либоси миллӣ дар ҷашнҳо ва маросимҳои милли нақши муҳим мебозад. Дар ҷашни Наврӯз, ки яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки мардуми тоҷик бо либосҳои рангоранг ва зебо ба куча мебароянд ва дар рақсҳо ва сурудҳои анъанавӣ иштирок мекунанд. Ҳангоми туйҳо ва дигар маросимҳои муҳим либоси миллӣ ҳамчун рамзи ифтихор ва ҳувият истифода бурда мешавад.
Либоси миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ маъруфият пайдо мекунад. Барномаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои мӯд ва фестивалҳои байналмилалӣ, ки дар дар кишварҳои гуногун баргузор мешаванд, имконият медиҳанд, ки либоси миллии тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад. Ин намоишҳо на танҳо зебоии либоси миллиро нишон медиҳад балки фарҳанг ва таърихи бою пурғановати тоҷиконро низ таҷассум мекунанд.
Мутаасифона, имрӯзҳо мавзуи либоси миллӣ ва симои миллӣ бештар аз дигар мавзуъҳо мавриди гуфтугӯву баҳс қарор гирифтааст. Ва ин бесабаб нест. Зеро либоси миллии мо, ки баландтарин фарҳанги ҳадафноки миллиро таҷассум кардаасту дар дунё шабеҳ надорад, дар қатори бисёр дастовардҳои дигари миллии мо дар ин замони ҷаҳонишавӣ мавриди таҳдиду коҳиши бемавриду бемаъно қарор гирифтааст. Дар чанд соли охир аз ҷониби мардуми мо пӯшидани либосҳои миллати бегона ба расму одат даромад. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунад. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.
Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рўзи модарон чунин таъкид карданд:
“Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва бафарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.
Лаборанти калони ШФКА Институти астрофизикаи АМИТ
Назарова Шукрона
Тавре ҳамагон хуб медонем, маҳз дар замони ҷаҳонишавии босуръати бархурди тамаддунҳо ва инчунин рушди босуръати техникаву технологияи муосир дигаргуниҳои ҷамъиятӣ рӯз ба рӯз кулли муносибатҳои байниҳамдигарии одамонро тағйир медиҳанд. Илова ба ин гуфтаҳо оила низ ҳамчун ячейкаҳои ибтидоии ҷамъият дар ин раванд давраҳои мухталифи инкишофро аз сар гузаронида истодааст.
Лозим ба тазаккур аст, ки ин гуна равандҳои босуръати давраи дигаргуншавӣ аз як нигоҳ ҳам тарафи мусбӣ ва ҳам тарафи манфии худро дорад. Зеро пеш аз ҳама ин гуна падидаҳои носолими ҷомеа дар самти таълиму тарбия таъсир ва халали бештари худро мерасонанд.
Бар замми ин гуфтаҳо дар аксар мавридҳо муноқишаҳои оилавӣ ва мушкилиҳои ҷавонону наврасон низ рӯз аз рӯз ва бо мурури замону тақозои айём аз пештар дида боз ҳам бештар афзунтар мешаванд. Бинобар ин, талабагонро бо донишҳои психологию педагогӣ мусаллаҳ намудан ба мақсад мувофиқ аст. Чунки тарбияи дурусти оилавӣ ҷиҳати пойбарҷо мондани оила ва ҳамзамон беҳтару хубтар ба роҳ мондани аксарияти муносибатҳои байнишахсӣ дар ташакули ҷомеаи солим ва инчунин хеле соҳибмаърифату хушахлоқ будани шахсият нақши калидии худро мебозад.
Аз нигоҳи мо оила ҳамчун ячейка ё худ як рукни ибтидоии ҷомеа дараҷаҳои мухталифи тараққиётро аз сар гузаронидаву ҳамзамон бо мурури замон комилан тағйир ёфта истодааст гӯем ҳам ҳеҷ як иштибоҳе нахоҳем кард. Чунки ҳар як сохти ҷамъиятӣ бо мурури замон ба оила талаботи муайяни худро пешниҳод менамояд. Чунки оилаи тоҷик 25-26 сол муқаддам вобаста ба тағйироти сохти давлатдорӣ ва инчунин ба вуқӯъ пайвастани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буҳрони гарони психологию педагогиро паси сар намуда, ҳамзамон ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардида буд.
Бинобар ин, бо дарназардошти ин омилҳо ва бархе аз рӯйдодҳо, кӯдаконе, ки ҳанӯз 25-30 сол пеш ба дунё омада буданд, маҳз дар даврае таваллуд шуда буданд, ки дар рӯҳияи волидайни онҳо ҷангитаҳмилии шаҳрвандӣ таъсири калон гузошта буд. Чунки волидайни онҳо дар он даврон дар ҳолати стресс қарор доштанд. Яъне, таъсири вазъи ҷомеа низ ба муҳити оилавӣ ва тарбияи атфол низ монеа эҷод менамуд.
Беҳтараш агар ба ибораи муҳаққиқи масоили омӯзиши оила Ф. Адлер рӯ оварем, он гоҳ оила ниҳоде мебошад, ки амнияти ҷамъияти инсонӣ аз он вобастагии зиёди худро низ дорад.
Зеро тибқи таҷрибаҳои ҳаётӣ масоили муносибатҳои бенизоъ сутуни асосӣ баҳри пойдории оила маҳсуб меёбад. Аз ҷониби дигар, аксарияти муносибатҳои бенизоъ шарти солимгардонии оила ба шумор меравад.
Ба пиндори шахсии мо олимон муносибати солими ҷомеа ва аҳли байт бо ҳамдигар ва инчунин бе мушкилоту низоъ ва хушгузаронии зиндагонӣ ва дигар омилҳои ҳаётии аҳли оила боиси мавҷудият ва бунёди оилаи солим буда метавонанд.
Барои он ки оила тифоқу солим бошад ва хоҳем, ки он пароканда нагардад, бояд дар оилаҳо пеш аз ҳама ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқат, сабру таҳаммул ва ҳамзамон муносибатҳои бенизоъ, рақобати солим, муросо намудан, гузашт кардан, дурӣ ҷустан аз низоъмавҷуд бошанд. Ба ифодаи олими маъруф Ф. Бекон: “Дониш қудрат аст!”.
Алишер РАҲИМЗОДА, номзади илмҳои физикаю математика, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Либоси миллӣ яке аз зуҳуроти маданияти моддӣ мебошад. Дар он анъанаҳое, ки аз таърихи этникӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва баъзе унсурҳои идеология — эътиқод, меъёрҳои эстетикӣ реша доранд, инъикос меёбанд. Аз ин рӯ, либоси мардумӣ бояд яке аз сарчашмаҳои омӯзиши таърихи этникии ин ё он халқ, фарҳанг ва иртиботи он бо дигар халқҳо дониста шавад. Дар асоси маълумот ва таҳлили муқоисавӣ, аз як тараф, шаклҳои қадимии либос, ки ба шаклҳои аслӣ наздиканд, аз тарафи дигар, шаклҳое, ки баъдтар пайдо шудаанд, хеле барои омӯзиши либос муҳим мебошанд. Танҳо бо дарки таҳаввули шаклҳои либос ва таърихи тағйирёбии онро дар давраҳои муайяни таърихӣ метавон робитаи либос ва таърихи этникии мардумро ошкор намуд.
Тадқиқотҳои этнографӣ нишон доданд, ки либоси мардумӣ - ҳатто дар шакли анъанавии худ бетағйир намондааст. Омӯзиши масъалаи либоси миллӣ бояд мунтазам ба роҳ монда шавад, зеро бо ивазшавии наслҳо анъанаи либоспӯшии миллӣ низ аз байн рафта истодааст.
Даврае, ки дар асоси маълумотхои этнографӣ таҳқиқ бурда шудааст, яъне охири асри XIX — ибтидои асри XX – ин давраи гардишҳои шадид мебошад. Ба Россия ҳамроҳ шудан Осиёи Миёнаро аз бунбасти чандинасра ва рукуд бароварда, барои инкишофи минбаъдаи иқтисодиётӣ тиҷоратӣ ва дар ин асос ба вуҷуд омадани муносибатҳои капиталистӣ шароит фароҳам овард,ва ба дигаргуниҳо, хусусан маданияти моддӣ роҳ кушод. Инқилоби Октябр ба тамоми тарафҳои ҳаёти халқ боз ҳам бештар таъсир расонд. Вай тарзи ҳаёти оммаро ба куллӣ тағйир дод, ба қашшокии абадии онҳо, аз ҳаёти ҷамъиятӣ ва меҳнати дур шудани онҳо хотима дод. Ҳамаи ин тағиротҳо ба либоси миллӣ бе таъсир буда наметавонист. Ba дар ҳаёти мардум, ки ба сарнавишти минбаъдаи фарҳангҳои миллӣ таъсири амиқ гузошт ва дар либос низ инъикос ёфт.
Дар таърихи либоспӯшии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ин давраро ба марҳилаҳо ҷудо кардан мумкин аст, ки моҳияти он бо хусусияти шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва таърихии инкишофёфта пурра муайян карда шудааст. Давраи якум ин нимаи дуюми асри Х1Х мебошад (то солхои 90-ум) — ки он вақт ҳукмронии муносибатҳои феодалӣ дар иктисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ, нигоҳ доштани тамоми унсурҳои ба феодализм хос дар тарзи зиндагӣ низ таъсири хос расонида буд. Аз ҷиҳати либос ин марҳила бо бартарии шаклҳои анъанавӣ- либоси яққадбуридашуда (тарзи қадимаи либоси миллии тоҷикон) фарк мекард. Ҳанӯз гуфтан ғайриимкон аст, ки кай ин либоси қадимӣ бо тамоми унсурҳояш шакл гирифтааст. Аммо хусусиятҳои архаикии он дар нақшу нигор аз пайдоиши хеле қадимаи он шаҳодат медиҳад.
Бо вуҷуди ин, он асрҳои аср бетағйир монда, то замони мо омада расидааст. Далелҳои муайяне вуҷуд доранд,ки тағйироти либос дар давраҳои гуногуни ҳаёти инсон доим ба амал меомад. Аммо дар давраи феодалӣ тағйиротҳо дар либос хело суст буданд ва дар шаклҳои анъанавӣ маҳдуд буданд.
Хусусиятҳои дигари ҳаёти ҳалқӣ тоҷик дар давраи баъд аз ҳамроҳ шудан ба Россия тавсиф карданд мумкин аст. Самти тағйироти либосро таъсири халқҳои Русия, бахусус тоторҳо ҳаммазҳаби халқҳои Осиёи Миёна муайян мекарданд. Намудҳо ва шаклҳои нави либос- куртаи пешакдор, ки ҳоло онро бонувони тоҷик аз бар менамоянд, пайдо шуданд, либоси анъанавии кӯҳна- яққадбуридашуда торафт бештар ба либоси пиронсолон ё маросимӣ табдил ёфт.
Тақсимоти навъҳои нави либос дар шаҳрҳо ва деҳот нобаробар буд. Пеш аз инқилоб тағйири либос асосан дар байни аҳолии шаҳрҳои калон ва деҳаҳои гирду атрофи он вуҷуд дошт. Танҳо дар замони шӯравӣ, махсусан баъд аз ҶБВ (1941-1945), он дар ҳама ҷо ба ҳаёти рӯзмарра ворид шуд, аммо дар солҳои минбаъда тағйироти куллӣ ба намудҳои гуногуни либоси ҳам мардона, ва ҳам занона ҳатто дар маҳалҳо ба амал омад. Ҳоло қисмати зиёди аҳолӣ, махсусан аҳолии шаҳр ба пушидани либоси аврупои гузаштаанд, вале ба он унсурхои муайяни миллӣ –тоҷикӣ (матоҳои атласу адрас, чакандӯзӣ) аксаран дохил мешаванд ва ин яке аз марҳалаҳои тағйири либоси миллии тоҷикон ҳисобида мешавад.
Либоси муосири аҳолии Тоҷикистон ниҳоят гуногунранг аст. Ҷавонони шаҳрӣ ва қисман деҳот, махсусан дар байни зиёиён, бо мӯди навтарини аврупои ва миллӣ либос ба бар менамоянд; занҳои миёнасол бештар либоси миллиро авлотар медонанд; пиронсолон, бахусус занони деҳоти дурдаст, либосҳои кӯҳнаи анъанавиро нигоҳ медоранд, аммо ҳоло ба либоси онҳо низ унсурҳои алоҳидаи либоси бегона, хусусан либосӣ болопӯш (ба ҷойи ҷомаю камзул - жемпер, пальто, рӯймоли пашмӣ), яъне «аврупоӣ» мавриди истифода қарор гирифтааст. Аммо дар маросимҳои тую азодорӣ қисми зиёде одамон либосҳои анъанавиро аз бар мекунанд.Ва либосҳое, ки ҳоло пиронсолон мепӯшанд, қаблан ҳама аз рӯи рангҳо ва матоҳо низ фарқ мекарданд. Ҳамзамон мавҷудияти либосҳои хоси марҳалаҳои гуногуни таърихӣ ба мо имконияти бебаҳо барои мушоҳидаи бевоситаи либосҳои мардумии давраҳои гуногуни таърихиро фароҳам оварда, омӯзиш ва тарғиби либоси миллиро дар замони муосир ба роҳ мондан зарур аст.
Тағйирот дар либоси аҳолии шаҳр ва деҳот ба таври гуногун сурат мегирифт. Аҳолии деҳот намуди анъанавии либоси худро нигоҳ медоранд ва хусусиятҳои либоси қадимиро ҳатто имрӯз дар онҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Дар шаҳрҳо, чунин намуди анъанавӣ аз байн рафта истодааст, ки мавҷудияти он дар гузашта танҳо аз хотираҳои пиронсолон омӯхта мешавад. Бо вуҷуди ин, аҳамияти тадқиқоти намудҳои либоси аҳолии кишварро нодида гирифтан мумкин нест. Бояд қайд кард, ки намунахои олитарини либоси миллӣ дар шаҳрҳои қадимаи тоҷикон - Бухорову Самарқанд офарида шудаанд. Ҳолон аз замонҳои қадим намудҳои либосҳои мардумӣ маҳз дар шаҳр инкишоф ёфта, баъдан дар деҳот паҳн шуданд.
Гузаронидани як катор чорабиниҳо бо мақсади барқарор намудани матоҳои миллии истеҳсоли ватанӣ – атласу адрас, чакан ва матоҳои пахтагини мавсимии либоси миллӣ дар саросари кишварамон, хеле бамаврид мебошад. Фурӯши матоҳо ва тарроҳии ғайри миллӣ аз байн бурда шавад.
Шовалиева М-мардумшинос, н.и.т., ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Сафоева Б.-лаборанти калони Институт

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
