
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем».
Эмомалӣ Раҳмон
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ бо такя ба хиради азалӣ, бо дарки томи масъулияти ватандорию хештаншиносӣмардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари оқилу дурандеш ва муътабари хеш Эмомалӣ Раҳмон мақому эътибори ин сарзамини аҷдодиро дар арсаи ҷаҳон устувортар намуд. Бунёди шоҳроҳу пулҳои азим, эҳёи «Кохи нур» ва барафрохтани шуълаҳои умедбахш, коштани донаҳои умеду сарсабзу хуррамгардонии диёр, баҳравар сохтани насли наврас аз нури маърифат самараҳои неки ин дастоварди таърихии миллати тоҷик – Ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.
Имрӯз бархе аз кишварҳои ҷаҳон барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат талошҳои зиёде намуда, аммо ба он ноил намегарданд. Миллати сулҳофари тоҷик бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ тавонист, ба ин дастоварди гаронмоя – Ваҳдати миллӣсазовор шавад. Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва рушди ҳаёти осудаи мардум басо барҷаста аст. Барои таҳкими пояҳои давлатдории навини миллии мо – халқи тоҷик вазифадорем, ки дастовардҳои бузурги таърихӣ – Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати миллӣ ва меваи шаҳдбори он сулҳу суботи сартосариро гиромӣ дорем, эҳтиёт кунем, ояндабину дурандеш бошем, Ватани маҳбубамонро чун модари азизи худ дӯст дорем. Зеро сулҳи деринтизори халқи тоҷик миллати моро аз парокандагӣ ва давлатамонро аз вартаи нестӣ раҳо карда, ба ояндаи босаодат расонд. Таҷрибаҳои таърихиву имрӯза собит менамоянд, ки муноқишаҳои хушунатбор ба нооромию беваҳдатӣ оварда мерасонад. Имрӯзҳо давлату миллатҳое ҳастанд, ки барои барқарор намудани фазои сулҳмеҳвар дар давлати хеш талош мекунанд, вале ба ваҳдату ҳамбастагии миллӣ расида наметавонанд. Дар давлатҳои дар ҳоли ҷангу рӯ ба муноқишаҳои дохилю хориҷӣ, ки ҳодисаҳои нангин ба монанди надоштани сулҳу субот, нооромиву нофаҳмӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар сокинони бегуноҳ, ба ҳаёти талх мубаддал гаштани рӯзгори занону модарон, фирор кардани шаҳрвандон ба дигар давлатҳо, гирифтори азобу машаққати гурӯҳҳои манфиатхоҳ бори дигар мо – миллати тоҷикро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, муттаҳид бошем ва суботи сиёсиро дар кишварамон боз ҳам устувортар гардонем. Зеро рушди ҷомеа, рӯзгори осуда ва умеду орзуи ҳар як шаҳрванд танҳо дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ метавонад, амалӣ шавад. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тиҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат ҳанӯз 27.06.2017 таъкид дошта буданд, ки: «Ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи истиқлолияту озодӣ, ваҳдати миллӣва таъмин намудани пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад, яъне ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеа дар зеҳну шуури ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад».
Бо такя ба таъкидҳои роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудан ба маврид аст, ки Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад ва бояд ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандўсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣталош намояд. Маҳз, дар заминаи имкониятҳои фароҳамнамудаи ин дастоварди нодири тоҷикон – Ваҳдати миллӣ халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик рӯба бунёдкориву созандагӣниҳода, дар самти муаррифии таъриху тамаддуни волои худ ба ҷаҳониён шарафёб гашт. Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш миллати тоҷикро шарафёб кард, ки дар роҳи бунёдкориву созандагӣ гомҳои устувор гузорад. Татбиқи ҳадафҳои стратегии халқу давлати Тоҷикистон, пешрафту шукуфоӣ, ҳаёти осудаи мардум аз Ваҳдат аст.
Бояд гуфт, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши кишварҳои гуногуни олам, бахусус, кишварҳое, ки дар онҳо ҷангҳои дохилӣ ҷараён дорад, қарор гирифтааст. Дар ҳамоишу конфронсҳои байналхалқӣ сулҳи тоҷикон намунаи ибрат дониста мешавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27.06.2016 дар шаҳри Хоруғ таъкид карда буданд, ки: «Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.
Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт».
Маврид ба қайдаст, ки меҳвари рушди ҳаёти мардум ва пешрафту тараққиётро сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, поянда ва устувору ҷовидона нигоҳ доштани суботу оромиш ва ваҳдати миллӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси сарзамини муқаддаси Тоҷикистон дониста мешавад.
Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар ватани маҳбубамон – Тоҷикистони сулҳмеҳвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаҳои мусоид муҳайё гардид. Ваҳдати миллӣ - чун қувваи иттиҳод барои халқу давлати мо муқаддасу гаронмоя аст. Ватанро сидқан дӯст доштан, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо овардан, эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси миллию давлатӣ гузоштан, Ватанро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кардан ва барои пойдории Ваҳдати миллӣ саъю талош намудан вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордилу худогоҳи ин сарзамин – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ, д.и.т., профессор
«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем».
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ ин ягонагӣ, якпорчагӣ ва баҳамоии мардуми кишвар аст. Моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллӣ - ифодагари ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо мебошад. Дар умум таҳти вожаи ваҳдат – якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагиву иттиҳод фаҳмида мешавад, вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст. Таърихи расидан ба истиқлолият ва ваҳдат дар Тоҷикистон фарогири айёми мудҳиш мебошад ва дар роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ва миллати тоҷик аз мактаби бузурги нотакрори давлатсозию давлатдорӣ ва хештаншиносиву худогоҳӣ гузаштаанд. Маҳз, ваҳдати миллӣ ва тарғиби ғояҳои сулҳпарварӣ буданд, ки Тоҷикистон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар муддати кӯтоҳэътибору манзалати хоса пайдо намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президентикишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин гуфтаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизамонро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Бояд гуфт, ки гузаронидани ҷашни умумиҷумҳуриявии “Ваҳдати миллӣ” аҳамияти муҳимитаърихӣ, иҷтимоӣ, ва иқтисодиву сиёсӣ дорад. Зеро ин тадбири басо судманд ба гиромидошти сулҳу ваҳдат ва ба таҳкими ҳамаҷонибаи ин неъмати олӣ дар Тоҷикистони азизамон мусоидат мекунад.
Дар арафаи 27-умин солгарди “Ваҳдати миллӣ” ба таърих ва сарнавишти миллатамон назар афканда, чунин хитоб менамоям, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз “Ваҳдати миллӣ” ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ- иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азали халқи тоҷик маҳсуб мешавад. Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур муваққатӣ набуда, балки доимист. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ, пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.
Оре, ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад.
Дар солҳои 90-уми асри гузашта масъалаи мазкур бо тамоми ҳастиаш мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор гирифт ва тақдири таърихии Тоҷикистону миллати тоҷик аз бисёр ҷиҳатҳо бо он вобаста гардид. Бо пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар натиҷаи он ҳар як ҷумҳурӣ ба давлатҳои мустақил табдил ёфт, дар бархе аз ин давлатҳо истиқлолият бе ҳеҷ гуна мушкилӣ ба даст омад, аммо дар Тоҷикистони мо ин масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишвари моро баҳона карда, бар зидди давлат ва роҳбарони он гуруҳҳои иртиҷоии дохилиро ба шӯр оварданд. Қувваҳои иртиҷоии дохилӣ фароҳам овардани тартиботи демократиро шиори худ намуда, амалҳои нопокро пеш гирифтанд. Дар натиҷа гурӯҳҳое падид омаданд, ки аҳолии мамлакатро аз руи мансубияти миллӣ ва маҳал бар зидди ҳамдигар хезониданӣ шуда, ба мақсади худ то андозае ҳам муваффақ гардиданд.
Ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо истифода аз фурсати мусоид дар он айёми ҳассос ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо буд ва онҳо дар ин ҷода аз ҳеҷ роҳу воситае рӯй намегардониданд. Онҳо ба муқобили ҳукумати қонунии Тоҷикистон мубориза мебурданд.
Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқуъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида ба бӯҳрон дучор шуд. Дар Тоҷикистон ба маънои ҳақиқиаш ҷанги байни тоҷикон оғоз ёфта, парокандагии миллат ба вуҷуд омад, ки он барои ҷумҳурӣ ва ояндаи миллати мо хатари калон дошт. Ҳазорон нафар сокинони муқими мамлакат, ки ба зери ин даргириҳо монда буданд, қурбон шуданд ва баъзеашон ба хориҷи кишвар кӯч бастанд. Таҳдиди гуруҳҳои мусаллаҳ ба пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе равона гардида буд. Вакилони мардумии Шурои Олии Тоҷикистон, ки аз муқовимати аҳли майдонҳои «Озодӣ» ва «Шаҳидон» ба дод омада буданд, хатари гурӯҳҳои мусаллаҳро эҳсос намуда, дигар кори худро давом дода наметавонистанд. Ҳукумат тамоманфалаҷ гардида буд, на аз ӯҳдаи ҳимояи худ ва на аз ӯҳдаи идораи давлат мебаромад. Дар ҳамин гуна вазъият бо ибтикори ақлҳои солими Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони фидокори мардумӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд16 ноябри соли 1992 ИҷлосияиXVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.
Яке аз масъалаҳои асосии рузномаи Иҷлосияи мазкур интихоби Раиси Шурои Олии Тоҷикистон, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи сардори давлат буд. Ба ин вазифаи олӣ марди тавоно, хирадманд, оқил, ташкилотчии моҳир, сиёсатмадори асил ва ҷасуру дурандешро интихоб кардан лозим меомад.
Хушбахтона, дар он шабу рӯзҳо чунин шахсияти мунаввар пайдо гардид ва он чеҳраи нуронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти феълии кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, фарде, ки дар ҳаёт обутоб ёфта, дар назди хосу ом обрую эътибори зиёд доштанд. Дар Иҷлосия аз 197 нафар вакилони мардумӣ 186 вакил ба ҷонибдориашон овоз доданд ва 19 ноябри соли 1992 қарори Шурои Олии Тоҷикистон дар бораи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интишор гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат- таъмини сулҳу субот, муттаҳид кардани сокинони кишвар, бунёд кардани истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшидаанд ва фаъолияти сиёсии худро ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати азалии халқи тоҷик мувофиқ намудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфтанд, ки мақсади ӯ сулҳу салоҳ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободию осудагии халқ буду ҳаст ва хоҳад монд. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд, савганд ёд намуда, иброз доштанд, ки “ман ба мамлакат сулҳ меорам, халқи заҳматкашро аз фоҷиаи ҷангу хунрезӣ наҷот медиҳам, ваҳдати мардумони гуногунмиллати кишварамонро таъмин менамоям”.
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суханҳои худ устувор амал намуда, онро дар амал татбиқ намуланд. Бо мақсади муътадил намудани вазъияти сиёсии Тоҷикистон ва барқарор намудани сулҳу амният аз минбари ИҷлосияиXVI Шурои Олии Ҷумҳурӣ ба роҳбарони гуруҳҳои мусаллаҳ муроҷиат намуда, самимона иброз доштанд: «Бародарони гиромӣ! Ҳоло тақдири Ватани азизамон- Тоҷикистон, ки ҳамчун як давлати тозаистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ бояд арзи ҳастӣ бикунад, дар асоси торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсию ҷамъиятӣ, буҳрони амиқи сиёсӣ - иҷтимоӣ сахт дар хатар аст. Чанд руз аст, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд намояндагони мардум дар ИҷлосияиXVI Шурои Олӣ ба хотири наҷои Тоҷикистон ба хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш ба оҳанги сулҳу ризоият ва ҳамдигарфаҳмӣ муваффақ мешаванд. Бо ҳамин мақсад ва ба хотири ягонагиву ваҳдати тамоми халқҳои сокини Ҷумҳурӣ Шуморо 25-уми ноябри соли 1992, соати 14 барои иштирок дар кори Иҷлосияи Шурои Олӣ даъват менамоем. ҲукуматиТоҷикистон бехатарӣ ва амнияти Шуморо таъмин менамояд».
Бо ҳамин мақсад дар саҳни Қасри Арбоб оши оштӣ дода шуда, «дӯсту душман» дар атрофи як дастурхон нишастанд ва азму иродаи худро дар ҷодаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нишон доданд.
Муқаддамтар аз ҳама Ватанро аз вартаи ҷангу нобудшавӣ наҷот доданд, ба даст овардани сулҳи комил ва зина ба зина аз байн бардоштани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ, дар барномаи амалии Пешвои миллат, Сарвари Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол менамуд. Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар мусоҳибаи худ бо рузноманигор, ки 19 декабри соли 1992 таҳти унвони «Давлат аз иттифоқ хезад» доир гардида буд, чунин ибрози андеша намуда, таъкид доштанд: «Як нуктаро бояд тазаккур намоям - то он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз таҳрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем, ҳеҷ гуна кӯмаки ҳамсоягон вазъи моро беҳ сохта наметавонад».
Баъди оши оштӣ ҳам груҳҳои мухолиф дар гушаю канори Тоҷикистон таҳрибкории худро идома дода, имкон намедоданд, ки мардум зиндагии осоишта ба сар барад ё ҳукумат дар роҳи ободии мамлакат фаъолона кори худро анҷом диҳад. Ин аст, ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон боз бо забони сулҳдӯстӣ ба онҳо муроҷиат намуда чунин иброз доштаанд: «Биёед, кинаю адоватро як су гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғуш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта, ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем, Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил бидиҳем».
Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Сарвари мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард. Ғояи ваҳдати миллӣ, ки решааш сулҳу амният аст, пеш рафт ва оммаи халқро бештар фаро гирифт. Фуру нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие буд ба сӯи ваҳдати миллӣ.
Бо мурури замон ва беш аз пеш неруманд шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳаёти ҷомеа ҳамаҷониба татбиқ гардидани қонуният, мубориза дар роҳи ноил гардидан ба ваҳдати воқеии миллии кишвар авҷ мегирифт. Муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун қонуни асосии мамлакат6 ноябри соли 1994 қабул гардид ва дар ин рӯзи саиди таърихӣ аҳолии кишвар бо овоздиҳии пушида Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президентихуд интихоб карданд, зуҳуроти беш аз пеш дар атрофи Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари қонунии он муттаҳид гардидани халқ ба вуҷуд меомад.
Бо назардошти ин масъалаи ваҳдати миллӣ ҳанӯз мунтазири ҳаллу фасли мукаммали худ буд. Зеро, мардум, ки дар натиҷаи ҷангҳоибемаънӣ ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ва дигар мамлакатҳо паноҳ бурда буданд, ҳануз ба Ватан пурра баргардонида нашуда буданд. Аз ҳамин ҷост, ки Президенти Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути васоити ахбори омма ба муҳоҷирон, мусофирони иҷборӣ муттасил муроҷиат намуданд, ки ба Ватан баргарданд, ба молу мулки аҷдодии худ соҳибӣ кунанд ва кишвари худро обод созанд. Ҳукумат кӯмаки худро ба онҳо дареғ намедорад. Тоҷикистон намояндагони худро ба Афғонистон фиристод, то ки бо гурезаҳо сӯҳбат ороста, шароити нави бехавфу хатари кишварро ба онҳо фаҳмонида диҳанд. Радиои Тоҷикистон барномаи махсуси «Хоки Ватан»-ро ташкил карда буд, ки тавассути он ҳам хешу таборон, ҳам ходимони давлатию ҷамъиятӣ, ҳам рӯзноманигорон ба гурезагони иҷборӣ муроҷиат намуда, ба Тоҷикистон баргаштани эшонро суръат мебахшиданд.
Дигар масъалаи хеле ҷиддие, ки ҳаллу фасли самараноки он метавонист ба манфиати ваҳдати миллӣ хизмат бикунад, ин бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ буд. Ба ҷуз мулоқотҳое, ки ҳайати намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати мухолифин дар хориҷи кишвар доир намуданд, инчунин гуфтушуниди Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти неруҳои мухолифин дар сатҳи олӣ баргузор шуд. Ин мулоқотҳо дар Кобул ва Хосдеҳ (Афғонистони шимолӣ, солҳои1995, 1996), Теҳрон(1995), Маскав (1996), Машҳад(1997) ва Бишкек (1997) шаш маротиба ба вуқуъ пайвастанд. Дар суҳбатҳои мазкур масъалаҳои хеле ҷиддии сиёсӣ, ҳарбӣ, гурезаҳо, ҳуқуқ ва амсоли инҳо баррасӣ гардиданд, ки онҳо Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифинро ҳар дафъа ба мусолиҳаи миллӣ ва ваҳдати воқеӣ наздиктар меоварданд. Масалан дар протоколе, ки дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо имзоҳои Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ва роҳбарияти мухолифини тоҷик қабул шудааст, оид ба аҳди тарафайн дар моддаи якуми он чунин гуфта шудааст: «Аз 18 -уми сентябри соли 1995 сар карда, бо мақсади ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани Созишномаи умумӣ дарбораи барқарор кардани сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон давраи бетанаффуси музокирот ташкил карда шавад. Ҷои гуфтушунид бо тарафайн бо миёнравии намояндаи махсуси Муншии умумии СММ муайян карда мешавад».
Бояд иқрор кард, ки Комиссияи оштии миллӣ бомуваффақият кор кард, фаъолияти он самараҳои хуб дод ва 27- уми июни соли 1997 дар Москав дар ҳузури намояндагони мамлакатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Русия ва Эрон ва иштироки фаъолонаи Г. Мереем - намояндаи махсуси Муншии умумии СММ ҳуҷҷати умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба имзо расид. Бо ҳамин ихтилоф ва муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон ба анҷом расид. Ба андешаи мутахассисон «Асноди ниҳоии сулҳ дар кишвари мо ба оғози давраи нави таърихӣ асос гузошт. Давраи нав давраи расидан ба ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст. Танҳо бо роҳи муттаҳидӣ ва меҳнати мутташаккилона, ба шарте, ки қувваҳои ғоратгару муфтхур ҳосили заҳмати халқро ба яғмо набаранд, ба некӯаҳволии моддии халқ ва пойдории давлат муваффақ шудан мумкин аст. Пойдорию устувории давлатдории миллӣ заминаиасосии осудаҳолии мардум ва дустию ҳамкориҳои эҷодкоронаи заҳматкашон боиси истеҳком ва пояндагии давлат шуда метавонад».
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки зуҳуроти дурахшони ваҳдати сиёсӣ маҳсуб мешавад, сабаби ҳаллу фасли бисёр масъалаҳо оид ба истеҳкоми ваҳдати миллӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1999 «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ» фармон ба тасвиб расониданд. Туфайли ин дар кишварамон муҳити мусоиди бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам омад. Ин тадбир сабаб гардид, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф муттаҳид гардида, фаъолияти худро ба ҳифзу таҳкими сулҳ, ризоияти миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеа равона созанд. Намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмону ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳамкории муштараку судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ин робитаҳо саъю кушиш ба кор бурда истодаанд.
Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хуш истиқбол мекунанд. Ҳукумати кишвар 27- уми июнро ҳамчун ҷашни миллӣ, рӯзи “Ваҳдати миллӣ”, ҷашни ваҳдат ҳар сол дар тамоми қаламрави мамлакат таҷлил мегардонад.
Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омилҳои зиёди таҳкимбахш доранд. Амалияи ваҳдати миллӣ дар ҳаёти давлат ва ҷамъият кайҳост, ки самараҳои хеле хуби арзишманд ба бор овардааст. Рушди сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели равшани дар ҳаёт татбиқ гардидани ормонҳои мардум аст. Дар ҷумҳурӣ гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, равнақу ривоҷ ёфтани муносибатҳои бозаргонӣ, хусусигардонии моликият, ба деҳқонон барои истифодаи доимӣ додани замин, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ихтиёри худи хоҷагиҳо вогузор намудани даромад аз ҳосилоти замин ва як қатор тадбирҳои дигари иқтисодӣ на танҳо сатҳи ҳаётииқтисодии аҳолии деҳоту шаҳрҳоро баланд бардоштанд, балки сокинони Тоҷикистонро дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид ва сарҷамъ оварданд.
Рисолати ваҳдати миллӣ, ки мақсаду мароми тамоми ҷомеа гардидааст, имрузҳо торафт тавсиа ва густариш меёбад. Вай дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа зуҳур намуда, амалан барои тараққиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад. Яке аз бузургтарин рамзҳои давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон Шоҳроҳи ваҳдат мебошад. Ин иншоот тамоми манотиқи кишварро ба ҳам пайваста, мамлакати моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо месозад, роҳи онро ба ҷаҳони мутамаддин мекушояд.
Пешвои миллат, Сарвари давлатамон дар суханрониашон дар мулоқот бо аҳли зиёиёни кишвар густариш додани равандҳои ташаккул ва таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ҳисобидаанд.
Бедор кардани эҳсосоти худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандории халқи тоҷик худ як иқдоми қаҳрамонона буда, марҳилаи тоза дар таърихи рушди миллати тоҷик ба шумор меравад. Аз ин сабаб аҳли илму адаб ба таърих ва мероси ғании маънавии худ таҷдиди назар мекунанд, то ки ҳам сабақҳои ибратбахши таърих ва ҳам осори илмию фарҳангии аҷдоди бузургамон дар роҳи хештаншиносии миллӣ, инкишофи тафаккур, шуури таърихӣ ва давлатдории миллӣ, ҳарчи беҳтару бештар мавриди истифода қарор гиранд.
Имрӯзҳо натанҳо халқи кишвар, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик “Истиқлолияти давлатӣ”, “Ваҳдати миллӣ” ва ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар, тараққихоҳ муаррифӣ гардид.
Раванди барқарорсозии сулҳ ва оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои халқи азизи мо имкон фароҳам овард, ки сулҳу салоҳ дар кишвар ҳукмфармоӣ намояд, базудӣ оташи низоъ хомӯш гардад.
Қайдкардан зарур аст, ки гуфтушуниди тоҷикон ва сулҳи тоҷикон бевосита ба кӯшишу ғайрату ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо гурӯҳи ҳукуматиро дар гуфтушунидҳороҳбарӣ кардаанд, балки худ бевосита бо роҳбарони мухолифини тоҷик дар лаҳзаҳои душворе вохӯрданд, ки кори вакилон ба тангкӯчаи сарбаста ворид гардида буд. Барои ҳалли мушкилиҳои баамаломада тамоми чораҳоро андешидаанд.
Дар ҷараёни бунёди давлати навини соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон рисолати ваҳдати миллӣ олитарин арзише буд, ки ба тараққиёти минбаъдаи он мусоидат намуд. Дар давраи ҳозира ва оянда ҳам рисолати ваҳдати миллӣ дар тараққиёти кишвари азизамон Тоҷикистон бузург хоҳад буд.
27-умин солгарди “Ваҳдати миллӣ”, рӯзи фархундаву накӯфолро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди ин Ватан саломатӣ, сулҳу осоиш ва рӯзгори ободу пурсаодатро орзу менамоям. Бигзор, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвари азизи мо Тоҷикистони мондагор ҳамеша пойдор ва соҳибистиқлолии миллати шарафманду сарбаланди тоҷик ҷовидонӣ бошад!
Қудратов К.А. - н.и.т., мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ШАРОИТИ ТАҲАВВУЛОТИ МАДАНӢ (Мулоҳизоте куллӣ дар ҳошияи Рӯзи Ваҳдати миллӣ)
Фарҳанги ҳар қавму миллат моҳияти ҳамон қавму миллатро дар замону макони мушаххас таъйин мекунад. Кайфият ва чигунагии фарҳанг дар шароити мушаххаси таърихӣ ва ҷуғрофиёи муайян аз бошандагони минтақаи муайян бастагӣ дорад. Муҳимтар аз ин, фарҳанг равиш ва бавуҷудоварандаи низоми муътадили зиндагӣ дар ҷомеа буда, инзиботу инсиҷоми иҷтимоъ бар мабнои муносиботи фарҳангӣ сурат мегирад. Ҷомеа, ба назари муҳаққиқон, маҷмӯаи афроди созмонёфтаест, ки шеваи зиндагии хос дорад ва фарҳанг ҳамин шеваи зиндагии вижаи инсонҳост (ниг.: Паҳлавон Чингиз. Фарҳанг ва тамаддун. –Теҳрон: Най, 1388. -С.145). Шеваи зиндагии вижа ё хоси инсонҳо маънии ба марзи иттиҳод ва тафоҳуми миллию мардумӣ расидани ҷомеаро далолат мекунад. Ба сухани дигар, фарҳанг ва тамаддун ибрат аз назми иҷтимоӣ аст(ниг.:Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1365. –С.13) ва дар асоси муназзамӣ ва эътидолоти муносибатҳо рушду тараққиёт дар ҷомеа имконпазир мегардад. Дар маънии васеъ, ҳар он чи ки аз ҷониби инсон офарида мешавад, фарҳанг унвон мегирад ва он(фарҳанг)-ро ба сифати «табиати дуюм», ки офарандааш худи инсон аст, мешиносанд(см.:Силичев Д.А.Культурология. Конспект лекций. –Москва: «Приор-издат», 2004. -С.3). Аз ин ҷост, ки субъекти ҷараёни фарҳангсозӣ инсон аст, инсони огоҳ, ҷӯё, пӯё, ҳушманд, доно, бофаросат, бомаърифат ва зирак, ки имконоти омӯзишию парвариширо барои ҷомеа тавассути офаридаҳои моддӣ ва маънавиаш муҳайё месозад.
Муносибати муътадил ва ҳасана дар хамаи давру замонҳо бар асари таҳаққуқ пайдо кардани фарҳанг дар умури иҷтимоӣ имконпазир буда, маҳз фароҳам овардани имконоти фарҳангӣ боиси ҳаллу фасли мушкилоту дарҳамбарҳамиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва равонӣ гардидааст. Оромиш ва суботи ҷомеа, қабл аз ҳама, ба равиши зиндагии фарҳангӣ ва фаъол будани ҷомеаи маданӣ, ки мунтаҳо, ба ваҳдат сабаб мегардад, марбут аст. Дар навбати худ, ваҳдат риштаест, ки миёни фард ва ҷомеа вуҷуд дошта, онҳоро ба ҳам мепайвандад. Аз ин ҷост, ки ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдатро дорад (ниг.:Идиев Х. Ваҳдат ва омилҳои иҷтимоии таҳкими он. /Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007. -С.22-23). Ваҳдату ҳамбастагӣ ва раванди ташаккулу инкишофи он ба фазо ва муҳити фарҳангӣ бевосита алоқаманд аст ва дар паҳнои муносибатҳои фарҳангӣ ва маданӣ устувор мешавад.
Аз ваҳдати маъмулию муқаррарӣ то ба масири ваҳдати миллӣ расидан масофаи тӯлонӣ вуҷуд дорад. Ваҳдати миллӣ, ки бар мабнои ваҳдати органикӣ шакл мегирад (ваҳдати механикӣ, ки шакли аввали ваҳдат аст, дар ҷомеаҳои ибтидоӣ ва рӯ ба тараққӣ сурат мегирад), яке аз унсурҳои таркибии раванди ҷомеасозӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина, он ба яке аз масъалаҳои калидӣ дар раванди ҷомеасозӣ бадал шуда, дар ҳама мароҳили таърихӣ барои дилхоҳ ҷомеа мубрам мегардад ва дар бастагӣ бо ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба сифати зарурати таърихӣ рӯйи кор меояд (ниг.: Гиёев Қ. Ташаккули раванди ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон. /Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.-С. 30).
Мусаллам аст, ки парешонии иҷтимоӣ, аз ҳам дур шудан ва дар муқобили якдигар қарор гирифтани мардум дар охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадуми садаи бист, махсусан баъди пош хӯрдани низоми қудратманди Шӯравӣ ба ҷанги ҳамватанӣ мусоидат кард. Дастгоҳҳои ҳукумати вақт бо аз байн рафтани сиёсати марказӣ ва мунҳал шудани низоми такраҳбарии шӯравӣ дасту по гум карда, ба гирдоби мушкилоти дохилӣ афтиданд. Азбаски элитаи сиёсии замон истиқлолияти роҳбарӣ ва муҳимтар аз ин, савобиқи мудирияти равандҳои сиёсиро надошт ва ҳамвора аз марказ дастуру фармон мегирифт, дар ҳалли мустақилу мустақими мушкилоти дохилӣ бидуни дастуроти болоӣ оҷиз монд. Илова бар ин, дастандаркорони бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ, аллакай даст ба кор буданд ва бо ҳар роҳу васила дар фазои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ки бо шикасти империя ҳолати карахтиро аз сар мегузарониданд, сенарияи бесарусомонӣ ва бетартибиҳои оммавӣ(хаос)-ро дар шакли таҷаммуоти муътаризона коргардонӣ мекарданд, то низоми Шӯравӣ комилан аз байн биравад. Дар пайи ин тадбир, нақшаи низоъ ва даргириҳои дохилӣ тарҳрезӣ шуда, тартиби ба ҳам рехтани ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабиёну дунявиён сурат гирифт. Ба ин тариқ, дар манотиқи ҳассоси қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тухми кинаву адоват кошта шуд ва дар ин замина даргириҳо ба вуқӯъ пайваст, ки аз он вазъи мавҷуда торафт мураккабтар гардида, бовару эътиқодоти мардумӣ ба ояндаи неки ҷумҳурӣ тадриҷан аз байн рафта, халои фикрӣ ва фарҳангӣ дар манотиқи даргир ва баъдтар, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳукмфармо гардид. Дар ин миён низоми сиёсию идорӣ ва блоки иқтисодии давлатӣ побанди буҳронҳои амиқ гардида, натиҷатан, фалаҷ шуд. Оқибат ҷанги ҳамватанӣ доман зада, мусибатҳои зиёдеро ба бор овард. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, аз 5,5 миллион аҳолии кишвар, тибқи маълумотҳо, то 200 ҳазор нафар ҳалок гардид. Тақрибан ҳафтяки қисми сокинони он иҷборан тарки хонаю ватан намуда, ба мамолики Афғонистон, Покистон, Россия ва дигар кишварҳои ИДМ паноҳанда шуданд (ниг.: Ҳаролд Ҳ. Сандерс. Раванди сулҳи ҷамъиятӣ. –Душанбе, 2002. –С.181).
Маълум аст, ки ваҳдати миллӣ маҳсули марҳилаи навини инкишофи ҷавомеи миллӣ мебошад. Дар ин гуна ҷомеаҳо ваҳдати миллӣ хусусияти рамзӣ-символикӣ пайдо мекунад ва элитаи сиёсӣ аз он барои таъмини устувори низоми иҷтимоию сиёсӣ ҳадафмандона истифода мебарад. Масъалаи ваҳдат ва раванди амалишавии он ба масъалаи созиши миллӣ бастагӣ дорад. Созиши миллӣ ҷараёни иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, ҳадафи бартараф намудани низоъҳои дохилимиллӣ, дохилидавлатӣ ва минтақавиро дар ин ё он мамлакат дар назар дорад (ниг.: Салимов Нуриддин. Фалсафаи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ш. Ҷӯраев, 2000. -С.11). Бо таваҷҷуҳ ба ин, ваҳдати миллӣ ба унвони механизми асосии созиши миллӣ дар нимаи дуюми солҳои навадуми садаи бист, аниқтараш, 27 июни соли 1997 ҷанги дохилиро, ки боиси хисороти зиёди ҷонӣ, молӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангӣ гардида буд, барҳам зад. Дар марҳилаи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ ва даргириҳои бемаънии мусаллаҳонаи ибтидои солҳои навадуми асри бист неруи тозаи миллӣ дар симои раиси Шурои Олии вақт Эмомалӣ Раҳмон тавлид ёфт, ки ҳадафи ягона – мунҳал кардани ҷангу даргириҳои дохилӣ, ба вуҷуд овардани фазои ваҳдати миллӣ ва ба оромишу субот расонидани ҷомеаи тоҷикро дунбол карда, ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардид. Ба таъкиди донишманд ва муаррихи тоҷик Иброҳим Усмон: «Бузургтарин хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати Тоҷикистон муайян ва амалӣ кардани роҳи сулҳу халқи тоҷик, наҷоти миллат аз гирдоби фоҷеабори ҷанг, ба ҳам овардани онҳое, ки аз ҳам дур мешуданд, нигоҳ доштани киштии шикастаи ҳукумат аз ғарқу нобудшавӣ аст» (ниг.: Усмон Иброҳим. Савганди сулҳофаринӣ (ба муносибати 20-солагии Сулҳ ва Ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон). –Душанбе: «Бебок», 2017. -С.4). Тибқи қоида ва одоти маъмулии сиёсӣ, сулҳу оштӣ танҳо дар натиҷаи гуфтушуниди тарафҳои даргир сурат мегирад ва бо қарордоди тарафайн ба анҷом мерасад (ниг.: Конфликтология. Учебник. Санкт-Петербург, 2000. -С.285). Охируламр, бо саъю талошҳои фаровони Сарвари давлат сулҳу оштӣ фароҳам омад ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа тадриҷан устувор гардид. Ҳамин тариқ, сулҳу салоҳи мардуми мо тозатарин ва мушаххастарин роҳи ба ҳам расидани тарафҳои даргирро кашф намуд (ниг.:Восеъ Қурбон. Аз қасри Арбоб то кохи Ваҳдат. –Душанбе: «Деваштич», 2004.-С.19).
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва фурӯ нишондани оташи ҷанги дохилӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар пайи амалӣ намудани барномаҳои фарҳангӣ иқдомоти зарурӣ анҷом дода (ниг.: Раҳмон Эмомалӣ. Забони миллат – ҳастии миллат. –Душанбе: «Эр-граф», 2016. -С.11), тадриҷанд ба фазосозии миллӣ дар умури маданӣ даст ёфт. Шароити бози ваҳдати миллӣ ва тафоҳуми мардумӣ боиси он гардид, ки ҷомеа ба сӯйи шинохти арзишҳои миллӣ, тарғиби мероси гаронмояи фарҳангӣ ва муаррифии осори гузашта дар сатҳи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардорад.
Аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта тасмимоти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бештар сари фарҳангикунонии ҷомеа аз тариқи таҷлили солрӯзи бузургтарин чеҳраҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ қарор гирифта, дар заминаи омӯзиш ва таҳқиқи осори гузашта солгардҳои шоирону мутафаккирони бузурги миллӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ ва дигарон дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ доир шуд. Соли тамаддуни ориёӣ ба унвони тадбири сиёсӣ ва фарҳангӣ (ниг.: Тамаддуни ориёӣ ва худшиносии миллӣ. //Маҷмӯаи мақолаҳо. –Душанбе: «Деваштич», 2008. -С.3), ки таҷлили саросарии он ба соли 2006 иттифоқ афтода буд, гардиши куллиеро дар самти шинохт ва муаррифии мероси арзишманди тамаддуни ориёӣ дар марҳилаи ваҳдатсозии миллӣ ба вуҷуд овард. Илова бар ин, дар замони таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории суботу амнияти иҷтимоӣ таҷлили вусъатноки ҷашну маросимҳои бостонии миллӣ, назири Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз авлавиятҳои давлатӣ шинохта шуд. Бавижа, таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз дар саросари кишвар ва ба ҷашни байналмилалӣ бадал шудани он ҳодисаи нави таърихӣ дар масири фарҳанггустарӣ ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Ба дунболи ин, ба таври саросарӣ таҷлил кардани ҷашнҳои дерини аҷдодӣ мисли Меҳргону Ялдо ва Сада роҳро барои тақвият ёфтани хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамвор сохт. Мунтаҳо, ваҳдати миллӣ ба унвони падидаи нодири иҷтимоию сиёсӣ шароити мусоиди рушди фарҳангию маданиро барои миллат фароҳам овард ва дар натиҷа, дидгоҳу мавқеъгирии миллӣ-давлатиро миёни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ва институтҳои маданӣ таҳаққуқ бахшид.
Бо ба вуҷуд омадани шароити хуби омӯзишӣ ва таҳқиқӣ масъалаи муаррифӣ ва тарғиби ғояҳо, арзишҳо ва маросимоти милллию мардумӣ дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ ба миён омада, дар ин замина, тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Таҷлили ҷашнҳои бостонии Наврӯз Сада, Меҳргон, Тиргон, Ялдо ва амсоли инҳо, ки дар хотираи таърихии миллати мо ҳифз шуда, ба умри миллат ва мардум баробаранд (ниг.: Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Ирони бостон. –Теҳрон: Беҳҷат, 1380. -С.17), тақозои замон мебошад ва дар раванди ҷаҳонишавӣ бозсозӣ ва ба сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ расонидани иду маросимоти мардумӣ аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меояд. Дар баробари таҷлили саросарии ҷашну маросимоти миллӣ, масъалаи ҳифзи мерос ва арзишҳои фарҳангӣ ба масъалаи умдаи сиёсати давлатӣ табдил ёфта, дар марҳилаи ваҳдатсозӣ ба ин самти муҳим аҳамияти зарурӣ дода шудааст. Ҳанӯз баъд аз он ки соли 2003 Конвенсия (Муоҳада)-и ЮНЕСКО «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ(маънавӣ)» қабул гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ба узвияти ин Муоҳада пазируфта шуд. Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти масъала, Ҳукумати Тоҷикистон 31 майи соли 2012, таҳти №263 «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020»-ро ба тасвиб расонд, ки дар он мушаххасоти таълиму тадвин, тарғибу ташвиқ, таҳияву интишор ва билохира ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ матраҳ гардидааст(ниг.:Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик.-Ҷилди 1.–Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015. -С.6). Бар мабнои он, таваҷҷуҳ ба мероси гузаштаи фарҳангӣ ва ҷиддитар аз ин, ҳифзу нигаҳдошти он аз газанди рӯзгор рисолати фарҳангиёну зиёиёни кишвар мебошад.
Дар марҳилаи ваҳдатсозӣ ва ваҳдатофаринӣ, ки амнияти миллӣ таъмин аст, имконоти фарҳангӣ бештар мегардад. Ба назар мерасад, ки то соли 2000-ум бар асари ҳаводиси мусибатбори ҷанги дохилӣ доираи имконоти фарҳангӣ маҳдуд шуда, як навъ бетафовутию беҳавсалагиҳо дар кори фарҳангӣ ва фаъолиятҳои густурдаи маданӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ дида мешуд. Дар марҳилаи нави баъдиҷангӣ, шурӯъ аз соли 2000-ум рушди инфрасохтори фарҳангӣ, бунёди иншоотҳои замонавӣ, тақвият ёфтани шууру тафаккури миллӣ ҷараёни имконоти фарҳангиро аз ҳар ҷиҳат таҳкиму тақвият бахшид.
Бояд тазаккур дод, ки сулҳ ва ваҳдати миллӣ омили асосии ба вуҷуд омадани фазои оромӣ ва имконоти васеи фарҳангӣ ва маърифатӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки аз қудрати фикрию фарҳангии мардуми тоҷик сарчашма мегирад, тавонист пеши роҳи хунрезӣ, нофаҳмӣ, ҷаҳолат, нафрат, бадбинӣ, кинаву адоват ва душманиро бигирад ва ақли солимро бар ҷаҳли мураккаб пирӯз бигардонад. Ин нуктаро бояд донист, ки сулҳ дар кишвари мо худ аз худ ба даст наомадааст ва он натиҷаи тадбирҳои амалиест, ки Сарвари давлат тайи солҳои 1994-1997 ҳадафмандона андешида(ниг.:Восеъ Қурбон. Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ. -Душанбе: «Илм», 2012. -С.46), ҷиҳати пойдору устувор гардидани он ҷаҳду талоши фаровон варзидааст. Дар ин марҳила таваҷҷуҳ ба фарҳанг авлавияти сиёсӣ ва давлатӣ маҳсуб ёфта, дар ин замина қувватманд сохтани базаи моддию техникии самти марбута мадди назари бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Таҷдиди инфрасохтор, бунёди иншоотҳои замонавӣ, сохтан ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаҳои нави фарҳангӣ-фароғатӣ ва маърифатӣ, минҷумла Китобхонаи миллӣ, ки намунаи баланди меъмории башарӣ мебошад, силсилаи иқдомоти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи ваҳдати миллӣ буда, раванди созандагию бунёдкорӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ҳамчунон идома дорад.
Бар пояи фарҳанги ватандорӣ, ки намунаи олии маданияти тоҷикӣ аст(ниг.:Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.-С.306), бунёд ёфтани ваҳдати миллӣ маънои ба илму дониш ҳамоҳанг будани зиндагии ҷомеаро далолат мекунад. Ҷомеаи маданӣ, қабл аз ҳама, бо дониш ва фарҳанг сари кор дорад ва ба василаи такмилу тавсеаи илму дониш, ки аз тариқи китобу мутолеа ба даст меояд, ба густариши фарҳанг машғул мешавад. Ин аст, ки ҷалби насли ҷавон ба китобу китобхонӣ аз масоили ҷиддиест, ки пешорӯйи мақомоти марбута ва дастандаркорони соҳа қарор дорад. Китобхонӣ ва китобдӯстӣ аз муқтазиёти муҳимми замонӣ маҳсуб меёбад, зеро ки сатҳи баланди огоҳӣ, шинохт ва арзишгузорӣ, пеш аз ҳама, ба бинишмандии ҷомеа вобастагӣ дорад. Ташаккул ва таҳаввули биниш ва диди хонанда, омӯзанда ва умуман, шаҳрванде, ки дар фазои амну суботи қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сар мебарад, умри ваҳдату ҳамбастагии мардумро дароз менамояд ва ҳусни тафоҳумро дар ҳама сатҳҳои иҷтимоӣ таҳаққуқ мебахшад.
Акнун, ки дар арафаи 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва ҳамасола санаи мубораки 27 июнро чун Рӯзи баҳамойӣ, ҳамбастагӣ, ризоиятмандӣ, якпорчагӣ, муттаҳидӣ ва сулҳофаринӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мекунем, бояд назди худ вазифа гузошта, дар самти ҳифзи ин гавҳари ноёби миллӣ ва давлатӣ ҷиддӣ фаъолият намоем. Аммо пурсише ҳамеша мадди назари мост бад-ин мазмун: Оё метавонем ваҳдати миллиро, чунонки боястӣ, ҳифз кунем ва бо истифода аз имконоти фаровони фарҳангӣ иттиҳоди миллию мардумиро дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамчунон побарҷо дошта, аз баҳри пурталотуми бархӯрдҳои шадиди тамаддунӣ ва геосиёсӣ солим бадар оем? Ин пурсиш аз мо тааммул ва тааммуқи ҷиддиро тақозо менамояд. Аз як тараф, қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва тарроҳони саҳнаҳои геополитикӣ дар қолаби шиорҳои авомфиребонаи «озодӣ, демократия ва либерализм» (ниг.: Раҳмонов Т. Осори мунтахаб. -Душанбе: МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2014. -С.191) низоми зиндагии ҷомеаҳо, махсусан ҷавомеи мусулмониро, ки ғолибан бар мабнои тафаккури динӣ-мазҳабӣ ҳувият месозанд, таҳти назар қарор медиҳад, аз ҷониби дигар, руҳи бегонасолорӣ ва худбохтагӣ зеҳниёти насли ҷавонро мусаллат кардааст. Тақсимоти сиёсии ҷаҳон (см.:Тузиков А.Р.Основы геополитики./Учебное пособие. –Москва: КНОРУС, 2013. -С.6) ба унвони стратегияи сиёсӣ дар барномарезиҳои қудратҳои ҷаҳонӣ матраҳ аст ва ҷиҳати амалӣ намудани он аз усулу шеваҳои гуногун кор гирифта мешавад. Корбасти пружаи «мағзшуӣ» ё бозӣ бо зеҳн, агарчи технологияи нав дар бозиҳои геосиёсӣ маҳсуб намеёбад, миёни мардуми синну соли гуногун, билхусус насли наврасу ҷавон босуръат идома меёбад. Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки иддае аз насли ҷавони мо дар фабрикаи мағзшуӣ коркард шуда, ба «истеҳсолот» ворид мегарданд. Тамоюл ба мафкураи бегона ва дар масири фарҳангу идеологияи аҷнабӣ ҳаракат кардани онҳо мушкилзо шудааст, ки ин тарзи ҳаракат, биниш ва мафкура ояндаи хатарбореро ба дунбол дорад.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари бароварда сохтани ниёзҳои иттилоотӣ, фаннӣ (техникӣ), маърифатӣ, эстетикӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин ба мағшуш сохтани зеҳниёти иҷтимоъ тавассути таблиғоти афкору мафкураи ғаразнок, ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ ва дар ин замина, тағйир додани тафаккури ҷомеаҳои пасошӯравӣ сари кор мегирад. Сели иттилооти гуногунмазмун, ки даҳсолаи ахир рӯйи сафаҳоти нашрияҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ мерезад, як навъ таҳлили фаннӣ ва бархӯрди мантиқии фикриро талаб менамояд. Феълан то андозае қисмате аз фарҳангиёни ҷомеа дар ин самт ба буҳрон мувоҷеҳанд. Дар чунин вазъият, ки онро муҳаққиқон ва коршиносон, одатан ҳолати буҳронӣ талаққӣ мекунанд, омодагии фикрӣ ва мафкуравӣ-идеологии табақоти иҷтимоӣ, махсусан ниҳодҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ сахт зарур аст. Самти ҳаракати ниҳодҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ дар марзи таҳаввулот ва бедории фикрии ҷомеа маҳдуд мешавад. Муҳим он аст, ки намояндагони илму фарҳанг ва фалсафаи давлатҳои миллии фазои пасошӯравӣ дарк кардаанд, ки зарурати муттаҳид шудани мардумони минтақа ва ҷаҳон ба миён омадааст (ниг.: Бобоёров Ҳафиз. Методологияи бехатарии вуҷудӣ: мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб. –Душанбе: Дониш, 2015. -С.9). Бар мабнои ин, ҷуғрофиёи ваҳдати миллӣ тавсеа ва масири нуфузи он дар паҳнои фарҳанги башарӣ густариш меёбад. Барои он ки ҷилави бархӯрдҳои номутавозини сиёсӣ ва тамаддунӣ гирифта шавад, мебояд садои наслҳои огоҳи миллатро ба сози муколимоти беғаразонаю самимонаи байни тамаддунҳо ҷур кард. Бинобар ин, нахуст зарурати муаддабона ва муттафиқона ислоҳ намудани камбуду нуқсоноте, ки то ин замон дар ҷараёни кори фикрию ҳувиятию фарҳангии ватанӣ эҳсос шудааст, пеш меояд. Зарфиятҳои маҳдуди фикрӣ, муҳимтар аз ин, бетаваҷҷуҳию саҳлангории баъзе ниҳодҳои фарҳангию маърифатӣ раванди бедории фикрию миллиро сусту заиф месозад. Мутаассифона, дидаю дониста дар самти худсозӣ ва ҷомеасозӣ фориғболӣ намудани як идда аз фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ дар шароити кунунӣ мушкил андар мушкил эҷод мекунад ва роҳро барои бурузи афкори ғаразнок ва ғайриилмию ғайримиллӣ ҳамвор месозад. Ин ҳам маълум аст, ки аз заъфи фикрӣ ва фарҳангии халқу миллиятҳои камзарфият ва заифтафаккур ба манфиати худ истифода намудан шеваи кори бозигарони сиёсати глобалист. Вобаста ба ин, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва биниши илмии насли ҷавон, миёнсол ва солманди ҷомеаи тоҷикӣ, ки дар зарфи 10-15 соли охир ба хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ махлут шудааст, яке аз омилҳои асосии ҳифзи ваҳдати миллӣ дар марзу буми аҷдодӣ мебошад.
Муҳаққиқон кайфият ва чигунагии сарнавишти миллиро дар фазо ва макони мушаххас ба ҷадалу пайкори худи миллат мансуб медонанд ва аз ин ҷо метавон хулоса бардошт, ки меҳру самимият, ақлу фаросат, наҷобату шарофат ва бинишу маҳорати наслҳои миллат (махсусан, фарҳангиён), ки ҳамагӣ дар мафҳуми «одоби миллӣ» ҷамъбаст мегарданд, дар таҳким ва устувории ваҳдати миллӣ ва дар маҷмуъ, ваҳдати иҷтимоӣ нақши калидӣ доранд. Оянда ва дурнамои оптимистонаи ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба дониш ва биниши илмӣ, ахлоқу мафкураи устувори миллӣ ва фарҳанггустарии табақоти сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва умуман, фаъолони иҷтимоӣ иртибот дорад.
Ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, фарогири манофеи миллӣ дар замон, макон, арзу тӯл ва ҳавзаи муайян аст. Ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ, ҳамёрӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни аъзои як ҷомеа баёнгари ваҳдати миллӣ ва дар айни замон иттиҳоди иҷтимоӣ аст. Дар ин раванд фарҳанг ва ҳунари созанда, бешубҳа, метавонад нақши ҳалкунанда дошта бошад. Фарҳангу ҳунар хусусияти офаринишӣ ва зиндагисозӣ доранд. Бар ин маъно файласуфи бузурги олмонӣ Фридрих Нитше таъкид карда буд: «Ҳунар бузургтарин муҳаррики зиндагӣ аст» (ниг.: Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. Теҳрон: Қакнус, 1383. –С.255). Ба василаи рӯйи кор овардани офаридаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҷомеа худ аз худ тағйир меёбад ва зиндагисозӣ ба унвони маҳорати фарҳангию ҳунарӣ маҳбубият пайдо менамояд. Ин аст, ки мутафаккири аврупоӣ Мишел де Монтано ба ин нукта таваҷҷуҳ фармуда буд: «Ҳунари зиндагӣ, яъне ёфтани роҳҳое барои истифода аз мусибатҳои худамон» (ниг.: Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. Теҳрон: Қакнус, 1383. –С.266). Пеши роҳи ҷангу даргириро, ки аз ҷаҳолату таассуби ҷомеа сарчашма гирифта, мусибатҳоро дар пай дорад, метавон бо фарҳангу ҳунари зиндагисозӣ гирифт ва сулҳу амниятро дар иҷтимоъ ҳифз намуд. Воқеият ин аст, ки имконоти фарҳангии густурда барои таҳкиму тақвияти ҳамаҷонибаи ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад ва чун сипар дар баробари хавфу хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ хидмат менамояд.
Н. Нуров корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем».
Эмомалӣ Раҳмон
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибиқболи таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ аз як кишвари ҷангзада ба як кишвари амну осуда ва дар сатҳи байналмилалӣ ташаббускори масъалаҳои обу иқлим табдил дода шуд. Вазъи иқтисодӣ бошад, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда ба тадриҷ рӯ ба инкишоф ниҳода, бо қабул шудани стратегияҳои махсус аз ҷониби давлату ҳукумат ҳалли пурраи худро ёфта истодаанд.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдати имрӯзи мо ниҳоят бузург ва беҳамто аст. Мо, ҳамагон шоҳид ҳастем, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, давлатҳои аз лиҳози сохтори сиёсӣ куллан мустақил ба вуҷуд омаданд, ки дар назди онҳо вазифаҳои ниҳоят муҳимму тақдирсоз, ҳамаҷониба мустаҳкам ва қавӣ гардонидани истиқлоли ба даст омада меистод.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ шахсоне ба майдони сиёсӣ ворид гардида, ба хотири ҳарчи зудтар ба даст овардани ҳокимият бо мадади душманони берунӣ ва дохилӣ, дар кишвари мо боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва гуреза гаштани даҳҳо ҳазор мардуми осоиштаи ҷумҳурӣ гардиданд. Аз соли 1992, вақте ки дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шурои Олӣ ин фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат по ба арсаи роҳбарии давлат ниҳоданд, чи гуна ин шахсияти таърихӣ барои аз вартаи ҳалокат баровардани Тоҷикистон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсии кишвар, ба ҳам овардани гурӯҳҳои муқобил ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд. Маҳз ба шарофати ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишварамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барқарор гардид ва берун аз хоки Ватан ҳеҷ як гурезае намонд. Аз ин рӯ, номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҷомеаи мо пазируфта шуд ва ҳамчун шахсияти неруманди сиёсатмадор дар арсаи ҷаҳон шинохта шуд. Ба андешаи мо чеҳра ва симои Ҷаноби Олӣ воқеан беҳтарин намунаи чеҳраи сиёсӣ ва олитарин намунаи миллат аст. Сулҳу ваҳдати деринтизор маҳз ба тавассути ин марди далеру шуҷоъ дар сарзамини азияткашида ва қариб пора-пора гаштаи тоҷик қадам ранҷа намуда, оҳиста – оҳиста, зарра – зарра ба ҳам омаданд.
Бо шарофати сулҳу Ваҳдати миллӣ бо такя ба хиради азалӣ, бо дарки томи масъулияти ватандорию хештаншиносӣ мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари оқилу дурандеш ва муътабари хеш Эмомалӣ Раҳмон мақому эътибори ин сарзамини аҷдодиро дар арсаи ҷаҳон устувортар намуд. Бунёди шоҳроҳу пулҳои азим, эҳёи «Кохи нур» ва барафрохтани шуълаҳои умедбахш, коштани донаҳои умеду сарсабзу хуррамгардонии диёр, баҳравар сохтани насли наврас аз нури маърифат самараҳои неки ин дастоварди таърихии миллати тоҷик – Ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.
Рушди ҷомеа, рӯзгори орому осуда ва умеду орзуи ҳар як шаҳрванд танҳо дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ метавонад, амалӣ шавад. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ба таври пайваста таъкид менамояд, ки: «Ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи Истиқлоли озодӣ, Ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ хело ҳам муҳим мебошад. Яъне, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеа дар зеҳну шуури ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад».
27 июни соли 1997 рӯйдоди муҳимме дар таърихи навини тоҷикон ба вуқуъ пайваст.
Роҳбари дурандеши соҳибхирад дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ва барои миллат тақдирсоз тамоми нерӯи тавони худро барои пас гардонидани муҳоҷиронн иҷборӣ, даъвати мухолифин барои сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти амну осоишта равона намуд. Хушбахтона, бо мақсадҳои наҷиби хеш расид. Дар сарзамини тоҷикон сулҳу ваҳдати комил тинҷию амонӣ ҳукмрон гардид ва бунёдкориву созандагии ҷомеа оғоз гардид. Ин рӯзи тақдирсоз барои халқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст.
Шоири зиндаёд, устод Лоиқ Шералӣ чунин нигошта аст:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ ба диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Фарзандони фарзонаи миллат, таҳти сарварии хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як фарди ватандӯст, худогоҳ, хештаншинос, хирадманду дурандеш, ҷасуру тавоно миллатро аз парокандагӣ, Ватанро аз хавфу хатар, халқро аз хорию залилӣ берун оварданд.
Бояд гуфт, ки таҷриба ва формулаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши кишварҳои мухталифи олам, хусусои, кишварҳое, ки дар онҳо низоъҳои дохилӣ ҷараён дорад, қарор гирифтааст. Дар ҳамоишу конфронсҳои сатҳи байналхалқӣ сулҳи тоҷикон намунаи ибрат дониста мешавад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид карда буданд, ки: «Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.
Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт».
Лозим ба тазаккур аст, ки меҳвари рушди ҳаёти мардум ва пешрафту тараққиётро сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, поянда ва устувору ҷовидона нигоҳ доштани сулҳу суботи сартосарӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси сарзамини нозанинамон маҳсуб меёбад.
Ваҳдат раванди ногусастании ҳаёти ҷомеа аст ва таҳкими он ҳамеша саъю кӯшиши хастанопазири аъзои ҷомеа ва кулли ташкилоту муассисаҳои расмию ва ғайрирасмиро тақозо менамояд. Дар раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ бахусус саҳми олимон басо ҳам назаррас аст.
Чун асарҳои илмии олимони кишварамон ба муҳимтарин мушкилоти таъмини амният, рушди иқтисод, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ нигаронида шудааст. Вобаста ба тақозои ҷомеа месазад, ки доираи биниши олимон тағйир пазирад. Яъне ғаразхоҳиву нодида гирифтани ҳаводис, васвасаҳои барҳам дарҳами бузургтарошии бебунёд даст шуста, аҳлонаву сарҷамъона баҳри густариши давлати соҳибистиқлоламон садоқатмандонаву ҷонсӯзона меҳнат намоем. Зеро мо метавонем. Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак, дустони азиз!
Ба ифодаи шоир:
Арҷмандӣ халқро аз ваҳдат аст,
Ваҳдатиин хонадон ояд ҳаме.
Саидзода Ҳалим Азиз – Мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Саидов Давлатёр Маҳмадсалимович – Мутахассиси пешбари Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Вожаи ваҳдат мазмуни васеъ дошта, бо истиқлолият ва озодӣ ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки ваҳдат мегӯем, пеши назарамон якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд. Вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст.
Баъди пароканда гардидани ҳокимияти шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро ҳодисаҳои нангин, ба мисли тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳо оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд.
Низоъҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ҳазорон нафар кӯдакону наврасонро ятим гардониданд. Ҷойе, ки тиру туфанг садо баланд мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон хомӯш мешаванд ва аз ин лиҳоз мардум маҷбур буданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, дар бисёр кишварҳо гуреза шаванд.
Хушбахтона, дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.
Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон ҷонибдории мамлакатхои ҳамзамони берунмарзи мавқеу мақоми онро дар микёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи вахдат,якдигарфахмии истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танхо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба бехбуди меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он бахравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад».
Он дарахте, ки Президентамон ба сулху вахдат ташбеҳ додаанд, имрӯзхо мевахои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиклол гардидани Тоҷикистон, сохмони роххои нави дохилию берунӣ ва ба хоричӣ кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Кургонтеппа - Кулоб сохмони шохрохи Вахдат ба мамлакатхои Осиё, ба сӯи укёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин ахвол боиси эхёи арзишхои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷахон мепайвандад.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоиии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист , ваҳдату сулҳ падидор аст.
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст 27 сол қабл, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузоштанд. Таҳлили вазъи ҷаҳони муосир, махсусан он кишварҳое, ки ба моҷароҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардидаанд, имрӯз бори дигар моро ҳушдор месозад, ки ба бозии қудратҳои мушаххаси хориҷӣ дода нашавем ва баҳри расидан ба ҳадафҳои олӣ муттаҳид бошем. Вазъи кишварҳои Шарқи Наздик собит менамянд, ки набудани ваҳдати миллӣ боиси дар ҳоли хатар мондани пояҳои истиқлоли давлатӣ ва зиндагии мардум мегардад.
Ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, ки зарари зиёди ҷонию моддӣ ба бор овард, барои имрӯзи миллат бояд дарси ибрат бошад. Тоҷикистони нав ба истиқлолрасида аз боиси таъсири гурӯҳҳои манфиатҷӯйи хориҷӣ ва ба бозии дасти он гирифтор шудани баъзе аз фарзандони нохалафи дохил ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳастии миллати тоҷик зери хавфу хатари зиёд қарор гирифт. Дар ҷомеа се гурӯҳи ба ҳам зид ташаккул ёфт. Якум – онҳое, ки ҳукуматро ба даст доштанду аз боиси ноҳудабароии онҳо тамоми мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буд. Дуюм – онҳое, ки бо сарпарастии молиявии қудратҳои хориҷӣ мехостанд тавассути ҷанг ба ҳукумат соҳиб шаванд. Сеюм – онҳое, ки дар хориҷи кишвар интизори ғалабаи қувваҳои мухолифин буданд ва ба мухолифин дасти ёрӣ дароз мекарданд. Аз боиси хиёнати хоинони ватанфӯруш садҳо ҳазор аҳолии кишвар рӯ ба муҳоҷирати иҷборӣ оварданд. Дар натиҷаи ин ҷанги таҳмилӣ садҳо модари тоҷик фавтиду садҳо фарзандони наврас ятим монданд. Оилаҳои зиёд хароб шуданду ба нестӣ рафтанд. Дар чунин як давраи бисёр мураккаб барои миллату давлат бо мақсади ба ҳам овардани миллат Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ даъват карда шуд, ки дар рӯзи чоруми иҷлосия бахти миллати тоҷик омад карду ба ҳайси раиси Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Бо ташаббуси Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди Иҷлосия як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ қабул гардид, ки заминаи ба ҳам овардани ҷомеаро гузошт. Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то соли 1997 дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Ашқобод, Исломобод, Кобул, Хостеҳ дар ҳашт давра гуфтушунид миёни ҳукумати ва аъзои мухолифин баргузор гардид. Ҳамин тавр, 27 –уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид.
Имзои созишномаи сулҳ кафолати мондагории истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллиро таҳким бахшид. Дар заминаи созишномаи сулҳ дар кишвар боварӣ, сулҳ, субот, ягонагӣ, рушди бомаром тантана намуд. Ҳамчунин ҳукумат ва ҷомеаи кишвар дар роҳи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ, ки дар меҳвари он зиндагии босубот ва шоиста қарор дорад талош намудаистодаанд. То имрӯз дар роҳи расидан ба зиндагии шоиста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат корҳои зиёди мондагор дар амал татбиқ карда шуд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳити босубот бо боварӣ ва эътимоди хосса дар самтҳои мухталиф кору фаъолият намуда, дар роҳи баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа талош дорад. Акнун ҳифзи истиқлоли давлатӣ дар заминаи ягонагӣ, якдилӣ ва ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Амалӣ намудани ин рисолат шарафи бузургест дар назди миллати тамаддунофари тоҷик.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд.
Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид, мамлакат обод шуду пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд.
Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ин хиради азалии худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Сардори давлати навини тоҷикон буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш, дорои хиради азалӣ дошта, эҳтирому эътироф менамоянд.
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, рушди илму фарҳанг, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба кулли мардуми шарафманди Точикистон муборак бод!
Рахмонов Р.О. - муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ
Ваҳдат, сулҳ, ягонагӣ барои тоҷику Тоҷикистонӣ калимаҳои муқаддасанд. Маънии калимаи Ваҳдатро Пешвои миллат чунин шарҳ додааст: “Ваҳдат барои мо як калимаи оддӣ ё вожа нест, балки номи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”. Ин мафҳуми муқаддас миёни дигар мафҳумҳо чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандорию ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Сароғози ҳамаи созандагию ободкорӣ, некӯаҳволии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол Ваҳдат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки Ваҳдат ниҳоли ширини парваришкардаи мо мебошад, ки ҷомеа аз он баҳравар гардид ва халқи азияткашидаи тоҷик ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки теша ба решаи ниҳоли сабзкардаи мо бо номи Ваҳдат расад.
Оҳангсози олмонӣ Рихард Вагнер сулҳу суботро вазифаи пиру барно дониста мегӯяд: “Ҳадафи бевоситаи давлат субот ва ноил шудан ба сулҳ аст”.
Соҳибдавлатӣ ва ягонагии ҷомеае ҷовидон хоҳад монд, ки Ваҳдати миллӣ дар он то вақт густариш ёфта, бо муттаҳидии ҷомеа ҳадафҳои созандаи давлативу миллӣ татбиқ мешавад. Аз ин рӯ, сол то сол дар тамоми соҳаҳо дастовардҳои арзишманд ба чашм мерасанд, ки нуфузи Тоҷикистонро баланд бардошта, аз кишвари ҷангдида, ба мамлакати сулҳофару амн табдил ёфт.
Сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Қариб чор сол аниқтар чил моҳ давом карда, зиёда аз чил ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид, ки ин вохӯриҳо дар шаҳрҳои Кобул, Бишкек, Алма-Ато, Ашхобод, Теҳрон, Маскав баргузор шуда, хиради азалии тоҷиконро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад.
Музокирот бо мухолифин аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 барои ба сулҳ расидан 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон, 21 музокироти ҳайатҳо сурат гирифт.
Нияти неку тақдирсози Пешвои миллат аз соли 1992, аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад, ки баъди суханронии “Хунро бо хун намешӯянд, хунро бо об мешуянд”-и Пешвои миллат ҳазорҳо силоҳбадастонро ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонид. Аз тариқи радиои “Хуросон” соати сеи шаб муждаи сулҳ ба зудӣ паҳн шуд, ки рӯзи 28 июн мардуми Тоҷикистон ҳамдигарро гирякунон оғӯшу муборакбод мегуфтанд.
Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллат дастоварди беназир аст. Агар дар шакли комил бори дигар фалсафаи ҷовидонаи мардуми ориёнажодро гирем – рафтори нек, гуфтори некро миллати тоҷик ба ҷаҳониён муррифӣ намуд. Нақш ва таъсиргузории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бавуҷудоии андешаҳои ваҳдатсаро, ба эътидол овардани кишвар дар муҳлати кӯтоҳ то ҳол пажуҳиш шуда истодааст.
Ҷасорату нотарсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сафар ба мавзеъҳои хатарзо кишвари моро аз вартаи нестӣ наҷот додааст. Пешвои миллат дар лаҳзаҳои тақдирсоз барои ба даст овардани ваҳдат, сулҳ бо мухолифин гуфтушунидҳои мураккабу душвор мегузаронид.
То ин дам ягон сарвари давлат рақиби худро ба оштии миллӣ дар атрофи мизи мудаввар ба ҳам наовардааст. Касе, ки он рӯзҳои мудҳишро дар ёд дошта бошад, ба қадри сулҳу амонӣ, осоиштагӣ ва суханони Пешвои миллат, ки “Сарчашмаи истиқлолият Ваҳдат аст” гуфтаанд мерасад. Худованд он рӯзҳоро на ба дӯсту на ба душманонамон нишон надиҳад. Дар як фурсати кӯтоҳ ҳазорон тоҷик хонабардуш, фирорӣ кушта шуда буд. Хонае набуд, ки аз он оҳу нолаву доду фиғони ҷонкоҳ набарояд (хусусан модарони тоҷики мо).
Бар болои ҳама гушнагӣ ба сари халқи бечора омада буд, ки баъзан вақт пораи ноне пайдо намешуд, ки ба рӯйи хон монанд, миллат соатҳои тӯлонӣ дар навбати нон меистод.
Ба вақти кандани ҷон, мардуми бечора нон мегуфт.
Суханони аввалини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ман кори худро аз сулҳ хоҳам сар кард”, тақозои замон буд. Ӯ осоиштагӣ, саодати халқашро мехост ва аз ягон душворӣ намеҳаросид. Аз ҳама муҳим ба халқаш боварӣ дошт. Садои дили ӯ садои дили ҷавоне буд, ки аз миёни халқ баромада буд, ки бо такя ба халқи азизаш метавонист ҳамаи монеаҳои бавуҷудомадаро паси сар кунад.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат хатари барҳамхӯрии ҷумҳурӣ ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд.
Раҳми парвардигори мо омад,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Ваҳдат ба миллати тоҷик истиқлоли дубора бахшид, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27 июни соли 1997 дубора ба халқи тоҷик озодӣ ба даст омаду мо аз он шукрона мекунем.
Роҳи сулҳ бароям роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлол буд. Вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллиамонро таблиғу ташвиқ намоем, зеро фақат бо ҳамин тариқ мо роҳи худро ба сӯйи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ идома медиҳем.
Муроди мо аз ин гуфтаҳо мусоидат ва баланд гардидани ғурури миллӣ, бедор намудани ҳисси ифтихор аз ватани озоду соҳибистиқлол, худшиносӣ, боло гирифтани ватандӯстӣ, меҳнати ҳалолу самаранок роҳи ягонаи наҷоти давлату миллат дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳонишавист.
Пешвои миллат дар баромадҳояшон борҳо таъкид карданд, ки: “Истиқрори сулҳ ва таъмини Ваҳдати миллӣ бе муболиға яке аз дастовардҳои мо дар асри бист мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад”.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ бар шумо муборак бошад!
Ширин Қурбонова - муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих
Имрӯзҳо ба шароити иқтисодиёти кишвар назар андозем, баъди ба имзо расидани Созишномаи тақдирсози Ваҳдати миллӣ, вазъият дар тамоми сохторҳои давлатӣ дигаргун гаштааст. Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ аст, ки тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар сол то сол рушд карда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2009 дар Паёми худ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд: “то фаро расидани давраи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид”.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо мустаҳкам ва боробар гардид. Моро зарур аст, ки ваҳдат ва суботи ҷомеаро нигоҳ дорем. Бинобар ин, омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи покии ахлоқ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан, аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа маҳсуб мешавад. Яке аз омилҳои муҳими ваҳдат ва суботи ҷомеа ин баланд бардоштани худшиносӣ ва худогоҳии мардуми Тоҷикистон, хусусан насли наврас ва ҷавонон мебошад, ки пайваста дар зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар таҷрибаи таҳлилҳои иқтисодӣ агар аз ибтидои асри XX дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат назар андозем, ҳам дар сохторҳои давлатӣ ва ҳам дар беҳтар шудани вазъи умумии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеъа тағйироти назаррас ба амал омад. Шароити зиндагии аҳолии кишвар рӯз то рӯз беҳтару хубтар гашта, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то имзӯз ба 21,2 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар замони муосир, техникаву технологияҳои абарқудрат имкони иҷро кардани миллиардҳо амалро дар як сония доранд. Масалан, дастовардҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба дараҷае осон гардидааст, ки он дигар масофаро аз байн бурдааст. Дастгоҳҳои мобилӣ, интернет ва захираҳои воқеии он метавонанд тамоми табодули ахборро дар дилхоҳ нуқтаи кураи Замин ҳамагӣ дар якчанд сония дастрас намоянд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ин гузазаштан ба ҳукумати электронӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки барои татбиқи ҳукумати электронӣ то имрӯз якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ба мақсади амалисозии Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст.
Ҳукумати электронӣ тақозои замон буда, дар ҳамкории мутақобилаи ҳокимият ва ҷомеа аз як тараф ва ҳамкории дохилии сатҳҳои гуногун (марказӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ) ва шохаҳои гуногун (тандурстӣ, молия, омор, андоз) ва дигар ниҳодҳо мусоидат намуда, аз тарафи дигар он як воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, ки дар он ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияи иттилоотӣ ҳар чи бештар истифода мешавад, баромад мекунад.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дорад. Дар замони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноилшуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол то сол қавитар мегардад. Дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пояҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, инчунин тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат чораҳои мушаххас меандешад”.
Дастоварди дигари бузурги замони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ ин самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ мебошад. Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои «зеҳни сунъӣ» муҳим арзёбӣ мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос ва бофарҳанги миллати тоҷикро зарур аст, ки бо истифода аз суннатҳои неку писандидаи аҷдоду гузаштагонамон сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои ватани биҳиштосоямон - Тоҷикистонро дарк намуда, дар таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳилаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии он саҳми арзандаи худро гузорад.
Барои ноил гаштан ба ҳадафҳои стротегӣ, олимони ҷавони кишварро зарур аст, ки дар таҳқиқи масъалаҳои давлатдорӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ва рушди иқтисоди миллии мамлакатамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Танҳо дар шароити Ваҳдати миллӣ мо метавонем иқтисоди миллиро барқарор созем, илми муосири иқтисодиётро бо истеҳсолот ҳамбаст намуда, фарҳанги худро ғанӣ гардонем ва бо сарбаландӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавем.
Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошад, ки мо ҷавонон бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Нематова Парвина – номзади илмҳои иқтисодӣ,
Мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти
Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ваҳдат вожаи арабист, ки маънои ягонагӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидиро дар самтҳои гуногун дорад. Барои миллати тоҷик имрӯз ваҳдати миллӣ ба мафҳуми сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ дар олами сиёсат қудсияти бештарро ба бор овардааст.
Мусаллам аст, ки кишвар ба гирдоби сиёҳи сиёсат ғӯтида буд. Нофаҳмӣ, парокандагӣ, нооромӣ, куштору қатл маънои зиндагии моро дар он рӯзҳо ифода мекард. Маҳз қудрати ваҳдат буд, ки парешонии моро ҷамъ овард, тухми дӯстӣ ва муттаҳидиро байни миллат аз нав корид, нафрату адоватро ба дӯстию меҳрубонӣ, харобиро ба ободӣ, фаслро ба васл ва мамотро ба ҳаёт табдил сохт.
Ваҳдат ба тамоми маънӣ, аз он ҷумла, аз нигоҳи сиёсӣ барои тамоми башар дар тамоми замону маконҳо арзишманд буд ва ҳамеша бо ин арзишмандӣ боқӣ хоҳад монд. Ҳар сол дар санаи 27-уми июн мардуми баландиқболи кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни ваҳдати миллиро бо хушнудии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирӯзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафманд идест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳои шабонарӯзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо ба ин рӯзи пурфайзи оромию ободӣ расем.
Дар зеҳни мо ҳар лаҳза чунин суол пайдо мешавад, ки кадомин нерӯ ва чӣ гуна қудрат моро ба ин рӯзи биҳиштӣ ва оромию субот расонд ва бешак, посухи саволи мо чунин хоҳад буд: Ваҳдат!
Воқеан, ба ваҳдат расидан кори осон набуд. Вазъи он давра ин тавр буд: Ноумедӣ ҷои умед, бадбахтӣ ҷои хушбахтӣ, талхӣ ҷои ширинӣ, зулмот ҷои равшанӣ, гиря ҷои хандаю табассум, ашки талхи ғам ҷои ашки шодӣ, хастаҳолӣ ҷои хушҳолӣ, мамот ҷои ҳаётро гирифта буд. Ба ҷои накҳати субҳ аз ҳар тараф бӯйи хун меомад, дар замини дил ба ҷои ниҳолони орзую армон хори андӯҳу навмедӣ мерӯид, ба ҷои садои дилкаши кабкони чашмасорон ба гӯш садои тир мерасид, гаҳвораи кӯдакдор хонаҳоро ободу равшан намекарду рӯйи дарё сӯйи нобудӣ мерафт, модари умедвор ғамбор буд, ӯ дирӯз сари болини писар мӯю рӯяшро бо меҳри модарона сила мекарду имрӯз дар сари мурдаи ӯ рӯю мӯй меканад, дирӯз сари гаҳвора суруди алла мехонд ва инак, сари мурдаи писар бо ашки қатор оҳу нолаву афғон карда, сӯгнома мехонад, ки ҳамаи ин даҳшату ваҳшатро нифоқу ҷанги бемаънии бародаркуш ба сари халқ оварда буд.
Ба хотир овардани он рӯзҳои фоҷеабор, агар аз як тараф, хотирҳоро ғампеч созанд, аз сӯйи дигар, чашми моро боз бори дигар мекушоянд ба ҷониби он ҳама нофаҳмиҳо. Воқеан, самараи ҷанг ҳамеша дар ҳама ҷо ва дар ҳамаи давру замонҳо куштору бадбахтӣ, харобию нооромӣ буд, ҳаст ва мемонад. Ҳамдигарнофаҳмиҳо оқибат як миллатро ба майдонҳои аз нигоҳи афкору андеша муқобил оварда, ба ҷанг кашид.
Худи ҳамин аснод, ки дар ин гирудори гӯшношунид қариб сад ҳазор одам кушта шуда, як миллион нафар гурезаю муҳоҷири иҷборӣ гардид, далели рӯҳияи ҷангу бесарусомониҳо аст ва хомӯш намудани алангаи оташи ин ҷанг коре буд хеле сангин.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониии худ ин андешаро таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Воқеан, ваҳдати миллӣ кафили ҳастии мову миллати мост. Ваҳдат моро масъул ва вазифадор мекунад, ки онро пойдор дорем, зеро муттакои мост, бе он ҳастии мо зери хатари шубҳаву ноумедиҳо мемонад.
Суханҳое, ки чун барқ дар осмони рӯзгори тира дурахшиданду ҳамаро умедвор намуданд, инҳо буданд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард!”; “Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам!”, “То як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман худро ором ҳис карда наметавонам”.
Имрӯз дар рангу бӯйи ашёи табиат ва рӯзгори мардуми кишвар рангу бӯйи ваҳдат таъсирбахш гаштааст ва ҳама чиз дар дидаи мо аз пештар бештар бо ҳусни дилкаш падид мешавад. Зиндагии бофароғат, пурфайзу пурбаракати имрӯзаи мо, равшании дунёи зиндагии мо яке аз тӯҳфаҳои ваҳдати мост”.
Ваҳдат парешониро ҷамъ месозад, рӯзгоронро рангину зебо мекунад, рӯзи беҳини дӯстдорон ба ҳам омадану дидор аст, рухсори инсонро мисли гул мешукуфонад, аз боди нарми ваҳдат гул дар гулистон хандон мешавад, олами ғамборро шод менамояд, ояти ифтихори мардуми тоҷик аст, ҳар субҳдам бо рангорангии табиати худ дилҳои моро менавозад, фасл ба васл табдил мешавад, бахти хуфта бедор мегардад ва моро аз ҳама гуна офату бадбахтӣ наҷот медиҳад:
Он чи ҷамъ созад парешонии моён, ваҳдат аст,
Он чи рангин мекунад ин рӯзгорон, ваҳдат аст.
Аз нифоқи байни миллат заъф ёбад рӯзгор,
Он чи созад зиндагиро нурборон, ваҳдат аст.
Он чи созад зиндагиро ҳамчу зиндон, душманист,
Он чи аз по дур созад банди зиндон, ваҳдат аст.
Эй бародар, бо бародар бош чун нохуну гӯшт,
Он чи бахшад панҷаи моро тавон, он ваҳдат аст.
Боз кун дасти дуо, эй дӯст, ҳар шому саҳар,
Он чи аз офат диҳад моро наҷот, он ваҳдат аст.
Тоҷикистон зебост, тамоми вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чӣ қадар зебову фиребову дилкаш шудаанд. Барои мисол агар имрӯзҳо ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон назар кунем, ин мисраи Бедил зери лаб садо хоҳад дод: "Бубин, ки тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо". Оре, чеҳраи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят билкул дигаргун шуда, ба кӯчаҳо иморатҳои зебои замонавии баландошёна ҳусни нав ва чеҳраи ботаровату тоза зам кардаанд. Ҳамаи ин меваи ваҳдати миллӣ аст ва бояд онро ба нархи ҷон ҳифз кунем.
Ба мардуми шарифи тоҷик ва ба ҳар як тоҷикистонӣ рӯзгори бофароғат, шабу рӯзи орому обод, умеду ормонҳои нек, хушумрию хушрӯзӣ ва Тоҷикистони зебову барои ҳама чун хонаи умеду бахтро таманно мекунам.
НУРАФШОН БОЗОРОВА - ДОКТОРАНТ PhD-И БАХШИ 2-ЮМИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АМИТ

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
