Skip to main content

Ҳаст кешу роҳи миллат бешумор,

То ту бишморӣ, наёбӣ рӯзгор.

Ҳар замон хӯи дигар натвон гирифт,

Бар ҳама кас теғ бар натвон гирифт.

Ҳаёту фаъолияти Фаридуддини Аттори Нишопурӣ ба нимаи дувуми асри XII ва аввали асри XIII рост меояд.

Абуҳомид ибни Абубакри Иброҳим Фаридуддини Аттори Нишопурӣ аз шоирон ва мутафаккирони бузурги адабиёти тоҷикии форсӣ маҳсуб мешавад.

Номи шоир Муҳаммад буда, Фарид тахаллуси адабии ӯ мебошад. Ӯ дар яке аз қарияҳои бузурги Кадкани Хуросон, ки ба шаҳри Нишопур наздик будааст, таваллуд ёфтааст. Пасонтар аҳли оилаи онҳо ба Нишопури нав кӯчида, дар он ҷо зиндагии доимиро ихтиёр мекунанд. Нишопур дар он давра яке аз марказҳои бузурги тиҷоратии Осиёи Миёна ва Эрон ба шумор мерафт.

Падари шоир Абубакр ибни Иброҳим бо касби атторӣ рӯзгори хонаводаашро таъмин менамуд. Муҳаммади хурдсол аз кӯдакӣ касби падарро меомӯзад ва пас аз вафоти падараш касби атториро ба мерос мегирад. Ӯ дар баробари Фарид тахаллуси Атторро ҳам гирифта, онро бештар дар ғазалиёт ва достонҳои худ ба кор бурдааст.

Аттор аз синни хурдӣ бо сарпарастии падару модараш таълим гирифта, улуми замони худ, аз қабили илми адаб, ҳикмату калом, нуҷуму тиб ва ғайраро дар назди устодони барҷаста аз бар намудааст.

Ҳамзамон бо ин, Аттори ҷавон дар баробари тадрис ба атториву табибӣ ва дорусозӣ барои таъмини нафақаи рӯзгораш машғул буд.

Назар ба маълумоти тазкираҳо Фаридуддини Аттор соли 1221 вафот мекунад ва марқадаш дар зодгоҳаш то кунун пойбарҷост. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» навиштааст, ки Алишери Навоӣ, яке аз мухлисони эҷодиёти Аттор, соли 1485 дар оромгоҳи шоир мақбара месозад.

Аттор бо мероси ғании худ дар таърихи афкори халқи тоҷик ҷойи намоёнеро ишғол мекунад. Миқдори осори шоирро Давлатшоҳи Самарқандӣ 40, Ризоқулихони Ҳидоят 190 ва Қозӣ Нуруллоҳи Шустарӣ 114 адад гуфтаанд. Дар бораи таълифоти Аттор назарҳои гуногун мавҷуд аст ва як қисм осори суханварони дигарро, ки Аттор тахаллус кардаанд, ба ӯ нисбат медиҳанд. Аммо асарҳои «Мантиқ-ут-тайр», «Илоҳинома», «Мусибатнома», «Асрорнома», «Хусравнома», «Мухторнома» ба қалами ӯ мансубанд. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» осори ӯро бештар аз сад ҳазор байт муайян кардааст.

Аттор, ки яке аз шахсиятҳои бонуфузи замони худ маҳсуб мешуд, дар осори безаволи худ ба муқобили низоъҳои диниву мазҳабӣ баромада, оини диниву диндории мардумони гуногунро вобаста ба ақлу идроки онҳо медонад. Ҳар як дин расму оини хоси худро дошта, пайравони он ба тариқи дарку фаҳмишии худ худоҷӯӣ мекунанд ва Худои худро парастиш мекунанд. Ин аст, ки тарзу равишу оини диндории онҳо аз ҳамдигар фарқикалоне дорад. Дар бисёр мавридҳо ҳисси душманиву адоват дар байни онҳо зиёд шуда, бо гузашти ҳар рӯз авҷ мегирад. Аттор инсонҳоеро, ки дар худ ҳисси нафрату адоватро нисбат ба пайравони динҳои дигар мепарваранд, мавриди накуҳишу мазаммат қарор додааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳар як халқият ба худ дини алоҳидаро интихоб мекунад ва дар дунё дину оинҳои хеле зиёде мавҷуд аст, ки умри одамӣ барои баҳсу мунозира кардан ба онҳо кифоят намекунад:

Ҳаст кешу роҳи миллат бешумор,

То ту бишморӣ, наёбӣ рӯзгор.

Ҳар замон хӯи дигар натвон гирифт,

Бар ҳама кас теғ бар натвон гирифт.

Новобаста ба гузашти асрҳо ва тағйир ёфтани кишварҳову пешравии илму техника дар ҷомеаи имрӯза чунин тарзи тафаккур ва суитафоҳум атрофи дину мазҳаби мардуми сайёра афзоиш ёфта, боиси бадбахтӣ ва ҳалокати миллионҳо нафар гашта истодааст. Диндорони ҷоҳилу мутаассиб бо ҳар роҳу усул мекӯшанд, ки ақидаи мардумро тағйир дода, ҳадафҳои худро дар кадом кишваре набошад, пиёда созанд. Ҷанги шаҳрвандии кишвар дар натиҷаи чунин дасиса ва истифодаҷӯӣ аз номи дин ба вуқуъ омад, ки боиси бадбахтии миллати мо гардида буд.

Аттор дар осораш беадолатии шоҳони замон ва намояндагони дину шариатро, ки ба ҳар восита мардумро ғорат намуда, боигарии худро аз ҳамин ҳисоб зиёд мекарданд, мавриди танқид қарор додааст. Намояндагони шариати исломӣ фатвоҳои бардурӯғ содир намуда, ҳама вақт мардуми мазлумро дар зери шиканҷаву таъқиб қарор медоданд. Аттор дар «Мусибатнома» ҳикояеро овардааст, ки муҳтасиб шахси мастеро дастгир карда, ӯро барои вайрон кардани шариати исломӣ гунаҳкор ҳукм мекунад. Шахси маст мегӯяд, ки агарчи ман мастам ва ҳамаи мардум медонанд, аммо ту масттариву ҳеҷ кас инро намефаҳмад:

Муҳтасиб он мардро мезад ба зӯр,

Маст гуфт, ай муҳтасиб, кам кун ту шӯр.

З-он ки аз нони ҳаром он ҷойгоҳ,

Масти ӯ гардиву афкандӣ ба роҳ.

Будаӣ ту масттар аз ман басе,

Лек он мастӣ намебинад касе.

Дар ҷафои ман марав з-ин пеш ту,

Дод бистон андаке аз хеш ту.

Аттор риёкориву мунофиқӣ ва дурӯягии қозиву муфтиву муаззинонро, ки корҳои нопоку сиёҳи худро дар ниқоби дин пинҳон намуда, ба чашми мардум хок пошида, худро хидматгорони роҳи Худо муаррифӣ мекарданд, ифшо месозад. Онҳо ба баҳонаи иҷрои расму оинҳои динӣ молу амволи худро афзун месохтанд. Аттор дар ҳикояе навиштааст, ки Саноии шоир аз роҳе мегузашт, дар як тарафи роҳ фаррош хасу хокрӯбаро пок дорад ва дар паҳлуи дигари роҳ муаззин ба тиловат машғул аст. Саноӣ мегӯяд, ки ман фарқиятро намебинам. Дар ҳар ду тарафи роҳ мардум барои таъмини маишати рӯзгорашон кор мекунанд. Аммо яке бо меҳнати ҳалол нони худро меҷӯяд ва дувумӣ ба мунофиқиву дурӯягӣ машғул аст. Дар ин ҷо шоири донишманд кори фаррошро болотар аз ибодати муаззин медонад:

Гуфт нест ин кор холӣ аз халал,

Ҳар дуро мебинам андар як амал.

Балки ин каннос дар кор аст рост

В-ин муаззин ғурраи рӯю риёст.

Пас дар ин маънӣ билошак, ай азиз,

Аз муаззин беҳ бувад каннос низ.

Аттор муқобили хидматгорони шариати исломӣ, ки ба манфиати аҷнабиёни истилогар подшоҳро сояи Худо дар замин фатво дода, сиёсати забткоронаи онҳоро ҳимоя мекарданд, баромад намуда, риёкориву дурӯягии муфтиёну зоҳидонро фош месозад. Аттор дар шахсияти онҳо чеҳраи воқеии қозиву уламои мутаассибро, ки бо дарбори шоҳони аҷнабӣ алоқаи зич доштанд, нишон додааст. Бо фатвоҳои разилонаи худ амалҳои шоҳону амиронро пинҳон намуда, мардумро фирефтаву гумроҳ месохтанд. Аъмоли разилонаи онҳоро Аттор чунин тасвир кардааст:

Муфтиеро дид он парҳезгор,

Бар дари султон нишаста рӯз бор.

Фатвие пурсид аз ӯ марди ҳалим,

Гуфт: ин чӣ ҷойи фатвист, ай салим.

Мард гуфташ бар дари шоҳу амир,

Ҳам чӣ ҷойи муфтиён-ст, хурдагир.

Назарияи қобили таваҷҷуҳи Аттор дар он аст, ки ӯ зиндагии моддиро дар ҷойи аввал мегузорад. Ӯ тасдиқ мекунад, ки диндорӣ ва мурооти маросимҳои динии ҳар як шахс ба сатҳи таъминоти моддии вай вобаста аст. Агар халқ гурусна бошад, дар гӯшаи хаёли вай ба ҷуз нон чизи дигаре намегузарад. Аттор қаҳтии Нишопурро тасвир карда, навиштааст, ки чил шабу чил рӯз гурусна дар Нишопур гаштам, ягон маротиб овози азон нашунидам ва дари масҷидеро низ боз надидам. Маълум гашт, ки нон аз ҳама болотар буда, бунёди дин низ ба нон вобаста аст:

Соиле пурсид аз он шӯридаҳол,

Гуфт: агар номи меҳини[1] зулҷалол

Мешиносӣ, боз гӯй, ай марди нек,

Гуфт: Нон аст, ин бинатвон гуфт лек.

Мард гуфташ аҳмақиву беқарор,

Кай бувад номи меҳин нон, шарм дор.

Гуфт: Дар қаҳтӣ Нишобур, ай аҷаб,

Мегузаштам гурсина чил рӯзу шаб.

На шунидам ҳеҷ ҷо бонги намоз,

На даре бар ҳеҷ масҷид буд боз.

Ман бидонистам, ки нон номи меҳин-ст,

Нуктаи ҷамъияту бунёди дин-ст.

Аз нигоҳи шоир агар инсон заррае нишонаи инсоф дар вуҷудаш дошта бошад, беҳтар аз он аст, ки як умр дар рукую суҷуд бошад:

Аз ту гар инсоф ояд дар вуҷуд,

Беҳ ки умре дар рукую дар суҷуд.

Худ футувват нест дар ҳар ду ҷаҳон,

Бартар аз инсоф додан дар ҷаҳон.

Аттор ҳадафи асосии зиндагӣ ва лаззат бурдан аз онро, махсусан дар фасли баҳор бештар мавриди тавсиф қарор дода, мегӯяд, ки ин умри азизро бояд ҳамеша хуш нигаҳ дошт ва аз ин зебоиҳои табиат бояд лаззат бурд. Зеро рӯзе мерасад, ки мо ба хокистар табдил мешавем. Мантиқи гуфтори Аттор он аст, ки умри инсон гузарон аст ва аз он инсон бояд бархурдор бошад:

Май хӯр, ки фалак баҳри ҳалоки ману ту,

Қасде дорад ба ҷони поки ману ту.

Бар сабза нишин даме, ки бисёр намонд,

То сабза бурун дамад зи хоки ману ту.

Аттори Нишопурӣ гоҳо ба муқобили ҳама гуна таълимоти динӣ баромада, эътирозомез худро бутпарасту зуннорбанд муаррифӣ кардааст:

Манам он габри дерина, ки бутхона бино кардам,

Шудам бар боми бутхона дар ин олам нидо кардам.

Салои куфр дардодам, шуморо, ай мусулмонон,

Ки ман он куҳнабутҳоро дигарбора ҷило кардам.

Ба бикрӣ зодам аз модар, аз он Иси-м мехонанд,

Ки ман ин шири модарро дигарбора ғизо кардам.

Агар Аттори мискинро дар ин габрӣ бисӯзонанд,

Гуво бошед, ай мардон, ки ман худро фано кардам.

Аттор аз озодии баёну андеша ҳимоят карда, бо вуҷуди муҳити тангу тор ва фишори мутаассибони замон ҳаргиз аз гуфтани фикри худ наҳаросид, розу ниёзи худро ошкоро баён кард. Андешаҳое, ки Аттор баён карда, ҳатто аз назари мутаассибони имрӯза як навъ куфру бединӣ шумурда мешавад. Бо ин ҳол, ҷасорати шоир, ки дар фазои танги асримиёнагӣ мезист, нисбат ба равшанфикрони муосири мо бештар аст:

Ба саҳро гар яке девона будӣ,

Ки чун девонагиш андар рабудӣ.

Ба сӯйи осмон кардӣ нигоҳе,

Чунин гуфтӣ ба дарди дил к-илоҳӣ!

Туро гар дӯстдорӣ нест пеша,

Вале ман дӯстат дорам ҳамеша.

Маро ар ту намедорӣ басе дӯст,

Вале ман ҳамчунон дорам туро дӯст.

Чӣ гуна гӯямат, эй оламафрӯз,

Ки як дам дӯстӣ аз ман биёмӯз!

Доираи маҳдуди шариат барои баёни андешаҳои баланди донишмандони асил тангӣ мекард. Аз ин рӯ, онҳо ба мактаби хосе рӯ оварданд, то аз ин тариқ андешаҳои озоду умумибашарии хешро ба гӯши пайравони худ бирасонанд. Чунончи, Аттор дар ғазали дигар мефармояд:

Соқиё, тавба шикастам, ҷуръаи май деҳ ба дастам,

Ман зи май нанге надорам, майпарастам, майпарастам.

Сӯхтам аз хӯйи хомон, баршудам з-ин нотамомон,

Нангам аст аз нанги имон, тавба пеши бут шикастам.

Ман на марди нангу номам, фориғ аз инкори омам,

Майфурӯшонро ғуломам, чун кунам чун майпарастам.

Дину дил барбод додам, рахти ҷон бар дар ниҳодам,

Аз ҷаҳон берун фитодам, аз худии худ бирастам...

Соқиё, бода фузун кун, то манат гӯям, ки чун кун,

Хезам аз масҷид бурун кун, к-аз майи дӯшина мастам.

Гар чу Атторам, ки обам мебарад аз дида хобам,

Баски аз бода харобам, нестам воқиф, ки ҳастам.

Хулоса, ҷаҳонбинии фалсафии Аттор бар асоси андеша ва хиради тоҷикӣ поягузорӣ шудаву шакл гирифтааст. Ин мантиқ аз осори ӯ бармало мешавад. Аттор дар маснавии «Мантиқ-ут-тайр» фалсафаи худшиносиро ба авҷи аъло мерасонад. Қиссаи сӣ мурғе, ки дар орзуи мулоқоти Симурғ дар кӯҳи Қоф буданд, ҳамин нуктаро ба равшанӣ баён мекунад. Вақте сӣ мурғ бо азобу машаққати фаровон роҳи дуру дарозеро тай намуда, ба мулоқоти Симурғ ба кӯҳи Қоф мераванд, дар он ҷо хештанро мебинанд ва дарк мекунанд, ки Симурғ иборат аз ваҳдати сӣ мурғ будааст. Аттор ба инсонҳо гӯшзад мекунад, ки онҳо низ аз як гавҳар офарида шудаанд ва агар ба ваҳдату ҳамдилӣ бирасанд, ба як неруи азими фавқулодаву шикастнопазир табдил хоҳанд шуд.

Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.