Skip to main content

Равобитҳои байни давлатҳову миллатҳо рӯз то рӯз тақвият меёбанд, ки ин дар пешрафти корҳои илмии давлатҳои тарафайн нақши боризро мебозад. Ҳамкориҳо дар самти корҳои илмии байни олимону академикони Тоҷикистон ва Россия солҳои тулонист, ки натиҷаҳои назаррасро ба даст овардааст. Ин ду давлати бо ҳам дӯст дар самтҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ равобитҳои густурда доранд.

13 апрели соли равон Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Александр Сергеевич Понкратов, раиси Шӯрои нозирони Бунёди байналмилалии "Классика" ба номи А.С.Пушкини Федератсияи Россия, ҳамзамон муовини Раиси Ассосиатсияи байналмилалии мушовирон, номзади или фалсафа, узви Шурои ҷамъиятии шаҳри Москва – ро ба ҳузур пазируфт, зимни мулоқот Президенти АМИТ Хушватзода Қ.Х. оид ба дастовардҳои илми тоҷик дар замони Истиқлолият ва равобити илмии Академияи илмҳои Россия ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табодули пажуҳиши илми ду кишвар бо саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ гузориш дод.

Сипас Александр Понкратов аз иқдоми профессор Хушвахтзода Қ. Х. оид ба дастрасии олимони тоҷик ба маҷмааи васоити электронӣ иқтибосгардонӣ ва нашри мақолаҳои илмӣ арзи сипос намуд, қайд намуд, ки муҳтарам Хушвахтзода Қ. Х. дар даврони Ректори ДМТ будан ҷиҳати рушди технологияи табодули таҷрибаи илмии ду кишвар саҳми сазовор гузошт, ба ҳамин хотир Президенти АМИТ Хушвахтзода Қ.Х. бо медали 300 – солагии Михаил Ломоносов қадр гардид. Медалро дар вазъияти тантанавӣ Понкратов тақдим намуд.

Ҳамзамон ба Раёсати АМИТ нашри мукаммали осори А. С. Пушкин тақдим гардид. Сипас дар толори маҷлисии Маркази мероси хаттии АМИТ бо иштироки олимони АМИТ мулоқоти Понкратов А. С. доир гардид. Дар фарҷоми мулоқот олимони тоҷик: Қосимшо Искандаров, Раҳматкарим Давлатов, Носир Назаров, Ҳабибулло Раҷабов, Раҳматулло Абдуллоев, Наҷмиддин Шоинбодов бо медалҳои Федералии Россия барои равобитҳои илмӣ ва иҷрои вазифаи интернатсионалӣ мукофотонида шуданд. Дар фарҷом Президенти АМИТ Хушвахтзода Қ. Х. ба Понкратов А.С. туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.